Намояндагони парлумони Эрон гузоришеро мунташир кардаанд, ки дар он собиқ додситони шаҳри Теҳрон дар марги дастикам 3 зиндонӣ гунаҳгор дониста мешавад.
Лулаи нав, ки имрӯз бо ҳузури Аҳмадинажод ва Бердимуҳаммадов боз мешавад, гази Туркманистонро аз чоҳи Давлатобод ба Сарахси Эрон интиқол медиҳад.
Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон ба хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додааст, пулҳое, ки дар давоми 9 моҳи гузаштаи соли 2009 тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҳафтаи ҷорӣ сомонаи Islamnews.ru номаи бози Ғазолӣ Қуқаншоев, раиси Маркази исломии дифоъ аз ҳуқуқи башари Русияро ба нишонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба нашр расонд.
Ҳайати давлатии Тоҷикистон дар Тошканд масъалаи харидории 400 миллион метри муккааб гази Узбакистонро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ мекунад.
Олими Ширинбек дар яке аз марказҳои муҳими номдори тиббии ҷаҳон, дар Фарҳангистони улуми тибби Русия рисолаи докториро ҳимоя кард.
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, гуфтааст, кишвараш барои таъмини молии артиш ва нерӯҳои амниятиаш барои 15-20 соли оянда сармоя надорад.
Аз замоне, ки бемории зукоми хук пайдо шуд, ҳоло тақрибан ҳар сокини сайора дар бораи вирус ё ангезандаи H1N1 огаҳӣ дорад.
Дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар як нишаст натиҷаҳои як таҳқиқот ё назарсанҷӣ, ки ба равандҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба вилояти Свердловск иртибот дошт, эълон шуд.
Доктор Абдуллоҳ гуфт, азбаски талабҳои ӯ барои як интихоботи одилона иҷро нашуданд, дар сабқат ширкат намекунад.
Шаҳрдории Маскав Черкизоворо барои риоя нашудани муқаррароти беҳдоштӣ ва қоидаҳои оташнишониву қонунҳои муҳоҷират 90 рӯз баста буд.
Акбари Турсонзод, донишманд ва файласуфи шинохтаи тоҷик, дар муҳоҷират дар Пенсилванияи Амрико ба синни мубораки 70-солагӣ расид.
Рӯзи 14-уми октябр нархи хариду фурӯши тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба болотарин нуқтаи худ расид.
Дар Душанбе барои баррасии масоили муҳоҷирати корӣ ҳамоиши коршиносон ва дастандаркорони умури муҳоҷират баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз Амрикову Русия ва Олмону Ҳинд ширкат доштанд.
Баёнияи Боку ба имзои аҳдномаи Туркияву Арманистон аз кишварҳои дигар фарқ дорад.
Гулбаҳор, сокини Душанбе, ки гирифтори бемории қанд аст, мегӯяд, боре ҳам ёд надорад, ки ба вай дар дармонгоҳ доруи бепул пешниҳод карда бошанд.
Амрико мегӯяд, ҳамлу нақли колои ғайринизомии худро ба нерӯҳояш дар Афғонистон тавассути қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш медиҳад.
Дар давоми як соли гузашта ҳузури тоҷирони чиноӣ дар бозорҳои Тоҷикистон, ба вижа дар бозорҳои пойтахт, афзоиш ёфтааст.
Ҳоло хиёбони марказии Прага пур аз дӯкону қаҳвахонаҳои хориҷӣ ва ҷаҳонгардони ҷаҳон аст. 20 соли пеш то замони фурӯ афтодани, ба истилоҳ, "Пардаи филизӣ" тасаввур кардани чунин манзара дур аз имкон буд.
Даромади нохолиси миллӣ яке аз меъёрҳои аслии андозагирии рушди иқтисод ба шумор меравад. Ин меъёр ҳамаи колоҳои тавлидотӣ ва хадамотеро, ки дар кишвар анҷом гирифтааст, муайян мекунад. Вале чунин меъёр дар баъзе кишварҳо метавонад дақиқ набошад.
Ёфтҳои бештар