Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Ғарб пас аз 20 соли ҷанги сард


Ҳоло хиёбони марказии Прага пур аз дӯкону қаҳвахонаҳои хориҷӣ ва ҷаҳонгардони ҷаҳон аст. 20 соли пеш то замони фурӯ афтодани, ба истилоҳ, "Пардаи филизӣ" тасаввур кардани чунин манзара дур аз имкон буд.

Бо вуҷуди он, ки ҳоло ҷумҳурии Чех узви Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО мебошад, вале то ҳол мардуми чех аз ҳамсояи бузурги худ дар Шарқ озурда ҳастанд.

Миша Прохатскова, таҳлилгар, мегӯяд, бо вуҷуди он, ки Маскав мисли солҳои Ҷанги Сард дигар султаи худро нишон намедиҳад, вале то ҳол хатараш аз байн нарафтааст. Дигар мардум аз танкҳои Артиши Сурх ҳарос надоранд, вале Маскав назорат бар манобеъи ғании нафт ва гази табииро дар ихтиёр дорад ва он метавонад заминаро барои дубора сар бадоштани Русия фароҳам кунад.

Бо вуҷуди он, ки Маскав мисли солҳои ҷанги сард дигар султаи худро нишон намедиҳад, вале то ҳол хатараш аз байн нарафтааст ...
Моҳи январи соли гузашта Русия дар ҷараёни баҳсҳо роҷеъ ба нархи газ ба Украина интиқоли газро қатъ кард ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ дар рӯзҳои сармои шадид аз василаи таъмини гармӣ маҳрум шуда буданд. Ин кор ишораи ҷиддӣ ба он буд, ки то чӣ андоза Аврупо ба энержии Русия пойбанд аст.

Баъзе кишварҳои Аврупои Шарқӣ барои интиқоли 90 дарсади гази мавриди ниёзи худ ба лӯлаҳои интиқоли гази даврони Шӯравӣ умед мебанданд. Маскав ҳам бо назардошти ҳамин вазъ эҳдоси лулаҳои навро барномарезӣ кардааст, то Аврупоро бештар ба худ пойбанд кунад.

Маршал Голдмен аз Донишгоҳи Ҳарвард мегӯяд, кишварҳои аврупоӣ ҳар чӣ камтару камтар аз ангишт ё зуғоли санги худ истифода мекунанд, то ниёзмандиҳои рӯзафзуни худ ба энержиро таъмин кунанд. Ба гуфтаи Голдмен, ҳоло энержӣ дар сиёсати хориҷӣ аз аслиҳаи ҳастаӣ дар даврони Ҷанги Сард муҳимтар ба назар мерасад.

Вай меафзояд, агар Русия интиқоли энержиро қатъ кунад ва ё таҳдид кунад, ки интиқоли энержиро қатъ мекунад, дар он сурат Амрико ва Аврупо дар муқобили ин тасмими Русия иқдоми мушобеҳи ҷавобӣ надоранд.

Бисёриҳо бар ин боваранд, ки дар се соли гузашта ду бор қатъ кардани интиқоли гази Русия ба Украина як навъ муҷозоти Киев аз тарафи Русия буд, зеро Украина мехоҳад ба паймони НАТО дарояд.

Дар Вошингтон бар ин боваранд, ки муносибатҳо бо Кремл мисли "бозии бенатиҷа" аст, зеро коре, ки ба як кишвар хушоянд аст, ба кишвари дигар хушоянд нест.

Стефан Фуле, вазири ҷумҳурии Чех дар умури Иттиҳоди Аврупо, ки кишвараш дар моҳҳои сард ва давраи бӯҳрони газ раёсати умури Иттиҳоди Аврупоро бар ӯҳда дошт, аз сиёсати Барак Обама ба унвони беҳтарин роҳи муносибат бо Маскав ҳимоят кард.

Вай гуфт, "ҳеҷ сабабе надорем шубҳа кунем, ки мо барои ҷалби Русия ба талошҳои нав ниёз дорем, на барои он ки мо хушҳол ҳастем ва мо мефаҳмем ё ҳатто аз он чӣ Русия бо худаш дар ҳамсоягии наздики мо мекунад, розӣ ҳастем, балки барои он ки мо розӣ нестем ва мо бояд Русияро ҷалб кунем".

Аммо Мирек Тополанек, нахуствазири вақти ҷумҳурии Чех, дар давраи бӯҳрони газ дар моҳи январи соли гузашта барои ҳалли ин бӯҳрон дар миёни Маскав ва кишварҳои аврупоӣ мекалавид ва чунин мавзеъгирӣ боиси норизоятии кишварҳои аврупоӣ шуд.

Ҳамон вақт кишварҳои дигари Шӯравии собиқ бар зидди чунин мавзеъгирии Русия занги хатарро ба садо дароварданд.
Аммо кишварҳои Аврупои Ғарбӣ чандон майл надоштанд аз Маскав интиқод кунанд.

Кирил Рогов, таҳлилгари сиёсӣ, мегӯяд, вай дар сиёсати нави Амрико нисбат ба Русия дурнамои рӯшане намебинад. Вай меафзояд, "дар ин масъала суоле нест, зеро дар ҳолати дигар имконоти Амрико хеле маҳдуд хоҳад буд. Барои ҳамин Аврупо тарафи аслии тиҷорати Русия аст, дар ҳоле, ки Амрико тарафи хуби ҳамсӯҳбати онҳост".

Русия аз муддатҳо барои шикастани Аврупои воҳид бо ҳамкориҳои дуҷонибаи худ бо кишварҳои алоҳида талош меварзад. Ҳатто ширкати "Газпром" бо ширкатҳои Аврупои ғарбӣ қарордодҳои ҷолиб имзо мекунад.

Намунаи он Олмон аст, ки барои эҳдоси лӯлаи нави гази Русия ба Аврупо ҳамкорӣ мекунад. Ин лӯла хориҷ аз қаламрави Украина мегузарад. Сохтмони онро на каси дигар, балки нахуствазири пешини Олмон баъд аз чанд ҳафтаи рафтан аз мақом бар ӯҳда гирифт.

Таҳлилгарон мегӯянд, "Газпром" бо муваффақият кишварҳоеро, аз қабили Олмон, барои ҳимоят аз манофеъи миллиаш дар баробари манофеъи Аврупои воҳид ташвиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG