Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Тарҳи нотамом”-и Эрон дар Тоҷикистон тамом шуд?


Туннели "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ
Туннели "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ

Эрон баъди 11 соли ба истифода додани туннел ё нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоби Тоҷикистон, ки бештар бо номи “тарҳи нотамом” ё “ғори эрониҳо” машҳур буд, корҳои тармиму такмил дар ин нақбро ба поён расондааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки охири ҳафтаи гузашта Кумисюни давлатӣ ин туннелро пурра қабул кард ва ба кори ширкати эронии “Собир” баҳои мусбат дод.

  • Ин кор дар ҳоле сурат гирифтааст, ки муносибати Тоҷикистону Эрон дар ду соли ахир дар пайи даъвати раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ ба Теҳрон ва даъвои молӣ бар сари пулҳои Бобаки Занҷонӣ ба сардӣ печида, ду тараф ҳамкориҳоро коҳиш додаанд. Тоҷикистон чанде аз созмону намояндагиҳои фарҳангии Эронро баст ва Вазорати умури дохилӣ дар як филми мустанад ин кишварро дар сармоягузории қатлҳои охири солҳои навадум айбдор намуд. Эрон мегӯяд, ки Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ аз баҳри дӯстӣ бо Теҳрон гузаштааст.

Маълумоти бештар дар бораи муносибати Тоҷикистону Эрон инҷост:

Бунёди туннели “Истиқлол” соли 2003 шурӯъ шуда, то кунун барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин нақб 61 миллион доллар харҷ шудааст.

Бо анҷоми “тарҳи нотамом”, Эрону Тоҷикистон зоҳиран ба як бахши мушкили худ, ки беш аз як даҳсола идома дошт, нуқта гузоштанд. Туннели “Истиқлол” соли 2006 бо ҳузури раиси ҷумҳури вақти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда, ҳамеша бо мушкил ҳамроҳ буд. Ронандагону мусофирон бештар аз он шикоят доштанд, ки аз зеру болои туннел об шорида, роҳро ноҳамвор кардааст.

"Дигар об намеояд"

Ҷониби Тоҷикистон борҳо тарафи Эронро ба он муттаҳам намуд, ки дар иҷрои корашон дар туннели “Истиқлол” содиқ нестанд. Эрон дар навбати худ мегуфт, тарафи Тоҷикистон пули заруриро ҷудо накардааст.

Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Ҳоло мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ширкати эронии “Собир” роҳи мошингузари туннелро мустаҳкам карда, аз ҷоришавии об дар дохили он пешгирӣ намуд. Дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр бо тасдиқи ин хабар гуфт, бозрасӣ ё аудити фаннии туннели “Истиқлол” охири ҳафтаи гузашта анҷом шуд ва Кумисюни давлатӣ бо ҳузури муовини нахуствазир Азими Иброҳим онро қабул кард.

Рӯшноӣ, насби дурбинҳо...

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ба истиснои пурра таъмин кардани рӯшноӣ, насби дурбинҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳавокашҳо дар дохили туннел ҳамакнун ҳамлу нақл бидуни ҳеҷ мушкил сурат хоҳад гирифт. “Акнун дар фасли сармову гармо аз қабатҳои дохили туннел об намешорад ва ин баёнгари беҳбуд ёфтани вазъи нақби “Истиқлол” аст”, - гуфтанд мутаххасисони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Нақби Шаҳристонро Чин сохта ба истифода додааст
Нақби Шаҳристонро Чин сохта ба истифода додааст

Вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Кумисюни давлатӣ туннелро пурра қабул намуд ва ҳоло мушкили хос дар миён нест.

Сохтмони туннели “Истиқлол” соли 2003 шурӯъ шуда, то кунун барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин нақб 61 миллион доллар харҷ шудааст. Дар ҳоли ҳозир барои анҷоми марҳилаи баъдӣ, яъне таъмини системаи рӯшноӣ, оташнишонӣ ва насби дурбинҳои назоратӣ миёни Вазорати нақлиёт ва мақомоти зидахли Эрон як протокол ба имзо расидааст, ки 8 миллиону 700 ҳазор доллар харҷ дорад. Мақомот гуфтанд, панҷоҳ дарсади онро ҷониби Тоҷикистон ва ними дигарашро ҷониби Эрон хоҳад пардохт.

Тарҳи бозмонда аз Шӯравӣ

Нақби "Истиқлол" дар 75-километрии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ҷойгир аст ва минтақаи шимоли кишварро ба ҷануб мепайвандад. Тарҳи сохтмони ин нақбро ҳанӯз охири солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ муҳандисони рус оғоз карда, вале ба сабаби сардии ҳаво ва ҷорӣ шудани об корро қатъ намудаанд.

"ТоҷИрон" аз кор монд. Нокомии Эрон ё бениёзии Тоҷикистон?

Бо сохтмони туннели панҷкилометрии “Истиқлол” роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд ҳудуди 60 километр кӯтоҳ шудааст.

Ширкати “Собир”-и Эрон аз аввалҳои соли 2003 корро дар нақби “Истиқлол” сар карда, 23 марти соли 2006, баъди сӯрох кардани кӯҳ ва нотамом мондани кор дар нақб, онро ба истифода супурд. Бо гузашти беш аз як даҳсола ин тарҳи нотамом дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба унвони як тарҳи номуваффақи эронӣ шинохта мешуд, бозсозӣ гардид.

Бо сохтмони туннели панҷкилометрии “Истиқлол” роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд ҳудуди 60 километр кӯтоҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG