Аз рӯзи ба дунё омадани Муҳиддини Олимпур, рӯзноманигори шинохта, 80 сол гузашт. Ӯ 2-юми марти соли 1945 дар рустои Шамтичи ноҳияи Айнӣ зода шуда, тақрибан сӣ сол қабл, дар айёми ҷанги дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ба қатл расид.
Аз дардҳои куҳнаи бархе аз фарҳангиёни тоҷик таассуби бемаврид нисбат ба маҳалли худашон аст. Маҳалгароӣ ба шаклҳои гуногун дар миёни онҳо зоҳир мешавад: гоҳ дар қолаби баҳсҳои сиёсию иҷтимоӣ, гоҳ дар гуфтмони торихию фарҳангӣ.
Рафтори ғайриинсонӣ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам-кам ба воқеият табдил мешавад. Оё мансабдорони тоҷик, ки вазифаашон ҳимоят аз мардум ва хидмат ба мардум аст, даст болои даст нишастаанд?
Агарчӣ дар заминаи таърихи наҳзати босмачигарӣ таҳқиқоти ихтисосӣ анҷом надодаам, ин қазия аз дидгоҳи фалсафаи таърихи миллӣ ва аз назари метудулужӣ (методология) таҳқиқ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳам қарор доштааст.
Қариб ҳамзамон бо забти Осиёи Миёна аз ҷониби русҳо, дар аввали нимаи дуюми асри XIX дар империяи Усмонӣ миллатгароӣ ба вуҷуд омад. Зиёиёни Усмонӣ этноними дунявии "турк" ва мафҳуми "туркизм"-ро, ки аз он бармеояд, эҳё карда, онҳоро ба адабиёт ва сиёсат дохил карданд.
Тасмими Туркияро чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст? Оё зарур аст, ки “бонги хатар” зада ва нисбат ба кӯшиши эҳёи пантуркизм дар минтақа ибрози нигаронӣ карда шавад? Ин мавзуъ барои тоҷикон бисёр ранҷовар аст, чун дар он кӯшиши “саркӯб ва ассимилятсия”-ро мебинанд.
“Гулрухсор омаду олам дигар шуд”. Ин таъбирро оҳангсози пуровозаи тоҷик Толиб Шаҳидӣ дар маҳфили рӯнамоии китоби нави Гулрухсор ба кор бурд. Ӯ суруди падарашро тағйир дод, ки гуфта буд: “Муҳаббат омаду олам дигар шуд”.
Имрӯз, 8-уми сентябр устураи мусуқии муосири тоҷик Далер Назар 65-сола шуд.
Рӯзи панҷшанбеи 15 август баробар бо оғози моҳи фарвардин дар тақвими Шаҳаншоҳии роиҷ дар миёни порсиён ё зартуштиёни Ҳинд буд!
Бахши севуми нигоштаи рӯзноманигор Нуралӣ Давлат дар бораи Султон Раҷабов, раиси собиқи Додгоҳи олӣ ва вазири пешини адлияи Тоҷикистон, ки дар аҳди Шӯравӣ ба зиндон маҳкум, вале сипас бегуноҳ эълон шуд.
Дар даврони истиқлол номи як теъдод аз шахсони маъруфи замони шӯравӣ аз хотирҳо зудуда шуданд. Дар мавриди бархе ҳатто дар донишномаҳо маълумот пайдо кардан намешавад ва Султон Раҷабов аз ҳамин қабил аст.
Ёфтҳои бештар