Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри мустанади ВКД-и Тоҷикистон ба 4 забон. САДО


Филми мустанади вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар он Эрон дар сармоягузории қатли чандин чеҳраи саршиноси тоҷик гунаҳгор дониста мешуд, бо чаҳор забон тарҷума ва дар Интернет пахш шудааст.

Ин филми 45-дақиқаӣ, ки шоми рӯзи 8-уми август тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ намоиш дода шуд, рӯзи 17 август бо забонҳои узбакӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ ба пуррагӣ тарҷума шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук, YouTube ва Одноклассники паҳн шудааст. Чанде аз сомонаҳои хабарии рӯ ба ҳукумат, ки ҳуввияти моликонашон маълум нест, низ ин филмро бо чаҳор забон нашр кардаанд.

Нашри мустанади ВКД-и Тоҷикистон ба 4 забон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
Линки мустақим

ВКД изҳори бехабарӣ кард

Аммо мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 17-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки филм аз сӯи ин ниҳод тарҷума нашуда ва маълум нест, ки кӣ ин корро кардааст. "Чун филм ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам роҳ ёфтааст, шояд касе ин корро кардааст",-гуфт Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД-и Тоҷикистон. Аммо вай дар посух ба ин суол, ки ин кор ба чӣ ҳадаф сурат гирифтааст, изҳори беиттилоӣ кард.

Эрон яке аз тарафҳои сулҳи тоҷикон буда, чанде аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифин дар ин кишвар паноҳгоҳ ёфта буданд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шаби 8-уми август дар ин филми мустанадаш Эронро дар сармоягузории қатли рӯшанфикрони чандин чеҳраи саршиноси тоҷик, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои олӣ ва ҳудуди бист афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар солҳои навадум муттаҳам карда буд. Вазорат иддао кард, ки ин қатлҳо бо сармояи Эрон ва бо дастури Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи "Ҳоҷӣ Ҳалим" сурат гирифтааст.

Дар ин мустанад гуфта мешуд, ки ҳадаф аз куштори Кенҷаев, афзоиши бадбинии мардум алайҳи ҳукумат буд. Вазорати корҳои дохилӣ дар филми мустанад шаҳодати се гумонбарро намоиш дод, ки аз онҳо ҳамчун ёрони "Ҳоҷӣ Ҳалим" ном бурда мешавад. Ҳар кадоми онҳо дар бозпурсии мақомот эътироф кардаанд, ки дар солҳои навадум барои омӯзиши ҷангу истифодаи силоҳ як муддат дар Қуму Гургон ва Машҳаду Теҳрон тамрин гирифта соҳиби шиносномаи эронӣ шуданд.

Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов гуфтанд, ки онҳо ва аъзои дигари гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дастури қатли Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон ва ҳудуди 20 афсари пойгоҳи 201-уми Русияро аз Назарзода гирифтаанд ва гӯё сармоягузории ин қатлҳоро Эрон ба дӯш дорад. Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф - ба ҳам задани обрӯи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Вокуниши Теҳрон

Дар пайи нашри ин мустанад, сафорати Эрон дар Тоҷикистон иддаоҳои матраҳшуда дар ин филми вазорати умури дохилии Тоҷикистонро рад кард ва гуфт аз нашри чунин филм "мутааcсиф" аст. Сафорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ шоми 9-уми август гуфт, "иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад."

Сафорати Эрон дар ин баёния гуфт, ки филм як иқдоми тафриқаандозона буда ва "дар чорчӯби хост ва манфиатҳои ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносибатҳои бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро таҳаммул намекунанд. Ба гуфтаи намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе, "шаке нест, ки таҳиякунандагони ин филм муваффақ ба хароб кардани пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон нахоҳанд шуд."

Рӯзи 17 август нашрияи "Financial Tribune" аз қавли Ардашери Нуриён, як узви маҷлиси Эрон гуфт, ки дар пушти мустанади Тоҷикистон "нирӯҳое истодаанд, ки мехоҳанд Эрону Тоҷикистонро ҷанг андозанд". Ӯ гуфтааст, наздикшавии ахири Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ ва ваъдаҳои пуштибонии молии ин кишвар аз Душанбе як сабаби дигари бад шудани равобити Тоҷикистон бо Эрон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, "Саудиҳову амрикоиҳо мехоҳанд робитаҳои хуби ду кишварро ба ҳам зананд".

