Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи маркази тиҷоратии Узбакистон. Тоҷикистон ҷои Эронро ба Тошканд дод


Маркази тиҷоратии Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамон биное ба кор сар кард, ки қаблан дар ихтиёри утоқи тиҷоратии Эрон буд. Намояндагии тиҷоратии Эрон дар Хуҷанд тобистони имсол баста шуд. Маросими ифтитоҳи маркази нав рӯзи 7-уми октябр сурат гирифт.

Сафири Узбакистон аз раиси маркази тиҷоратӣ хост, ки "нархҳо тағйир наёбад, фаъолият шаффоф ва бо амри дилу виҷдон ва бо назардошти обрӯву эътибори кишвар сурат гирад"

Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд, гуфт, ки сафири Узбакистон дар Тоҷикистон дар ҷараёни ифтитоҳи ин марказ ҳузур дошт ва аз нахустин харидорони он буд. Ба қавли ӯ, Шоҳқосим Шоҳисломов аз нархҳои дастраси марказ изҳори ҳайарт карда, бо 75 сомонӣ куртаву миёнбанд ва гарданбанд харидааст.

"Дар марказ молҳои саноатӣ, сохтмонӣ, озуқа, оби ошомиданӣ, молҳои варзишӣ, қисмҳои эҳтиётии мошин, заргарӣ ва нассоҷӣ ба фурӯш гузошта шудаанд", - иттилоъ дод манбаъ.

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов ҳангоми суханронии худ гуфтааст, ки Тошканд тарафдори рушди ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии ду кишвар аст. Ӯ расман аз раиси Маркази тиҷоратии Узбакистон дар Хуҷанд Аюб Фозилов хостааст, ки "нархҳо тағйир наёбад, фаъолият шаффоф ва бо амри дилу виҷдон ва бо назардошти обрӯву эътибори кишвар сурат гирад."

Шоҳқосим Шоҳисломов дар идома гуфтааст, ки "аз 10 то 14-уми октябри имсол дар Тошканд бо ҳадафи таҳкими робитаҳо бо ҳузури беш аз 500 нафар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Итминон дорам, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардуми ду кишвар таҳким меёбанд."

Муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода низ ин тасмимро ба манфиати мардум арзёбӣ намуда, гуфт, мақомоти маркази вилояти Суғд омодаанд, “бо назардошти анъанаҳои таърихӣ аз ҳама имкониятҳои мавҷуда барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ истифода бурда шаванд."

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов
Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов

Мақомоти Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд гуфтанд, ки таъсиси “Маркази савдои Узбакистон” се моҳ пеш, ҳангоми баргузории намоишгоҳи молу маҳсулоти ин кишвар дар Суғд, эълон гардид. ​Ғайрат Қобилов, муовини мудири Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд гуфт, Маркази савдои Узбакистон барои ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар таъсис шудааст.

Тайи як соли охир Узбакистон, ҳамсояи наздики Тоҷикистон, баро ворид шудан ба бозорҳои ин кишвар, талош дорад.

Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд гардида, мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллари оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта буд. Вале шурӯъ аз охири соли гузаштаи 2016 додугирифти байни ин кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳод.

Бино ба омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ин ду кишвар ба маблағи ҳудуди 250 миллион доллар молу коло додугирифт кардаанд. Аз ҷумла, дар ин давра додугирифт миёни вилояти Суғд ва Узбакистон ба тақрибан 50 миллион доллар расида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта сад дарсад афзудааст.

XS
SM
MD
LG