Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна шарҳ нависем?

Чӣ гуна шарҳ нависем?

Мо мехоҳем, назару андешаҳои Шуморо шунавем; аз ҷараёни ҳодисаҳо аз Шумо хабардор шавем ва мехоҳем, бо онҳое, ки ба монанди Шумо аз платформаҳои мо истифода мебаранд, суҳбати озоду ошкор дошта бошед.

Барои фароҳам шудани фазои эҳтиром ва муоширати озод, ки дар он ҳама одамон, бидуни истисно, тавонанд худро дар амн эҳсос кунанд, таҷриба ва андешаҳояшонро табодул карда, дар суҳбатҳои созанда иштирок намоянд, чанд қоидаеро ҷорӣ кардем.

Муоширати ошкоро барои мо, рӯзноманигорони Радиои Озодӣ хеле арзиш дорад. Шарҳҳои хонандагон ба мо мадад мекунанд, ки корамонро беҳтар карда, ба мавзуъҳо аз зовияи нав нигарем ва барои гузоришҳо маълумоти нав пешниҳод кунем. Барои иштирокатон дар ин муошират миннатдор ҳастем.

Ҳангоми навиштани шарҳҳо чиро бояд ба назар гирифт?

  • Хоҳиш мекунем, пеш аз навиштани шарҳ ин қоидаҳоро хонед, тамошо ва гӯш кунед.
  • Лутфан, бодиққат бошед, қаҳрамонони гузоришҳо, рӯзноманигорон ва шахсонеро, ки мо дар бораи онҳо менависем ё дар зери матлабҳо шарҳ менависанд, эҳтиром кунед.
  • Мо ба суханҳои бадбинона, нафратангез, таҳқир бар асоси ангезаҳои динӣ, нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, фарҳангӣ, тамоюлҳои ҷинсӣ, ҷинс ё маъюбӣ иҷозат нахоҳем дод. Ҳамчунин суханҳои таҳқиромезе, ки як гуруҳро бар зидди гуруҳи дигар мешӯронанд, роҳ дода намешаванд.
  • Мо ба таҳдиду даъватҳо ба хушунат иҷозат намедиҳем.
  • Иҷозат намедиҳем, ки эълонҳо нашр ва фаъолиятҳои тиҷорӣ пеш бурда шаванд.
  • Ҳамчунин, ба баромадҳо бо номҳои дурӯғину сохта роҳ дода нахоҳад шуд.
  • Хоҳиш мекунем, барои ҳифзи маълумоти шахсии худу дигарон дар шарҳҳо маълумоти шахсӣ, аз қабили рақамҳои телефон, суроғаи зист ва почтаи электрониро нанависед.
  • Лутфан, огоҳ бошед, ки Шумо дар платформаҳои иҷтимоӣ шарҳ менависед ва суханҳои Шумо метавонанд ҳамчун нақзи қонун дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ё туҳмат дар кишварҳои дигар арзёбӣ шаванд.
  • Агар чизе дар гузоришу маводи мо бароятон нофаҳмо бошад, лутфан, дар шарҳҳо хабар диҳед.
  • Шарҳнависоне, ки ин қоидаҳоро пайваста вайрон мекунанд, дастрасияшон ба саҳифаҳои мо маҳдуд хоҳад шуд ё “блок” карда мешаванд.

Чӣ гуна метавонед бо мо тамос гиред?

Агар суол ё пешниҳоде доред, лутфан, ба воситаи почтаи электронии Tajikweb@rferl.org ба мо нависед. Андешаҳои Шуморо қадр мекунем ва ҳамаи паёмҳоеро, ки ба мо мефиристед, мехонем.

Мо ба далели зиёд будани номаҳо, мутаассифона, кафолат дода наметавонем, ки ҷавоб менависем, аммо тамоми кӯшишро мекунем, то ба суолҳоятон посух бигиред.

МАЪЛУМОТ

XS
SM
MD
LG