Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки дар даври панҷуми лигаи олӣ пирӯзӣ ба даст овард, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқот мустаҳкам кард.
Дар ниммарафони XV байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки 19-уми апрел дар Душанбе баргузор мегардад, дар баробари варзишгарони тоҷик, инчунин давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3:5 (замони асосӣ – 2:2) шикаст хӯрд.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, ки тими Эронро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт ва соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 гардид.
Дар шаҳри Душанбе дар доираи Анҷумани минтақавии Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ барои кумитаҳои миллии олимпии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ "Дави дӯстӣ" баргузор гардид.
Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 4-6-уми апрел доир гардиданд.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «D» тими Уммонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 25-27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки 3-юми апрел дар сомонаи ин ташкилот нашр шудааст, мавқеашро бо 1203,42 имтиёз дар ҷойгоҳи 104-ум нигоҳ дошт.
Ёфтҳои бештар