Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон Душанберо ба гуфтугӯ даъват кард. САДО


Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон
Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон

Баҳром Қосимӣ – сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон – гуфт, ки масоили Теҳрону Душанбе масоили хусусист ва бояд аз тариқи музокирот ҳаллу фасл шавад. Қосимӣ рӯзи 16-уми июл дар мусоҳибааш бо хабаргузории нимарасмии “Тасним” дар ин бора ибрози назар кард. Ӯ дар сардии равобит миёни Тоҷикистону Эрон бархе аз кишварҳои минтақаро айбдор кард, вале аз ҳеч давалти мушаххасе ном нагирифт.

Эрон Тоҷикистонро ба гуфтугӯ даъват мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00
Линки мустақим

Нисбат ба ҳар кишваре, ки манфиати Тоҷикистонро нодида гиранд, мо вокуниш нишон хоҳем дод
Сайфулло Сафаров

“Хостори истиқлолу рушди Тоҷикистонем”

“Дар инки бархе кишварҳо дар минтақа талоши зиёд доранд, то равобити кишварҳои минтақаро бо Эрон дучори мушкил кунанд, тардид нест ва ин иқдомот алорағми талошҳои Эрон барои инки чунин нашавад, дунбол мешавад. Тассавур мекунам, Тоҷикистон ба ҳар далеле нисбат ба Эрон дучори сӯитафоҳум шудааст ва дигарон ҳам саъй доранд, ин нигарониро эҷод кунанд. Вале Тоҷикистонро кишваре медонем, ки ба мо бисёр наздик аст ва ба сарнавишти он аҳамият медиҳем. Хостори истиқлолу тавсеаи Тоҷикистон ҳастем”, - афзуд ӯ.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар мусоҳибааш бо хабаргузории “Тасним” гуфтааст, Тоҷикистон наметавонад дӯсти беҳтару нирӯмандтаре аз Эрон пайдо кунад.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Бархе аз коршиносони дохиливу хориҷӣ мегӯянд, ки ҳамагуна музокироти Тоҷикистону Эрон бояд дар сатҳи баробар ва бо назардошти манфиатҳои Душанбе анҷом шавад. Аммо Сайфулло Сафаров – муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон – рӯзи 17-уми июл гуфт, сиёсати Душанбе дар баробари Теҳрон мустақилона ва бидуни таъсиру дахолати дигарон сурат гирифтааст.

“Эрон хуб медонад, ки иллати сӯитафоҳум чист”

“Ягон кишвари минтақа дар ин масъала дахл надорад. Ҷониби Эрон медонад, ки иллати ин сӯитафоҳум чи буд. Мо интизори ислоҳи вазъ ҳастем. Эрон кишвари ҳамшарики стратегӣ буд ва умедворем, ки равобит хуб шавад. Амалҳои Эрон ба манфиати Тоҷикистон набуданд ва Тоҷикистон дар баробари онҳо вокуниш нишон дод. Нисбат ба ҳар кишваре, ки манфиати Тоҷикистонро нодида гиранд, мо вокуниш нишон хоҳем дод”, - таъкид кард ӯ.

Кейвон Ҳусейнӣ
Кейвон Ҳусейнӣ

Кейвони Ҳусайнӣ, шореҳи Радиои Фардо, ин вокуниши сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эронро “ба таъхир афтода” арзёбӣ кард ва гуфт, Теҳрон бояд хеле пештар вокуниш нишон дода, равобитро бо ин дӯсти Осиёи Марказиаш беҳтар мекард. Ӯ гуфт, “бо баста шудани марказҳои фарҳангӣ ва иқтисодии Эрон дар шимоли Тоҷикистон танишҳо ба авҷаш расид. Дар ҳафтаи гузашта дар расонаҳои усулгарои Эрон матлабе ҳам мунташир шуд, ки дар бораи дар Тоҷикистон мамнӯъ шудани расолаҳои фиқҳии Имом Хумайнӣ суҳбат мешуд”.

Суоли расонаҳо: Чаро кор то инҷо кашида шуд?

Кейвони Ҳусайнӣ гуфт, нашрияҳои Эрон дунболи он ҳастанд, ки равобит ҳарчи зудтар беҳбуд ёбад. Ба қавли Ҳусейнӣ, расонаҳо аз ҷумла аз Вазорати умури хориҷии Эрон интиқод кардаанд, ки чаро моҷаро ба ин ҳад кашида шуд ва чаро марказҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон баста шуданд? “Дар расонаҳо аз давлати Эрон интиқод шуда, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба Теҳрон даъват ва аз ҷониби раёсати ҷумҳурии Эрон аз ӯ ҳимоят шудааст. Ин ҷо ба масъалаи сармояҳои Бобаки Занҷонӣ дар бонкҳои Тоҷикистон низ ишора шудааст”, - афзуд ӯ.

Мутаваққиф шудани фаъолияти созмону ширкатҳои эронӣ ба дунболи халалдор шудани муносибати Душанбеву Теҳрон дар якуним соли пеш сурат мегирад. Моҳи декабри соли 2015 дар пайи даъвати расмии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ барои ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон ва дидори ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон – Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мақомоти Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз террористон муттаҳам карданд.

Аз баҳси Кабирӣ то Занҷонӣ ва “Сангтӯда-2”

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо вуҷуди онки Муҳиддин Кабирӣ ба ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эрон ӯро ба ҳамоиш даъват карда, дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой дод. Кабирӣ ва ҳизбаш ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомотро эътироф накарда гуфтаанд, ки ошӯби мусаллаҳона баҳонае барои бастани ҳизб дар ҳудуди Тоҷикистон буд.

Бобаки Занҷонӣ
Бобаки Занҷонӣ

Гузашта аз ин, дар чанд соли ахир даъвоҳои молӣ миёни ду кишвар, аз қарзи “Сангтӯда-2” гирифта, то пулҳое, ки гӯё миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон “гум кардааст”, ҷараён гирифт. Ба назари баъзе коршиносон, ин даъвоҳо наметавонист ба равобити ду кишвар низ бетаъсир монад. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҷануби кишвар бо 180 миллион доллар саҳми Теҳрон ва 40 миллион доллари Душанбе сохта шуда, Эрон аз он ҳудудан 14 сол баҳра мебарад ва баъдан комилан ба ихтиёри Тоҷикистон месупорад. Феълан қарзи Тоҷикистон дар назди ин ширкат ба миллионҳо сомонӣ расидааст.

Дар давоми тақрибан ду соли охир ҳеҷ як мақоме дар Тоҷикистон мушаххасан ва рӯшан равобити тағйирёфтаи кишвар нисбат ба Эронро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG