Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Кумитаи Имом Хумайнӣ то 5 сол ҳаққи фаъолият надорад"


Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки Кумитаи Имдоди Хумайнӣ, як ниҳоди хайрияи Эрон, то панҷ соли оянда ҳаққи фаъолият дар ҳудуди кишварро надорад. Ҳаким Мирсаидзод, муовини аввали вазири адлия, рӯзи 26-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ин маврид ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон содир шудааст.

Эрон қабл аз ин танишҳо, бахусус дар даврони раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҳамкорони умдаи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Аммо ӯ баъд аз нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ки агар ин ниҳоди хайрияи Эрон ному ҳайат ва оинномаи худро тағйир дода, ба Вазорати адлия муроҷиат кунад, масъалаи сабтиноми дубораи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.

Мақомоти тоҷик тобистони соли гузашта гуфтанд, ки фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ бинобар риоя накардани қонунҳои Тоҷикистон қатъ шудааст.

Ҳаким Мирсаидзода
Ҳаким Мирсаидзода

Аммо ҳамон вақт сафири Эрон дар Тоҷикистон ба расонаҳои кишвараш, аз ҷумла нашрияи “Tehran Times” гуфт, фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ бо амри ӯ мутаваққиф шудааст, на бо қарори ҷониби Тоҷикистон.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ гуфта буд, мақомоти Тоҷикистон дар манъи фаъолияти ин сандуқи хайрия дахолате накардааст, вале азбаски тардидҳое дар робита ба кори ин созмон вуҷуд дошт, ӯ худ ба Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дастур дод, то замни рафъи ин шакку гумонҳо аз идомаи фаъолият худдорӣ кунанд.

Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ аз соли 1996, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ба фаъолиятҳояш дар ин кишвар шурӯъ кард. Ин созмон, ба гуфтаи масъулонаш, дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон барои занону духтарон беш аз 10 омӯзишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои қолибофӣ таъсис дода ва ба ятимхонаҳо, маъюбон, беморон, ҷавонони камбизоат ва донишомӯзон ёрӣ мерасонд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон

Ҳамчунин, Кумитаи имдод дар баргузории ҷашни арӯсии ҷуфтҳо аз хонаводаҳои фақир ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба Тоҷикистон ёрӣ медод.

Дар давоми ду соли охир аксар сохторҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла Кумитаи имдоди Хумайнӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ дар Душанбе баста шуданд. Коршиносон ин амрро ҳосили сард шудани равобити Тоҷикистон бо Эрон дар пайи норизоиятии Душанбе аз ҳамкории Теҳрон бо мухолифони исломиаш дар хориҷа ва чанд даъвои пулӣ унвон мекунанд.

Эрон қабл аз ин танишҳо, бахусус дар даврони раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон муносиботи хеле наздики дӯстона дошт, аз ҳамкорони умдаи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Чанд тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар Тоҷикистон бо сармояи Эрон сохта шудаанд.

XS
SM
MD
LG