Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав бо дархости муфаттишон ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки ба ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" гумонзад ҳастанд, то се моҳи дигар дароз кард.
Аз ҳамла ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав, ки ба гумони тарҳрезӣ ва иҷрои он камаш 14 зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд, 7 моҳ гузашт.
Радиои Озодӣ ба он чи давоми ҳафт моҳ гузашт, мурур кард.
Пайвандони Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, аз он нигаронанд, ки бо гузашти бештар аз 6 моҳ аз боздошти ӯ, аз аҳволаш хабар надоранд.
Таҳқиқи ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав, ки мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва иҷрои он чанд зодаи Тоҷикистонро муттаҳам медонанд, то 22-юми декабри имсол тамдид шудааст.
Дар робита ба ҳамла ба толори консертии "Крокус", мумкин аст номи гумонбарони нав эълон шавад. Ин хабарро Оҷонсии ТАСС баъди шинос шудан бо маводҳои парванда нашр кардааст.
Аз панҷ гумонзади ҳамла ба "Крокус", ки номашон нав эълон шуд, се нафарашон зодаи Тоҷикистон будаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба манбааш дар мақомоти Русия гузориш додааст.
Додгоҳи Басманнии Маскав бо дархости Кумитаи тафтишотӣ, муҳлати ҳабси 4 зодаи Тоҷикистонро 3 моҳи дигар дароз кард. Ин афрод дар ҳамла ба толори "Крокус Ситӣ" гумонбар ҳастанд. Вале то ҳоло далелҳои раднопазири ширкати онҳо дар ҳамла пешниҳод нашудаанд.
Раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки худ ва сохтораш бо шеваи бераҳмонаву саркӯбгарии бурдани тафтишот маъруф аст, дар мисоли гумонбарони ҳамла ба “Кроркус сити ҳолл” аз зарурати барқарор шудани ҳукми қатл дар Русия сӯҳбат кард.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 26-уми июн дархости ду гумонбари дигари ҳамларо ба “Крокус Сити Ҳол” рад кард.
Бар асоси санадҳои додгоҳи ноҳияи Басманний, 1700 нафар ҷабрдидаи ҳодисаи ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав дониста мешавад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки баъзан барои хомӯшӣ дар қазияи муҳоҷирони корӣ танқид мешавад, бо вазири умури дохилии Русия дар бораи ҳуқуқи онҳо суҳбат кардааст. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат доранд.
Ёфтҳои бештар