Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чароғҳои шабона чӣ мегӯянд?


Даромади нохолиси миллӣ яке аз меъёрҳои аслии андозагирии рушди иқтисод ба шумор меравад. Ин меъёр ҳамаи колоҳои тавлидотӣ ва хадамотеро, ки дар кишвар анҷом гирифтааст, муайян мекунад. Вале чунин меъёр дар баъзе кишварҳо метавонад дақиқ набошад.

Сабаб ин аст, ки ин кишварҳо сохторе надоранд, то чунин маълумотро ҷамъоварӣ кунад. Ё дар баъзе кишварҳо он қадр фаъолиятҳои иқтисодии "ғайрирасмӣ" вуҷуд дорад, ки ба маълумоти расмӣ дохил намешавад. Пас чӣ тавр рушди чунин иқтисодро мешавад андозагирӣ кард?

Дэвид Вейл ва ду устоди дигари Донишгоҳи Брауни Амрико пешниҳод кардаанд, ки дар чунин ҳолат мешавад ба аксҳои шабонаи моҳвораӣ нигоҳ кард. Дэвид Вейл мегӯяд:
"Вақте, ки мардум сарватманд мешаванд ва пули бештаре барои пардохти нархи барқ доранд, рӯшании бештар мехоҳанд. Мо ҳам медонем, замоне, ки онҳо ба андозаи кофӣ сарват ҷамъ мекунанд, онҳо ба як зербанои энержӣ ниёз пайдо мекунанд, на танҳо барои рӯшанӣ, балки барои чанд телевизор, чанд радио чанд яхдон ва амсоли он. Ҳамин гуна мо медонем, вақте, ки мардум сарватманд мешаванд, шабона бештар кор мекунанд, мошин меронанд, барқи хиёбонҳоро бештар рӯшан нигоҳ медоранд. Ҳамаи ин меъёрҳои гуногуни истифода аз нируи барқ нишондиҳандаи сарвати мардум аст".

Барои намуна Вейл ду акси моҳвораиро аз даҳ соли пеш дар Аврупои Шарқӣ гирифтааст. Рӯшании барқ дар Маҷористону Лаҳистон ва Руминия аз соли 1992 то соли 2002 хеле бештар шудааст ва он гувоҳи боло рафтани даромад дар ин кишварҳост. Вале дар ҳамин муддат рӯшании барқ дар Молдоваву Украина тиратар шудааст ва он коҳиши даромади аҳолиро нишон медиҳад.

Вейл дар давоми ҳамин даҳ сол 40 кишвари дунёро мавриди омӯзиш қарор додааст. Рӯшании чароғҳо нишон медиҳад, ки рушди иқтисод дар баъзе кишварҳо нисбат ба арқоми расмӣ заифтар будааст. Масалан, Беларус дар маълумоти расмиаш нишон додааст, ки рушди солона 1,6 дарсад аст, вале рӯшании чароғҳо чизи дигарро собит месозад, яъне 0,6 дарсадро.

Чунин нишондод дар мавриди Тоҷикистон чӣ тавр аст? Рӯшании чароғҳои шабона дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз маълумоти расмии мақомот чандон тафовут надорад. Вейл дар ин бора чунин мегӯяд:
"Тибқи муҳосиба Бонки Ҷаҳонӣ, ки бар асоси маълумоти мақомоти расмӣ дар бораи даромади миллӣ таҳия кардааст, нишон медиҳад, ки дар давоми 11 сол даромади нохолиси миллӣ соле 2,3 дарсад поин рафтааст. Аммо он чӣ, ки мо дар рӯшании чароғҳои шабона мушоҳида мекунем, ин аст, ки ҳар сол як дарсад рӯшании чароғҳо бештар шудааст ва он як дарсади рушди даромади нохолиси миллиро ифода мекунад. Дар чунин ҳолат байни маълумоти мақомоти расмӣ ва нишондиҳандаи чароғҳои шабона 3 дарсад фарқият вуҷуд дорад".

Вейл мегӯяд, истифода аз чунин шеваҳои таъинкунандаи тақрибии сатҳи рушд барои тарихшиносон ошност ва меъёри "чароғҳои шабона" дар базе маворид судманд аст. Дар чунин ҳолат дар бораи вазъи иқтисод ба зудӣ метавон натиҷагирӣ кард, зеро ҷамъоварии маълумот вақти зиёд мехоҳад. Гузашта аз ин, имкон вуҷуд дорад, ки дар бораи рушди иқтисоди ҳар шаҳри алоҳида ё шаҳраки алоҳида маълумоти ҷудогона ба даст ояд.
XS
SM
MD
LG