Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худоёр Худоёров: "Эрон пул надод ва тарҳ нотамом монд" ВИДЕО


Худоёр Худоёров, вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Худоёр Худоёров, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ба далели инки Эрон пули заруриро барои анҷоми корҳои техникии роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон надод, бунёди ин тарҳ ба таъхир афтод.

Фармоишгар ва мутасаддии имконсанҷии ҳудуди роҳи оҳани панҷгона дар қаламрави Тоҷикистон Вазорати умури хориҷии Эрон буд. Бояд 1 миллион долларро ҳамин вазорат ҷудо мекард.

Худоёр Худоёров, вазири нақлиёт, рӯзи 31-уми июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, қаблан Теҳрон барои иҷрои корҳои асосноккунии иқтисодиву техникии лоиҳаи роҳи оҳани панҷгона ваъда дода буд, ки 1 миллион доллар ҷудо мекунад. Аммо ба гуфтаи вазир, дар муддати 7 соли баъд аз имзои ин созишнома, Эрон танҳо панҷяк ё 200 ҳазор доллари ин маблағро ихтисос додааст.

Худоёр Худоёров дар ин робита гуфт, “фармоишгар ва мутасаддии имконсанҷии ҳудуди роҳи оҳани панҷгона дар қаламрави Тоҷикистон Вазорати умури хориҷии Эрон буд. Бояд 1 миллион долларро ҳамин вазорат ҷудо мекард. Вале ҳамагӣ 200 ҳазор доллар дод ва ин кор ҳамин нотамом монд. Як ширкати эронӣ як қисми корҳоро анҷом дод, вале аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Эрон маблағ нарасид ва онҳо низ корро ба охир расонида натавонистанд.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Эрон пул надод ва тарҳ нотамом монд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳори умед кард, ки дар оянда имкон дорад иҷрои корҳои асосноккунии иқтисодию техникии лоиҳаи роҳи оҳани панҷгона идома ёбад ва ҳар кишвари шомили ин тарҳ, дар ҳудудҳои худ масъалаи корҳои техникиро бо маблағгузории худ пеш хоҳад бурд. Вай гуфт, феълан дар мавриди пеш бурдани корҳо дар ин тарҳ ҳеҷ, пешравӣ нест.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишасти хабарӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "агар ин масъала дар сатҳи боло баррасӣ нашавад, дигар дар ин сатҳ, ки идома дорад, муваффақ нахоҳад шуд ва ин тарҳ амалӣ намешавад". Вай иллати дигари амалӣ нашудани ин тарҳро, бо "забон" наёфтани Эрон бо Чин донист.

Дар пайи ваъдаи Эрон барои анҷоми корҳои асосноккунии иқтисодию техникӣ миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Метро”-и Эрон ҳам санаде ба имзо расида, соли 2010 аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб гардид. Дар гузашта Тоҷикистон аз он шикоят дошт, ки ҷониби Эрон таҳияи ин нақшаро ба дарозо мекашад ва баҳона мекунад, ки ба нақшаҳои вижаи геодезӣ, ки сиррӣ дониста мешавад, дастрасӣ надорад.

Дарозии роҳи оҳани масири Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ҳудуди 2 ҳазор километр буда, қисмати тоҷикистонии ин роҳи оҳан 580 километрро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти мутахассисон, барои сохтмони ҳар як километри он аз 8 то 10 миллион доллар зарур аст. Ба ин роҳ 16 километр туннел ва 47 адад пул низ дохил мешавад. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ барои бунёди қисмати тоҷикистонии ин роҳ 3,2 миллиард доллар лозим аст.

Ин роҳ аз Ҳирот ба Эрон пайваст мешавад ва Тоҷикистонро ба обҳои гарм мепайвандад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2012 Раҳмон дар нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Боку ба масъалаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон таваҷҷӯҳ карда, онро барои Душанбе "ҳаётан муҳим" дониста буд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "кишвари мо ба баҳр баромади мустақим надорад".

XS
SM
MD
LG