Масъулони баъзе ниҳодҳои давлатии Эрон Арабистони Саудиро аз омилони сардшавии равобит бо Тоҷикистон донистаанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар тасмимгириҳо дар сиёсати хориҷӣ мустақил буда, дар равобиташ бо кишварҳои мухталиф, бо ҳеҷ давлати хориҷӣ машварат намекунад.
Эрон Саудиро айбдор мекунад
Як вакили порлумони Эрон дар сардии равобити кишвараш бо Тоҷикистон Арабистони Саудиро муқассир хондааст. Муртазо Саффории Натанзӣ, узви комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар сӯҳбат бо хабаргузории “ICNA” гуфтааст, “мақомоти Тоҷикистон дарк накардаанд, ки Арабистони Саудӣ аз муассисони ДИИШ маҳсуб шуда, қасд дорад идеологияи такфирӣ-террористиро дар Осиёи Марказӣ паҳн кунад”.
Агар Эрон хостори як равобити хуб нисбат ба як кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бошад, мо ҳам хостори чунин равобит ҳастемСайфулло Сафаров
Натанзӣ гуфтааст, дар пайи сардии равобит теъдоди зиёде аз ниҳодҳои эронӣ дар Тоҷикистон баста шудаанд. Ба гуфтаи вай, дар моҳи гузашта Сафорати Эрон бо дархости Душанбе дафтарҳои фарҳангӣ ва иқтисодии худро дар шаҳри Хуҷанд бастааст. Дар маҷмӯъ дар зарфи ду соли ахир дар Душанбе Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, Маркази фарҳангии Эрон ва бемористони муштараки давлати Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон аз фаъолият бозмонданд.
Муртазо Саффории Натанзӣ дар чунин ранг гирифтани кор ба нақши пулҳои Арабистони Саудӣ ишора кардааст, ки “бо додани ришва ба бархе аз мақомоти тоҷик, Риёз мехоҳад равобити Теҳрону Душанберо хароб кунад”.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни дидораш аз Арабистони Саудӣ дар соли гузашта аз давлати ин кишвар қарзу кумакҳои молӣ дарёфт кардааст, ки гуфта мешавад ба ин васила талош мекунад муттаҳиди хуби Эронро ба сӯи худ бикашад. Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, рӯзи 16-уми июл дар мусоҳибааш бо хабаргузории нимарасмии “Тасним” дар сардии равобит миёни Тоҷикистону Эрон бархе аз кишварҳои минтақаро айбдор кард, вале аз ҳеҷ давлати мушаххасе ном нагирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 22-июл ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд аз подшоҳи Арабистони Саудӣ даъват кард, ки бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон биояд.
Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз”-ро дунбол мекунад
Аммо ҷониби Тоҷикистон ин гуна иддаои тарафи Эронро бепоя хонда ва мегӯяд, ки давлати ин кишвар дар сиёсати хориҷии худ аз принсипи “дарҳои боз” кор гирифта, бо ҳамаи кишварҳо ба назардошти манофеи миллӣ ҳамкориҳоро пеш мебарад.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, давлати Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ аз мухолифатҳои Русия ва Амрико, Амрико ва Чин ва ё Эрону Саудӣ ба манофеи худ истифода намебарад. Ӯ гуфт: "Иддаҳо дар бораи онки Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ барои пулаш ҳамкорӣ мекунад, дуруст нест. Мо барои сохтмони бинои нави порлумони кишвар аз пули Арабистони Саудӣ даст кашида, бо сармояи Чин онро бунёд мекунем. Агар Эрон хостори як равобити хуб нисбат ба як кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бошад, мо ҳам хостори чунин равобит ҳастем”.
Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили минтақавӣ низ таъкид мекунад, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари начандон бузург аз мухолифатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ худро канор гирифта ва ба бозичаи дасти онҳо мубаддал нашавад. Ба эътиқоди вай, Тоҷикистон бояд талош кунад, ки ҳадафи сиёсатҳои дигар давлат нагардад ва таҷрибаи талхи Гурҷистону Украина ва Сурияро такрор накунад.
"Сардии равобити Эрону Тоҷикистон муваққатӣ аст"
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони Тоҷикистон сардии равобити миёни ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангро як марҳилаи муваққатӣ арзёбӣ мекунанд, ки пас аз ҳамкориҳои густарда дар замони ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод, камранг шудааст.
Рамазон Мирзоев, сафири собиқи Тоҷикистон дар Теҳрон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ замони раёсати Маҳмуди Аҳмадинажодро дар тавсеаи бесобиқаи ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон “даврони тиллоӣ” хонд ва гуфт, маҳз дар замин давра бештари тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон амалӣ гаштаанд. Ба гуфтаи вай, ҳоло Тоҷикистону Эрон барои барқарор кардани муносиботи ҳасанаи қаблӣ тамоми имкониятро доранд.
“Мо потенсиал ё имконоти дипломатии худро барои беҳбуди муносибот пурра истифода накардаем. Рӯзҳои 5 ё 6-уми август дар шаҳри Теҳрон маросими адои савганди Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор мешавад. Намедонам дар кадом сатҳ, вале ҳайати Тоҷикистон дар ин маросим ширкат карда ва мумкин аст, гуфтугӯҳое анҷом шавад. Ин ҳолати беҳтарин барои музокирот аст”, - афзуд ӯ.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон тайи тақрибан ду соли ахир додугирифт бо Эронро маҳдуд кардааст, мулоқоте ҳам байни раҳбарони ду кишвар ҷараён намегиранд. Дар зарфи чаҳор соли ахир Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон як бор ба Эрон сафар кардааст. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ танҳо як дафъа дар ҳамоши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар моҳи сентябри соли 2014 вориди Душанбе шуда буд.
Коршиносон яке аз сабабҳои сардӣ дар муносибати Душанбеву Теҳронро ба даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси "Ваҳдати исломӣ" рабт додаанд. Ин конфронс моҳи декабри соли 2015, дуруст се моҳ баъд аз мамнӯъ шудани ин ҳизб дар Тоҷикистон, баргузор шуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо вуҷуди онки Муҳиддин Кабирӣ ба ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эрон ӯро ба ҳамоиш даъват карда, дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой дод. Кабирӣ ва ҳизбаш ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомотро эътироф накарда гуфтаанд, ки ошӯби мусаллаҳона баҳонае барои бастани ҳизб дар ҳудуди Тоҷикистон буд.
Гузашта аз ин, дар чанд соли ахир даъвоҳои молӣ миёни ду кишвар, аз қарзи “Сангтӯда-2” гирифта, то пулҳое, ки гӯё миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон “гум кардааст”, ҷараён гирифт. Ба назари баъзе коршиносон, ин даъвоҳо наметавонист ба равобити ду кишвар низ бетаъсир монад. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҷануби кишвар бо 180 миллион доллар саҳми Теҳрон ва 40 миллион доллари Душанбе сохта шуда, Эрон аз он ҳудудан 14 сол баҳра мебарад ва баъдан комилан ба ихтиёри Тоҷикистон месупорад. Феълан қарзи Тоҷикистон дар назди ин ширкат ба миллионҳо сомонӣ расидааст.
Дар давоми тақрибан ду соли охир ҳеҷ як мақоме дар Тоҷикистон мушаххасан ва рӯшан равобити тағйирёфтаи кишвар нисбат ба Эронро шарҳ надодааст. Аммо бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки зоҳиран Тоҷикистон дар пайи сард шудани равобити сиёсиаш бо Эрон талош дорад, бо бозигари дигари муҳими Ховари Миёна, яъне, Арабистони Саудӣ робитаи зичтар барпо кунад.