Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Додугирифти” нома миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ


Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ. Шаҳри Душанбе, 10-уми сентябри соли 2014
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ. Шаҳри Душанбе, 10-уми сентябри соли 2014

Сафорати Эрон дар Душанбе гуфт, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нома ба Ҳасани Рӯҳонӣ хостори “густариши муносибати дӯстона ва ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда” шудааст. Масъулони сафорат мегӯянд, ин номаи Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи гузашта ба муносибати Иди саиди Қурбон дастрас гардид.

Дар паёми Ҳасани Рӯҳонӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳори умед шудааст, ки “бо талоши тамоми давлатҳо ва андешамандони кишварҳои исломӣ, сулҳ ва оромиш ба кишварҳои исломӣ бозгардад."

Сафорат мазмуни ин номаро дар шакли мухтасар рӯзи 2-юми сентябр дар вебсайти расмиаш нашр кард ва гуфт, ба чунин мазмун Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ ба ҳамтои эронии худ Муҳаммадҷавод Зариф нома фиристод.

Сафорат мегӯяд, “Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва ҷаноби оқои Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёмҳои табрики ҷудогона фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамтоёни худ ва мардуми Эрон табрик гуфтанд.” Ин манбаъ аз номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ як иқтибос овардааст, ки дар он изҳори умед шудааст, “муносиботи суннатӣ, дӯстона ва ҳамкориҳои байни ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо бар асоси манофеи ду миллат дар оянда густариш ёбад.”

Муҳаммадҷавод Зариф
Муҳаммадҷавод Зариф

Ҷузъиёти дигари нома ва, ҳамчунин, санаи ирсолаш маълум нест. Дар вебсайти расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷӣ дар ин бора ҳеҷ ишорае нашудааст. Аммо сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар матлабе дигар аз паёмҳои раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси порлумон Алии Лориҷонӣ, муовини аввали раиси ҷумҳур Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ ва вазири умури хориҷӣ Муҳаммадҷавод Зариф ба ҳамтоёни тоҷикашон низ хабар додааст. Дар иқтибосҳои овардаи сафорат аз номаи раҳбарияти Эрон, ишорае ба муносибати Душанбеву Теҳрон нашудааст.

Танҳо дар паёми Ҳасани Рӯҳонӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳори умед шудааст, ки “бо талоши тамоми давлатҳо ва андешамандони кишварҳои исломӣ, сулҳ ва оромиш ба кишварҳои исломӣ бозгардад. Хушунат, ҷанг ва терроризм, ки мероси қудратмандон барои мазлумони манотиқи буҳронзада аст, аз кишварҳои исломӣ зудуда шавад.”

“Додугирифти” нома миёни раҳбарияти Тоҷикистону Эрон ва умедворӣ барои густариши ҳамкорӣ дар оянда дар ҳолест, ки ду кишвар тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Бобаки Занҷонӣ, миллиардеи боздоштшудаи эронӣ. Акс аз бойгонӣ
Бобаки Занҷонӣ, миллиардеи боздоштшудаи эронӣ. Акс аз бойгонӣ

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

Равобити Тоҷикистону Эрон дар оғози солҳои навадум шурӯъ шуда, замони авҷаш ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод рост меояд. Дар замони ҳукумати ӯ Эрон дар Тоҷикистон нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда 2"-ро сохта, барои роҳандозии телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон иқдом карда буд.

XS
SM
MD
LG