Як мақоми вазорати нафти Эрон гуфтааст, ки агар Бобаки Занҷонӣ қарзҳои ин ниҳодро баргардонад, онҳо омода ҳастаанд, ки амволи мусодирашудаи ин миллиардери боздоштшударо, бозпас бидиҳанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон, ки қаблан низ ин иддаоро беасос медонистанд, ҳоло низ мегӯянд, ки агар мақомоти эронӣ далеле дар бораи вуҷуди ин пулҳо дар Тоҷикистонро дошта бошанд, пас санадҳои худро ошкор созанд.
Гуфта мешавад, ки 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи Занҷонӣ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад кардаанд.
Як мақоми вазорати нафти Эрон гуфтааст, ки дӯстони Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон, Туркия ва Малайзия намехоҳанд ӯ наҷот ёбад, зеро амволи ӯ ба номи онҳо дар ихтиёрашон аст. Торнамои вазорати нафти Эрон рӯзи якшанбеи 27-уми август аз қавли Саид Асғар Ҳиндӣ, масъули Кумитаи дархостҳои ин вазоратхона навишт, ки "дар сурати ҳамкории дӯстон ва наздикони Занҷонӣ, бахши бузурге аз қарзҳои ин муҷрими нафтӣ пӯшиш дода мешавад, ки дар ин сурат, кӯмаки бузурге ба Занҷонӣ хоҳад буд. Дар воқеъ наҷоти Занҷонӣ дасти худи эшон ва дӯстони вай аст."
Гуфта мешавад, ки 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи Занҷонӣ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад кардаанд. Манобеи Бонки миллии Тоҷикистон 28-уми август низ мукарраран эълон доштанд, ки ҳеҷ маблағи миллиардери зиндонии эронӣ ба Тоҷикистон нарасидааст.
"Агар санаде доранд, пешниҳод кунанд"
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи будҷа ва молияи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ки дар гузашта дар вазифаи раиси Бонки миллӣ низ кор кардааст, рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки агар ҷониби Эрон дар бораи гум шудани маблағҳои Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон санаде дошта бошад, бигзор онро пеш оранд.
Вай афзуд: "Соле, ки қазияи нопадид шудани 2,5 миллиард доллари Бобаки Занҷонӣ гӯё дар Тоҷикистон рух додааст, ман аллакай дар вазифаи раиси Бонки миллӣ кор намекардам. Агар манзури ҷониби Эрон саҳмгузории Бобаки Занҷонӣ дар ширкати мусофиркашонии “Азия экспресс” бошад, пас дар миёни муассисони ин ширкат исми Занҷонӣ аслан вуҷуд надорад. Ба ин далел, ба хотири поёни чунин иддаоҳо, хуб мешавад агар ҷониби Эрон санадҳои расмии худро барои тасдиқи чунин иддао ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод созад. 2,5 миллиард доллар маблағи андаке нест, ки он бенишон нопадид шавад. Агар Эрон санади тасдиқкунандаро пешниҳод созад, ҷониби Тоҷикистон наметавонад онро беасос ҳисобад."
Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд.
Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад. Рӯзи 6-уми марти соли 2016 додгоҳе дар Теҳрон Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигарро, ки дар парвандаи нафтӣ муҳокима шуданд, ба эъдом маҳкум кард.
Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.
"Моҷаро то андозае дилбазан шудааст"
Нур Сафаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки қазияи гум шудани пулҳои Бобаки Занҷонӣ тӯли чанд сол аст, ки ба мавзӯи доғе дар миёни мақомоти ҳам тоҷику ҳам эронӣ табдил шудааст. Ба эътиқоди ҷаноби Сафаров, ин мушкил ба ҳалли ниҳоии худ ниёз дорад.
Вай афзуд: "Иддаои Эрон ва ҳам радди ҷониби Тоҷикистон то ҷое дилбазан шудааст. Бояд ҳар ду кишвар дар сатҳи баланд, манзурам ҳукуматӣ, ин мавзӯъро баррасӣ кунанд. Агар ҷониби Эрон санаде дар даст дорад, паси бигзор Додситонии кулли Тоҷикистон гум шудани ин пулҳоро таҳқиқ кунад. Аммо танҳо гуфтани ин, ки Занҷонӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, кофӣ намебошад. Занҷонӣ дар бисёр кишварҳо сармоягузорӣ кардааст ва мо намедонем, ки ин пулҳо дар кадоме аз ин кишварҳо масраф ё ғайб задаанд. Танҳо баррасии ин мушкил дар сатҳи баланди ҳукуматии ду кишвар метавонад ба ин баҳсҳо хотима гузорад."
2,5 млрд $ Занҷонӣ дар Тоҷикистон?
Аммо ҷониби Эрон иддао дорад, ки ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳатто иддао доранд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.
Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.
Филми ВКД робитаҳоро сардтар кардааст
Дар ҳамин ҳол ахиран робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон баъд аз намоиши як филми мустанади тавлиди ВКД Тоҷикистон тавассути шабакаҳои давлатии телевизионӣ рӯй ба сардии бештар оварданд. Дар ин мустанад ҷониби Тоҷикистон мақомоти Эронро дар таҳияву сармоягузории қатлҳои чеҳраҳои саршинос дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон муттаҳам кард. Сафорати Эрон дар Тоҷикистон расман аз намоиши ин филм шадидан интиқод карда, онро беасос номид.
Аммо дар пайи намоиши ин филм ва сардии равобити як соли ахир, ҳоло шаҳрвандони оддии Тоҷикистон дар гирифтани визаи Эрон бо мушкил мувоҷеҳ шуда, бархе аз соҳибназарон дар сурати идомаи чунин иттиҳомотро ҳатто қатъи робитаҳои дипломатиро байид намедонанд. Аммо расонаҳои эронӣ сабаби асосии чунин сардиро ба нопадид шудани пулҳои Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон марбут медонанд.