Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси як бонки Эрон бо "Спитамен ойл"-и Тоҷикистон дар Маҷлис


Корхонаи "Спитамен ойл" дар Тоҷикистон
Корхонаи "Спитамен ойл" дар Тоҷикистон

Баҳси як бонки Эрон бо ширкати "Спитамен ойл"-и Тоҷикистон ба порлумони Эрон кашида шуд ва ба бастаи мушкили ҳалношудаи миёни Душанбеву Теҳрон зоҳиран як банди дигарро изофа кард. Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду сол давраи мушкили равобитро паси сар мекунанд.

Кӣ чӣ даъво дорад?

Ширкати “Кушо” аз корхонаи "Спитамен ойл" 570 ҳазор евро қарздор аст. Номаи охирини мо ба ин ширкат рӯзи 12-уми июн ирсол шуд, вале ҳеҷ посух дарёфт накардем.

Корхонаи "Спитамен ойл", ки ҳоло мавзӯи баҳс дар порлумони Эрон шудааст, моҳи сентябри соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки барои бунёди ин корхона 32 миллион сомонӣ ё беш аз севуним миллион доллар сарф гардид. Ҷониби Эрон мегӯяд, як бахши ин пулҳоро пардохта буд ва "Спитамен ойл" ҳоло аз иҷрои масъулиятҳояш дар пеши бонк сарпечӣ мекунад.

Айби бонк, "Спитамен ойл" ё "Кушо"?

Бино ба созише, ки Бонки тавсеаи содироти Эрон бо ширкати "Спитамен ойл" дошт, ширкати эронии “Кушо” барои овардану насби таҷҳизоти истеҳсоли равған дар ноҳияи Спитамен муваззаф шуд. "Агроинвестбонк" бар асоси ин санадҳо кафили татбиқи созишнома ба шумор меравад.

Ифтитоҳи корхонаи равғанбарории "Спитамен ойл". 13-уми сентябри 2016
Ифтитоҳи корхонаи равғанбарории "Спитамен ойл". 13-уми сентябри 2016

Масъулони корхонаи равғанбарории “Спитамен ойл” даъвои ҷониби Эронро беасос дониста ва баръакс шикоят карданд, ки ширкати эронии “Кушо” то ҳанӯз ба ваъдаи худ вафо накард ва ҳатто замони ба истифода додани корхонаро ба ақиб гузошт. Шараф Тешаев, ҳуқуқшиноси корхонаи равғанбарории "Спитамен Ойл", рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "чанд сол аст, ки ба ин ширкат нома менависем, аммо ҷавоб намедиҳанд".

"Ширкати эронӣ аз мо 570 ҳазор евро қарздор аст"

Ӯ афзуд, "ширкати “Кушо” аз корхонаи "Спитамен ойл" 570 ҳазор евро қарздор аст. Номаи охирини мо ба ин ширкат рӯзи 12-уми июн ирсол шуд, вале ҳеҷ посух дарёфт накардем. Ҳоло бо Бонки тавсеаи содирот ва Сандуқи замонати Эрон дар тамос шудем ва барои ҳалли масъала музокираро шуруъ намудем."

Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Шараф Тешаев мегӯяд, ки аз беэътиноии ширкати “Кушо” корхонаи тавлиди равған дар ноҳияи Спитамен дертар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва онҳо барои насбу танзими таҷҳизот ба ширкатҳои чинӣ муроҷиат кардаанд.

Рӯҳонӣ қазияро ба Маҷлис кашонд

Хабаргузории расмии ИРНА рӯзи 13-уми июн навишт, тарҳе дар бораи худдории ширкати “Спитамен ойл” аз иҷрои қарордоди ба имзо расондааш бо Бонки тавсеаи содироти Эрон аз тарафи Ҳасани Рӯҳонӣ ба порлумони ин кишвар фиристода шуд. Рӯҳонӣ хостааст, ки аъзои маҷлис ҳарчӣ зудтар ин масъаларо ба баҳс гиранд ва баҳои қонунӣ диҳанд.

Бо ин ҳол, маълум нест, ки ҷониби Эрон бар сари чӣ қадар маблағ даъво дорад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод
Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод

Эрон то ду соли пеш яке аз шарикони наздики Тоҷикистон буд ва ин наздикӣ танҳо бо ҳамкориҳои фарҳангӣ маҳдуд нашудааст. Вале баъд аз саркӯби ошӯби соли 2015-и Ҳоҷӣ Ҳалим ва ранҷиши Тоҷикистон аз меҳмондории Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби баъди ин ҳодисаҳо мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ дар Теҳрон, равобити ду кишвар тадриҷан маҳдуд шуд.

Ду соли мушкил дар равобити Теҳрону Душанбе

Аз ҷумла, дафтари Кумитаи Имдоди Хумайнӣ ва дигар созмонҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломӣ дар Душанбе баста шуда, содир шудани виза барои шаҳрвандони Эрон дар фурудгоҳ бекор гардид. Барои вуруди бархе аз анвои ғизо аз Эрон ба Тоҷикистон низ таҳрим ҷорӣ ва вуруди моли эронӣ ба кишвар ҳам хеле маҳдуд шуд.

Даврони гармтарини равобити миёни ду кишвар ба аҳди президент Маҳмуди Аҳмадинажод (2005-2013) рост меояд. Аҳмадинажоду президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама робитаҳои хуби дӯстона дошта, ҳамроҳ бо раҳбари вақти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар фикри таъсиси телевизиони муштараки форсизабон буданд ва ба таҷлили Наврӯзҳои байналмилалии якдигар мерафтанд. Дар замони раҳбарии Аҳмадинажод чанд тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бунёд шуд.

XS
SM
MD
LG