Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Эрон хост, ки аз бозии "сиёсӣ-мазҳабӣ" даст бардорад


Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ. Душанбе, моҳи сентябри 2014
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ. Душанбе, моҳи сентябри 2014

Маркази исломшиносӣ, як ниҳоди вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр бо нашри матлабе Эронро барои талоши бесуботӣ дар кишвар муттаҳам кард ва хост, ки Теҳрон дар муносибат бо Душанбе аз бозии, ба қавли онҳо, “сиёсӣ – мазҳабӣ” даст бардорад. Ин марказ бовар дорад, ки талоши Эрон барои исломисозии ҷомеа, таблиғи ақидаҳои шиаи дувоздаҳимома, аз ҷумла баргузории маросими Ошуро ва пӯшиши либоси сиёҳ дар Тоҷикистон, муносибати ду кишварро ба бунбаст бурд. ​

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар аввали моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадумро сармоягузорӣ кардааст.
  • То ҳол ҷониби Эрон дар ин бора изҳори назар накардааст. Аммо дар гузашта мақомоти Эрон иддаои ба ин монанди тарафи Тоҷикистонро рад карда буданд.

Қамар Нурулҳақов, ходими Маркази исломшиносӣ, дар як матлаби комил (Шиагароӣ: идеология ва амалияи он) дар сомонаи расмии ин ниҳоди вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбе гуфт, “ҳол онки Эрону Тоҷикистон барои барқарор ва рушди ҳамкориҳо, ҳатто ҳамкории дорои аҳамияти стратегӣ ба ҳеҷ гуна бозиҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ниёз надоранд. Бидуни чунин “бозиҳо”... мардуми тоҷик Эронро ва мардуми Эрон Тоҷикистонро дуюмин хонаи худ медонанд.”

Қамар Нурулҳақов
Қамар Нурулҳақов

Дар ин матлаб бори дигар Эрон ба ҳимоят ва сармоягузорӣ аз як тарафи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки панҷ сол идома кард, айбдор шудааст. Ходими Маркази исломшиносӣ дар хулосаи худ гуфтааст, Душанбе дар ҳоли ҳозир ҳақ дорад, ки аз тариқи муроҷиат ба Созмони Милал ҷуброни зарари иқтисодӣ ва маънавии ҷанги дохилиро аз Эрон бихоҳад. Дар ин ҷанг беш аз 150 ҳазор нафар кушта шуданд.

Қамар Нурулҳақов дӯстиву ҳамкории ҳукумати Эрон бо Тоҷикистонро аз аввал ҳадафмандона ва “сатҳиву ғаразнок” тавсиф карда ва гуфтааст, яке аз ҳадафҳои Эрон таблиғи мазҳаби шиаи дувоздаҳимома дар Тоҷикистон буд. Ин масъули Маркази исломшиносии Тоҷикистон гуфтааст, 97 дарсади мусалмонҳои кишвар пайрави мазҳабӣ ҳанафӣ буда, боқимонда пайрави шиаи исмоилӣ ҳастанд. Ӯ гуфтааст, азбаски низоми Тоҷикистон дунявист, Эрон дар гузашта талош кардааст, ақидаҳои шиаи дувоздаҳимомаро тавассути ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ таблиғ кунад.

Видео: Тоҷикистон бо кӣ дӯстӣ кунад?

Тоҷикистон бо кӣ дӯстӣ кунад? ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Мақомоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба ин матлаб ҳанӯз посух надодаанд. Аммо ин шабу рӯз баъзе аз расонаҳои Эрон ба мавзӯи муносибати ду кишвар пардохта, гуфтаанд, ки сармоягузориҳои Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Душанберо аз ин дӯсти қадимиаш дур кард.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли ахир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон дар моҳи декабри 2015 ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар аввали моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ кардааст. Он вақт сафорати Эрон дар Тоҷикистон иддаои матраҳшуда дар ин филми мустанадро рад кард ва гуфт, “аз нашри чунин филм мутааcсиф аст”. Айни замон сафорат гуфт, “филм як иқдоми тафриқаандозона буда, дар чорчӯби хост ва манфиатҳои ду миллат нест.”

Равобити Тоҷикистону Эрон дар оғози солҳои навадум шурӯъ шуда, замони авҷаш ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод рост меояд. Дар замони ҳукумати ӯ Эрон дар Тоҷикистон нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда 2"-ро сохта, барои роҳандозии телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон иқдом карда буд.

XS
SM
MD
LG