Вазорати дифои Амрико ва коршиносон ин роҳро барои ҳамлу нақли коло муносиб ва амн медонанд. Колоҳои ғайринизомии Амрико аз роҳҳои обӣ ба кишварҳои Каронаи Балтик ворид мешавад ва аз он ҷо аз роҳи заминӣ тавассути кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла тавассути Русияву Қафқоз барои интиқоли баъдӣ ба Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид мешавад.
Дар гузашта тақрибан ҳамлу нақли ҳамаи коло, ҳам низомӣ ва ҳам ғайринизомӣ аз роҳи заминӣ аз Покистон ба нерӯҳои Амрико дар Афғонистон анҷом мегирифт. Вале баъд аз чанд ҳамлаи шӯришиёни Толиб ба корвони мошинҳои ҳомили бор дар ин масир мушкили амниятӣ пеш омадааст ва ҳоло мақомоти расмии Амрико роҳҳои шимолиро, ки аз Осиёи Марказӣ мегузарад, барои ҳамлу нақли колову молҳои ғайринизомӣ муносиб медонанд.
Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо радиои Озодӣ хонум генерал Мишел Ҷонсон, раиси бахши ҳамлу нақл ва барномаҳои икмолотии вазорати дифои Амрико, дар бораи роҳҳои шимолӣ гуфт, "мо роҳҳои мухталифи икмолотиро дар минтақа ҷустуҷӯ мекунем, ба вижа дар Осиёи Марказӣ. Ин масир аз роҳҳои автомобилраву роҳҳои оҳани кишварҳои Балтик оғоз мешавад ва ба Афғонистон мерасад. Мо ҳамчунин роҳҳоеро тавассути кишварҳои Қафқоз низ дорем. Мо молҳои тиҷоратӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоиро бо истифода аз роҳҳо ва воситаҳои мавҷуда, бозаргонони хусусӣ ва борбарон мефиристем".
Аз хонум Мишел Ҷонсон пурсида шуд, чун масири шимол дар баробари масири ҷануб, яъне Покистон, масири алтернативӣ ба шумор меравад, оё ин имкон вуҷуд дорад, ки он замоне ба масири аслии ҳамлу нақли колоҳои Амрико ба Афғонистон мубаддал шавад?
Вай гуфт, "бале, воқеан ин афзоиш меёбад ва мо ҳам хуш ҳастем, ки дар имтидоди ин масир кишварҳои ҳамкор пайдо кунем. Ба чунин ҳамкорӣ харидории колоҳои маҳаллӣ дохил мешавад ва мо метавонем бо ин кор ба иқтисоди ҳамон кишвар кӯмак кунем. Дар он сурат ин кишварҳо маблағи ба дастомадаро барои сармоягузориӣ дар зербинои худ истифода ва ба тиҷорати худ кумак мекунанд".
Генерал Мишел Ҷонсон дар бораи пайвастани роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф сӯҳбат кард ва ин роҳро барои интиқоли бор то Мазори Шариф бахши муҳим хонд. Ин роҳ аз Узбакистон аз рӯи пули Термез мегузарад ва то ба бандари Ҳайратон мерасад.
Хонум Мишел Ҷонсон мегӯяд, "дар воқеъ мо мефаҳмем ва аз Бонки Осиёии Рушд дархост кардем, ки барои расондани ин роҳи оҳан аз Ҳайратон то Мазори Шариф кӯмак кунанд. Ин роҳ масири шимолро бо ҳалқаи роҳҳои дохилии Афғонистон васл мекунад. Чунин кор метавонад ба рушди Афғонистон кӯмаке шавад. Бад-ин тартиб, ҳоло асири шимол фаъолият мекунад ва дар ҳоли рушд аст. Мо ҳазорон контейнер дорем. Ҳар рӯз садҳо контейнер марзро убур мекунад ва кишварҳое, ки дар имтидоди масири шимол қарор доранд, ҳамкории хуб мекунанд ва мо аз ин имкон хушҳолем".
Хонум генерал Мишел Ҷонсон, раиси бахши ҳамлу нақл ва барномаҳои икмолотии вазорати дифои Амрико, дар идомаи мусоҳибааш ба радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар имтидоди масири шимол барои интиқол ба Афғонистон бештар аз 25 000 контейнер омодаи интиқол аст ва ҳамаи онҳо колоҳои ғайринизомӣ мебошанд. Ба гуфтаи хонум Мишел, имкони афзоиши интиқоли коло аз масири шимоли Афғонистон, яъне аз тариқи масири каронаи Балтик-Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.