Эрон яке аз тарафҳои сулҳи тоҷикон буд ва чеҳраҳои шинохтаи мухолифин солҳои ҷанги дохилӣ дар ин кишвар паноҳгоҳ ёфта буданд. Эрон дар сулҳи тоҷикон нақши калидӣ мебозид ва чанд даври музокироти сулҳ дар Теҳрон баргузор шудааст. Аз сӯи дигар маълум нест, ки мақомот даст доштани Абдуҳалим Назарзода дар ин қатлҳо ва сармоягузории Эронро тоза кашф кардаанд, ё хайр. Абдуҳалим Назарзода дар солҳои баъди истиқрори сулҳ дар мақомҳои баланди вазорати дифои Тоҷикистон кор кардааст.

Тирамоҳи соли 2015 мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки аз талоши табадуллоти давлатӣ аз сӯи Ҳоҷӣ Ҳалим ҷилавгирӣ намуданд ва худи ӯ дар амалиёти мақомот кушта шуд. Дар пайи ин, фаъолияти ҲНИТ дар кишвар мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Муҳиддин Кабирӣ, ки ӯро низ дар филми ВКД-и Тоҷикистон "дастпарвар"-и сиёсатҳои Эрон номидаанд, ҳангоми манъи фаъолияти ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар қарор дошт. Ӯ ин ҳама иддаои мақомоти тоҷикро бепоя хонда ва гуфт, ки ҳадафи аслии ин "бозӣ бо табаддулот" манъи фаъолияти ҲНИТ буд.

Сарди равобити Душанбеву Теҳрон

Дар тӯли як соли охир равобити Теҳрону Душанбе аз сатҳи «бародарию ҳамфарҳангӣ» ба масири баръакс ҳаракат кард. Ҳеҷ як аз ҷонибҳо сабаби аслии ин вазъро ошкоро шарҳ надодаанд, аммо коршиносон ин эҳтимолро соқит намекунанд, ки сабаби аслии дилсардии Душанбе аз Теҳрон ин аст, ки Эрон натавонист интизороти молиии Тоҷикистонро бароварда созад.

Сарфи назар аз ихтилофи идеоложӣ, дар тӯли ду даҳсолаи охир Тоҷикистон талош кард равобити хубро бо Эрон ҳифз кунад. Аммо ончи аз ҷониби Эрон дар заминаи сармоягузории тарҳҳои бузурги кишвар чашмдор буд, амалӣ нашуд. Гузашта аз ин, Эрон масъалаи пулҳои гумшудаи бозаргони эронӣ Бобаки Занҷониро, ки гӯё пайи онҳо дар Тоҷикистон ошкор шуда буд, борҳо доман зад ва бо ин Тоҷикистонро ба хашм овард. Занҷонӣ бо фирор аз таҳримҳои байналмилалӣ нафти Эронро ба фурӯш мебаровард ва гӯё маблағашро тавассути кишварҳои саввум ба вазорати нафти Эрон интиқол медод.

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки бо пули муштараки ҳарду ҷониб сохта шуд, мояи дигари баҳси Теҳрону Душанбе шуд. Эрон борҳо аз Тоҷикистон талаб кард, ки 60 миллион доллар қарзи фурӯши барқро баргардонад, дар ҳоле, ки Душанбе интизор дошт Теҳрон дар ин мавзӯъ бо назрадошти вазъи иқтисодии Тоҷикистон гузашт нишон диҳад. Нақби "Истиқлол" иншооти дигар, ки Эрон онро самоягузорӣ карда буд, нимсохта боқӣ монд ва дар ниҳояти амр сохтмонро ширкатҳои Чинӣ ба аннҷом расониданд.

Қатраи охир дар «косаи таҳаммули» Тоҷикистон дар равобиташ бо Эрон пазироии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрон буд, ки он замон Тоҷикистон ҳизби ӯро созмони террористӣ эълон кард. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки пазироии Кабириро Душанбе ҳамчун паёми Теҳрон қабул кард, ки сарфи назар аз «мавқеи шумо аз ин ҳизбу ин раҳбар, мо аз онҳо пуштибонӣ мекунем».

Дар як соли охир Тоҷикистон фаъолияти тақрибан ҳамаи намояндагиҳои тиҷоративу фарҳангии Эронро масдуд кард ва бо рақиби аслии Эрон дар минтақаи Халиҷи Форс – Арабистони Саудӣ риштаи дӯстӣ баст.

XS
SM
MD
LG