Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ аз ширкат дар интихобот даст кашид


Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳини суханронӣ дар назди ҷонибдоронаш дар шаҳри Кобул
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳини суханронӣ дар назди ҷонибдоронаш дар шаҳри Кобул

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби президент Карзай дар интихобот гуфт, азбаски талабҳои ӯ барои як интихоботи одилона иҷро нашуданд, дар сабқат ширкат намекунад.

Даври дуввуми интихобот 7-уми ноябр баргузор мешавад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин тасмими худро рӯзи якшанбе ба гурӯҳи бузурге аз ҷонибдоронаш дар Кобул эълон кард. Вай гуфт, сабаби фаро хондани номзадиаш ин аст, ки ҳукумат ва кумиссиюни интихоботӣ дарохостҳои вайро барои баргузории интихоботи одилона напазируфтанд.

Ин тасмими Абдуллоҳ бад-ин маънист, ки Афғонистон бори дигар дар рӯ ба рӯи марҳалаи номуаяни сиёсӣ қарор гирифтааст.

Оқои Абдулло хитоб ба ҷонибдоронаш чунин гуфт:

Abdullah_Announcement
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00


Абдуллоҳи Абдуллоҳ афзуд, тасмим дар бораи даст кашидан аз ширкат дар интихобот барояш кори осоне набудааст, вале вай афзуд, дар интихоботи 7-уми ноябр шаффофият имконпазир нест. Оқои Абдулло гуфт, мардуми Афғонистон ба интихоботи озоду одилона ҳақ дорад, вале райдиҳии ахир "ноком" шуд. Абдуллоҳ ба хабарнигорон гуфт, вай аз ҷонибдоронаш даъват намекунад, ки райдиҳии ҳафтаи ояндаро байкот кунанд.

Ваҳид Умар, сухангӯи Ҳомид Карзай, ба нақл аз Карзай гуфтааст, вай аз хуруҷи Абдуллоҳ изҳори таассуф кардааст, вале гуфтааст, интихобот бояд баргузор шавад ва бояд ба мардуми Афғонистон ҳақи рай дода шавад.

Аммо Наҷиб Маҳмуд, устоди донишгоҳи ҳуқуқи Кобул, мегӯяд, дигар зарурате барои баргузории даври дуввуми интихобот боқӣ намондааст.

Вай афзуд, "тасаввуроти ман ин аст, ки бояд дигар интихобот доир нашавад. Ситоди интихоботии оқои Карзай мегӯяд, ки мо қонунан ба интихобот меравем, аммо дар сурате, ки яке аз номзадҳо сарфи назар мекунад, худ ба худ тарафи муқобил метавонад, ки ба таври автоматик мақоми раёсати ҷумҳуриро эҳроз кунад".

Хонум Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, як рӯз пеш гуфт, хуруҷи Абдуллоҳ аз рақобати интихоботӣ ба қонунмандии интихобот асар намегузорад ва бо ҷанбаи қонунӣ доштани рай муғоират надорад. Аммо баъзе таҳлилгарон дар Кобул бар ин ақидаанд, ки қонунӣ будани раёсати ҷумҳурии Ҳомид Карзай ба таври ҷиддӣ зарар мебинад.

Брешно Назарӣ, хабарнигори бахши Афғонистони Озоди Радиои Озодӣ мегӯяд, "Доктор Абдуллоҳ дар дохили Афғонистон миллионҳо нафар тарафдор дорад, ки метавонад рақами қобили мулоҳизае бошад, то раванди интихоботро аз машруияти асосиаш, ки ниёз дорад, берун кунад. Масъалаи Ҳомид Карзай ҳам ба танҳоӣ рафтан ба интихобот бисёр мушкил хоҳад буд".

Рӯзномаи "Гардиан", чопи Бритониё, аз қавли ҳуқуқдон Саид Роҳӣ навиштааст, ягона роҳи ҳал дар дасти Луи Ҷирга аст, ки бояд тасмим бигирад. Ба гуфтаи вай, Додгоҳи олӣ метавонад мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро дар марҳалаҳои бӯҳронӣ барои чанд моҳ тамдид кунад, вале он марҳалаи гузор ба шумор меравад, то змоне, ки Луи Ҷирга ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG