Ду сохтори марбут ба давлати Эрон – намояндагиҳои фарҳангӣ ва иқтисодии сафорати ин кишвар дар вилояти Суғд фаъолияти расмии худро қатъ карда, дафтарашонро дар маркази шаҳри Хуҷанд бастаанд. Рӯзи 29-уми июн дафтари ин марказҳо баста ва навиштаи болои дарашон низ канда буд.
"Тоҷикистон ба ин гуна марказ ниёз надорад"
Кормандони маркази фарҳангиву иқтисодии Эрон гуфтанд, ки онҳоро аз нимаи дувуми моҳи июн аз кор ҷавоб додаанд
Дар давоми як соли ахир аксар сохторҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломӣ, аз ҷумла Кумитаи имдоди Хумайнӣ ва ширкатҳои тиҷоратии Эрон дар Душанбе баста шуданд. Коршиносон ин амрро ҳосили сард шудани равобити Тоҷикистон бо Эрон дар пайи норизоиятии Душанбе аз ҳамкории Теҳрон бо мухолифони исломиаш дар хориҷа унвон мекунанд.
Як корманди намояндагии фарҳангии Эрон дар Хуҷанд, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими бастани ин муассиса бо дархости мақомоти Тоҷикистон гирифта шуд. Ба қавли ӯ, мақомоти тоҷик бо номаи расмие нимаи моҳи июн масъулони созмонро дар Хуҷанд огоҳ кардаанд, ки Тоҷикистон ба ин гуна марказ дигар ниёз надорад ва ин муассиса бояд баста шавад. Ба қавли ӯ, ба дунбол, пас аз тақрибан як ҳафта сафорати Эрон дар Душанбе ба қатъи фаъолияти дафтари иқтисодии худ дар маркази вилояти Суғд ва бастани дари қароргоҳи он низ дастур дод.
Сафорат нахост, чизе бигӯяд
Ин масъули намояндагии фарҳангии Эрон дар Хуҷанд нагуфт, ки оё тасмими басташавии ду дафтар муваққатӣ аст ё дарозмуддат. Кормандони марказҳои фарҳангиву иқтисодии Эрон мегӯянд, ки онҳоро аз нимаи дувуми моҳи июн ба рухсатӣ фиристодаанд.
Дар сафорати Эрон дар Душанбе нахостанд, ки дар ин бора бо Радиои Озодӣ суҳбат кунанд ва сабаби бастани марказҳои худ дар Хуҷандро шарҳ надоданд.
Муассисаҳои эронӣ дар маркази вилояти Суғд дар як бинои дутабақа ҷойгир буданд. Сокинони маҳаллӣ бештар бо кори намояндагии фарҳангии Эрон ошно буданд, чун китобхонаи ғанӣ ва компютерҳои пайваст ба интернет дошт. Аз онҳо умдатан донишҷӯён истифода мебурданд. Барномаҳои аслии ин марказ марбут ба дастгирии молии адибон ва донишмандон барои нашри китоби онҳо, кумак дар муолиҷаи тиббӣ, ташкили сафарҳои бепули адибон, омӯзгорони донишгоҳҳо ва донишҷӯёну сокинон ба Эрон ба хотири ошноии беҳтар бо ин кишвари ҳамзабон гуфта мешуд.
Аз Кумитаи имдоди Хумайнӣ то...
Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар дидораш бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон - Сироҷиддин Аслов гуфт, ки Эрон ба дунболи таниш бо ҳеҷ кишвар нест.
Эрон бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳамкориҳои густардаи иқтисодиву тиҷоратӣ надорад ва тоҷирони эронӣ умдатан меваи хушки Тоҷикистонро аз Хуҷанд бо роҳи оҳан ба кишварҳои Ховари Миёна содир мекарданд. Вале аз соли гузашта ва имсол ин ҳамкорӣ низ қатъ шудааст.
Бастани созмонҳои эронии мустақар дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2016 аз дафтари Кумитаи имдоди Хумайнӣ шурӯъ шуд. Намояндагии ин муассисаҳои хайрия ва фарҳангии Эрон дар Суғд низ ҳамзамон бо дафтараш дар Душанбе фаъолияти худро қатъ кард.
Гуфта мешуд, дар тӯли 10 соли фаъолияти худ дар Хуҷанд ҷониби Эрон ҳудуди 15 коргоҳи омӯзишӣ дар риштаҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ, кафшергари барқӣ ва амсоли инҳо боз карда садҳо ҷавонони суғдиро ройгон касбу ҳунар омӯзондааст. Ҳамчунин, Кумитаи имдоди Хумайнӣ барои дастгирии соҳибкорони хурд ва роҳандозии коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ба беш аз 500 сокин ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз дода, барои таъсиси чанд коргоҳи хурди дӯзандагӣ ёрии молӣ расондааст.
Вазорат: Кумита огоҳиҳоро нодида гирифт
Вале Вазорати адлия гуфт, ки ин созмон қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро нақз карда, огоҳиҳои ниҳоди давлатии Тоҷикисторо нодида гирифт, вале мушаххасан нагуфт, ки ин камбудҳо аз чӣ иборат аст.
Дар ин миён корхонаи муштараки тракторсозии “Тоҷ-Ирон”, ширкати тавлидкунандаи маҳсулоти ширии “Полуд” ҳам аз баста шудани худ хабар доданд. Ин ширкату корхонаҳо аз 10 то 15 соли собиқаи корӣ дар бозори Тоҷикистонро доштанд.
Тоҷикистон дар гузашта Эронро яке аз шарикони муҳим ва дар баробари Русияву Чин аз сармоягузорони аслияш муаррифӣ мекард. Эрон дар Тоҷикистон нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзобро сохта, нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар ҷануби кишварро ба кор андохтааст.
Ҳамааш баъди нишасти "Ваҳдати исломӣ" шурӯъ шуд?
Мутаваққиф шудани фаъолияти созмону ширкатҳои эронӣ дар як соли охир ба дунболи халалдор шудани муносибати Душанбеву Теҳрон дар якуним соли пеш сурат мегирад. Моҳи декабри соли 2015 дар пайи даъвати расмии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ барои ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон ва дидори ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон - Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мақомоти Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз террористон муттаҳам карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо вуҷуди онки Муҳиддин Кабирӣ ба ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эрон ӯро ба ҳамоиш даъват карда, дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой дод. Кабирӣ ва ҳизбаш ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомотро эътироф накарда гуфтаанд, ки ошӯби мусаллаҳона баҳонае барои бастани ҳизб дар ҳудуди Тоҷикистон буд.
Гузашта аз ин, дар чанд соли ахир даъвоҳои молӣ миёни ду кишвар, аз қарзи “Сангтӯда-2” гирифта, то пулҳое, ки гӯё миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон “гум кардааст”, ҷараён гирифт. Ба назари баъзе коршиносон, ин даъвоҳо наметавонист ба равобити ду кишвар низ бетаъсир монад. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҷануби кишвар бо 180 миллион доллар саҳми Теҳрон ва 40 миллион доллари Душанбе сохта шуда, Эрон аз он ҳудудан 14 сол баҳра мебарад ва баъдан комилан ба ихтиёри Тоҷикистон месупорад. Феълан қарзи Тоҷикистон дар назди ин ширкат ба миллионҳо сомонӣ расидааст.
Дар давоми тақрибан ду соли охир ҳеҷ як мақоме дар Тоҷикистон мушаххасан ва рӯшан равобити тағйирёфтаи кишвар нисбат ба Эронро шарҳ надодааст.