Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари эрониҳову тоҷикон ба баҳси Душанбеву Теҳрон. САДО


Пахши як филми мустанад дар телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки дар он Эрон ба сармоягузории қатлҳои занҷираӣ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон муттаҳам мешавад, давоми ду рӯзи гузашта дар сархати расонаҳои форсизабон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистону Эрон қарор гирифт.

Ин хабар, ки ҳамакнун дар расонаҳо чарх мезанад, дар феҳристи матолиби серхонандаи матраҳтарин расонаҳои форсизабон назири бахши форсии радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ, Радиои Фардо ва бахши форсии телевизиони "Ал-Арабия" қарор дорад ва ҳанӯз ҳам баҳсҳо дар атрофи ин мавзӯъ, фурӯкаш нашудааст.

Расонаҳои мустақили тоҷикзабон низ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ бо нашри гузоришҳо ва пахши назари коршиносон, ба баррасии паҳлӯҳои мухталифи бӯҳрони ба вуҷудомада миёни ду кишвари форсизабон пардохтанд. Дар ин баҳсҳо дар маҷмӯъ коршиносони тоҷик пахши ин навор дар телевизиони давлатиро "ба нафъи Тоҷикистон" надонистанд.

Аммо дар Эрон садҳо расона ва торнамоҳои хабарӣ бо унвонҳои мухталиф аз хабари нашри ин навори телевизиони давлатии Тоҷикистон то вокуниши сафорати Эрон дар Душанбе ба он, матолибу гузоришҳо таҳия карданд ва ба сурати умум, ин амалкарди ҳукумати Тоҷикистонро “иттиҳоми аҷиб” хонданд. Дар маҷмӯъ вокуниши мақомоти эронӣ ба ин қазия хеле эҳтиёткорона буда ва расонаҳои он кишвар бо нашри посухи сафорати Эрон, ки ҷавоби расмии он кишвар ба иттиҳомоти Душанбе аст, баҳсро ба ҳошия накашиданд.

Ҳарчанд як масъули эронӣ, ки нахостааст аз ӯ ном бурда шавад, дар сӯҳбат бо вебсайти "Кимиёи саодат" гуфтааст, ки "Ҷумҳурии Исломии Эрон кишваре нест, ки кӯтоҳ биёяд, на дар баробари Омрико кӯтоҳ омада ва на дар баробари ҳеҷ як аз султахоҳон. Тоҷикистон барои мо на Омрикост, на Урупост, на Арабистони Саудист… Тоҷикистон барои мо воқеан азиз аст. Мо вақте мегӯем, Тоҷикистон барои мо азиз аст, таъоруф, ки намекунем, аз нигоҳи сирф масолеҳ ва манофеъ, ки намегӯем.”

Назари эрониҳову тоҷикон ба баҳси Душанбеву Теҳрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00
Линки мустақим

Дар расонаҳои Тоҷикистон низ ин мавзӯъ бозтоби густурдае дошт ва давоми ду рӯзи гузашта сархати расонаҳои ин кишварро зеб медод. Аз расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон ҷуз телевизиони давлатӣ, ки давоми рӯзи сешанбе чанд бор ин барномаро пахш кард, ҳамчунин хабаргузории давлатии “Ховар” низ мӯҳтавои ин сӯҳбатро ба нақл аз вазорати умури дохилӣ, бознашр намуд.

Расонаҳои мустақили тоҷикзабон низ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ бо нашри гузоришҳо ва пахши назари коршиносон, ба баррасии паҳлӯҳои мухталифи бӯҳрони ба вуҷудомада миёни ду кишвари форсизабон пардохтанд. Дар ин баҳсҳо дар маҷмӯъ коршиносони тоҷик пахши ин навор дар телевизиони давлатиро "ба нафъи Тоҷикистон" надонистанд.

Аммо берун аз баҳсҳои расонаӣ, ин қазия зеҳнҳои шаҳрвандони ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангро, ки то ҳамагӣ ду-се соли пеш робитаҳои танготанг доштанд ва дар фикри ташкили иттиҳоди кишварҳои форсизабон буданд, низ ба худ машғул сохт. Шабакаҳои иҷтимоӣ давоми ду рӯзи гузашта ҷавлонгаҳи баҳсҳо дар атрофи ин мавзӯъ буданд.

Дар изҳори назарҳо дар поварақи мақолаҳои бахши тоҷикӣ ва эронии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ корбарон ба ду даста тақсим шудаанд. Бархе аз корбарони тоҷик аз мавқифи ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда ва онро як амали дуруст талаққӣ кардаанд. Бархе ҳам навиштанд, "наход эрониён чунин корро ба мо точикон раво доранд."

Яке аз корбарони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ навиштааст, "магар ҳамон Эрон набуд, ки якумин шуда истиқлолияти Тоҷикисторо пазируфт ... Магар ҳамон Эрон набуд, ки дар сулҳи тоҷикон миёнравӣ мекард... Якумин шуда дар Тоҷикистони мустақил Гэс сохт ...Агар Эрон сулҳи тоҷиконро намехост, бовар кунед то ҳозир ҷанг буд. Аз барои як оппозитсионер бо як давлати абарқудрати бародару ҳамзабону ҳамфарҳанг кинагирӣ аз рӯи дурбинии сиёсӣ нест, ин кори хато ҳаст."

Чунин мавзеъгириҳои мухталифро дар навиштаҳои корбарони эронӣ низ метавон дарёфт. Як корбари эронӣ бо номи " Мустаъор" суол мекунад, "ҷое дар минтақа ҳаст, ки ин режими саффок, тафриқаандоз, мудохилаҷӯ ва ишғолгар бинии худашро дар он нахалонда бошад?" Аммо корбари дигари эронӣ бо номи Шараф мегӯяд, "инки вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо ба истинод ба ҳарфи се одами хилофкор ва қотил, худ иқдом ба сохти мустанад алайҳи кишвари бузурги Эрон кунад, воқеан ҷои таассуф аст."

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷики муқими Лондон дар пайи пахши ин навор дар телевизиони Тоҷикистон, дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки "дидани он чӣ ин рӯзҳо миёни Эрону Тоҷикистон мегузарад, дарднок аст. Ба андозаи кандани нохун аз гӯшт."

Ҳаҷири Теҳронӣ, як рӯшанфикри эронӣ дар поварақи ин баҳс навиштааст, "шӯрбахтона онҳое, ки ин сенарияро тарҳ кардаанд, ба дунболи қатъи робитаи ду кишвар ҳастанду раванди рӯйдодҳо нишон медиҳад, ки ин иттифоқ ба зудӣ хоҳад уфтод."

XS
SM
MD
LG