Радиои Озодӣ силсилаи нигоштаҳои таърихнигори тоҷик Камолуддин Абдуллоевро дар китобе гирд овард. Ин матлабҳо аз соли 2020 то 2024 дар гӯшаи "Блогистон"-и Радиои Озодӣ нашр шуда, аз омадани арабҳову Ислом ба минтақа то рӯйдодҳои муҳими сад соли охири тоҷиконро дар бар мегиранд.
Китобҳои Озодӣ
чоршанбе 25 декабр 2024
Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ китоби наверо ба номи "Чорзарби Блогистон" дар Прага, маркази Чехия, нашр кард. Дарди маҳалгароӣ, нигоҳе ба се даҳаи истиқлоли Тоҷикистон, камбуди мақомоту бархӯрдашон бо мушкилоти мардум, ҳуқуқи занон, таҳдидҳо ба суботу амнияти кишвар аз мавзуъҳои асосии навиштаҳост.