Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон қарор аст рӯзи 8-уми ноябр бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон биояд. Ин баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи чанд соли ахири сард шудани муносибатҳо миёни Душанбе ва Теҳрон, ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ду манбаи мӯътамади Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 8-уми ноябр ба Душанбе сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Эрон барномарезӣ шудааст. Қарор аст Муҳаммадҷавод Зариф шоми 8-уми ноябр дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Тоҷикистон, иштирок кунад. Бинои сафорати нави Эрон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ-хиёбони Маяковский дар шаҳри Душанбе бунёд шудааст.
Тоҷикистону Эрон солҳои ахир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ба конфронси Теҳрон, ба вуҷуд омадааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории нимарасмии "Форс" наздик ба мақомоти интизомии Эрон рӯзи 7-уми ноябр хабар дод, ки дар ин сафар Муҳаммадҷавод Зарифро вазири энержии он кишвар Ризо Ардакониён ҳамроҳӣ мекунад.
Ба иттилои хабаргузории "Форс" мулоқоти вазири умури хориҷии Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ барномарезӣ шудааст. Феълан мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд.
Дар сурати баргузор шудани ин сафар, Муҳаммадҷавод Зариф нахустин мақоми баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон мешавад, ки дар пайи сард шудани робитаҳои Душанбеву Теҳрон дар ду соли охир, аз Тоҷикистон дидан мекунад.
Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.
Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.
Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.
Конфронси байналмилалии Самарқанд
Рӯзҳои 10 ва 11 ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон конфронси байналмилалӣ зери унвони "Осиёи Миёна: як гузашта ва як ояндаи муштарак, ҳамкорӣ барои тавсеаи пойдор ва рушди муштарак" баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш ҳам Муҳаммадҷавод Зариф иштирок хоҳад кард. Дар ин бора оҷонсиҳои расмии Узбакистон хабар доданд.
Ин ҳамоиш аз сӯи вазорати умури хориҷии Узбакистон созмон дода шуда ва қарор аст дар он вазирони умури хориҷии Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Туркманистон, ҳамчунин ёвари дабири кулли СММ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, дабири САҲА, иҷрокунандаи котиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат намоянд.
Дар дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки дар ин ҳамоиш Сироҷиддин Аслов ширкат ва суханронӣ мекунад.