Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои харидории гази Узбакистон


Ҳайати давлатии Тоҷикистон дар Тошканд масъалаи харидории 400 миллион метри муккааб гази Узбакистонро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ мекунад.

10 дарсади ин газ барои ниёзмандиҳои аҳолӣ ва 90 дарсади дигар барои таъмини фаъолияти корхонаҳои санъатии кишвар, аз ҷумла барои ширкати "Талко" ё корхонаи алюмини Тоҷикистон, "Тоҷиксемент", марказҳои барқи ҳароратии Душанбе ва амсоли он пешбинӣ шудааст. Ҳоло Тоҷикистон ҳар соат аз Ӯзбекистон 8 000 метри муккааб газ мегирад ва 6 000 он ба корхонаи алюмини Тоҷикистон дода мешавад.

Гузашта аз ин, дар соли 2009 раванди коҳиши нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба мушоҳида расид. Бо назардошти чунин вазъ дар ҷараёни ин музокирот ҷониби Тоҷикистон саъй мекард, нархи харидории гази Узбакистонро барои соли 2010 аз порсола поинтар орад.
Камолидин Ҷӯраев-корманди масъули сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, дар музокироти Тошканд ин масъала матраҳ ва баррасӣ шудааст: "Дар бораи ин масъала ҳам гуфтугӯ шуд, баррасӣ шуд. Албата, на ба он дараҷа, ки ҷониби Тоҷикистон мехост. Ба ҳар ҳол масъала мусбӣ ҳал шудааст".

Ҷониби Тоҷикистон дар остонаи ин музокирот ба нақша гирифта буд, ки барои ҳар 1000 метри муккааб газ ба Тошканд 170 доллар пардохт кунад. Соли 2009 Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри муккааб 240 доллар пардохт мекард, дар ҳоле, ки соли 2008 ҳамин миқдори газро бо қимати 145 доллар харидорӣ кардааст.

Аз Камолиддин Ҷӯраев гуфт: “Нарх поин нафаромадааст, вале назар ба қимати порсола болотар ҳам нашудааст. Ё дар ҳудуди қимати порсола мемонад. Ҳам ходимони сафорати мо ва ҳам ҳайате, ки аз Тоҷикистон омада буданд аз корхонаи "Тоҷиктрансгаз" ва вазорати саноату энергетика гуфтанд, ки назар ба нархи арзиши порсола қиматтар нест, ин аниқ аст”.

Соли гузашта дар ҷараёни музокирот ҷониби Ӯзбекистон нархи газро барои як сол таъин кард. Вале имсол Тоҷикистон мехост, ки нархи газро бо назардошти нархҳои ҷаҳонӣ барои ҳар квартал ё чаҳормоҳа муайян кунад. Аммо онгуна ки ба назар мерасад, дар музокироти кунунӣ ҷониби Ӯзбекистон ин пешниҳоди Тоҷикистонро нодида гирифтааст.

Камолиддин Ҷӯраев мегӯяд, дар охирҳои соли 2009 ҷониби Ӯзбекистон аз Тоҷикистон барои ҳар даҳ рӯз пешпардохт талаб мекард: “Иншооллоҳ, соли оянда, ман бовар дорам, ин чиз ба мӯҳлати тӯлонитар хоҳад шуд”.

Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд мегӯяд, гуфтушунудҳои ҳар ду ҷониб ҳанӯз ниҳоӣ нашудаст ва музокирот дар ин бораи харидории гази Ӯзбекистон идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG