Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктори илми 32-сола аз Тоҷикистон


Олими Ширинбек (аз рост аввал) пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ
Олими Ширинбек (аз рост аввал) пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ

Олими Ширинбек, як ҷавони 32-солаи тоҷик дар Маскав, дар яке аз марказҳои муҳими номдори тиббии ҷаҳон, дар Фарҳангистони улуми тибби Русия рисолаи докториро ҳимоя кард.

Вай зодаи ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон аст ва баъд аз хатми Донишгоҳи тиббии ба номи Синои шаҳри Душанбе ҳоло дар яке аз бемористонҳои Маскав кор мекунад ва бо корҳои илмӣ ҳам машғул аст.

Дар як тамоси телефонӣ бо доктори илм Олими Ширинбек нахуст ӯро аз номи кормандони Озодӣ ва шунавандагони радио бо ин дастоварди илмиаш табрик кардем.

Олим: «Хеле мамнун аз ҳарфҳои хубу мубораки шумо. Умеди мо ҳам ҳамин аст, ки тоҷикон дар ин мулки ғарибӣ сарбаланд бошанд. Рисолаи доктории ман ба мавзӯи ҷарроҳии рагҳо ихтисос дошт, ба ҷарроҳии шоҳраги бадан. Ин рисола ба забони русӣ буд. Ҳимояи рисола дар маркази ҷарроҳии рагҳо ба номи академик Бакулев баргузор шуд. Ин яке аз бузургтарин марказҳои Аврупо дар ин навъи тиб мебошад.»

Савол: «Чун шумо дар Тоҷикистон таҳсилоти олии тибро гирифтаед ва худатон ҳам аз як диёри кӯҳистон омадаед, шумо эҳсос накардед, ки дар вақти ҳимояи рисола мушкилиҳои забонӣ вуҷуд дошт?»

Ҷавоб: «На, хайр, ман инро эҳсос накардам, чунки Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон новобаста ба он ки ба сабабҳои маълум бисёре аз муаллимону профессорони донишгоҳи ба номи Сино аз ватани мо кӯч бастанд, ба он нигоҳ накарда, он донишу малакае, ки дар Душанбе гирифтам, ба ман ёрӣ дод. Мегӯянд, муҳим он нест, ки дар куҷо мехонӣ, муҳим он аст, ки чӣ тавр мехонӣ. Барои ҳамин ман ҳамеша рӯҳи мубораки Буалӣ Синоро дар вуҷуди худ эҳсос мекардам. Мо пеш аз хатм савганди ворисони Синоро дода будем ва орзӯи ман ин аст, ки вориси шоистаи Буалӣ Сино бошам.»

Савол: «Олимҷон бубинед, барои як ҷавони тоҷик ҳимоя кардани рисолаҳои илмии номзадӣ ва сипас докторӣ дар шаҳри Маскав мушкил аст, чун мо медонем, ки Маскав яке аз шаҳрҳои гаронтарини дунё ба шумор меравад ва дар он ҷо, масалан, кироя кардани хона ё пайдо кардани маблағе барои анҷоми корҳои илмӣ душвор аст.»

Олими Ширинбек (аз рост дуввум) пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ
Ҷавоб:
«Бале, Маскав яке аз гаронтарин шаҳрҳои дунё мебошад. Вале он гуна, ки мегӯянд, гаҳе зинсавор, гаҳе зин ба пушт, ин ҷо зиндагӣ кардан мумкин аст. Ман ҳам кор мекардам дар бемористон ва ҳам сабақ меомӯхтам. Касе, ки роҳи донишро пеш гирад, ба ин мушкилии зиндагӣ нигоҳ накарда, ба мақсадаш мерасад.»

Савол: «Шумо ба ҷавононе, ки мисли шумо ҳамин роҳро пеш гирифтаанд, вале аз баъзе душвориҳо меҳаросанд, чӣ пешниҳод доред?»

Ҷавоб: «Дар роҳи илму дониш бояд ягон тарсу ҳарос набошад. ва бояд ҳамеша кӯшиш кунем, ки вориси шоистаи Буалӣ Сино бошем, чун устод Бозор Собир гуфтааст, ки
Халқи тоҷик теғи ҷонбахшои Синоро гирифт,
Теғи ҷонбахшои Сино рӯи дунёро гирифт.

Ҳамон илму маҳорате, тоҷикон дар гузашта доштанд, мо набояд бо гузаштаи худ ифтихор кунем, балки рӯ ба оянда ҳам орем ва чеҳраи нави рӯшанфикрони тоҷикро ба ҷаҳониён нишон диҳем.»

Савол: «Шумо аз Тоҷикистон кай омада будед ба Русия, ба Маскав?»

Ҷавоб: «Бори якум соли 2001-ум, пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.»
Умедворам, ки дар солҳои наздик дар беморхонаи марказии вилояти Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ кор кунам. Ин орзуи деринаи ман аст.


Савол: «Рисолаи номзадиатонро кай ва дар куҷо ҳимоят карда будед?»

Ҷавоб: «Рисолаи номзадиро соли 2005 дар Академияи тиббии ба номи Сеченови Маскав дар мавзӯъи "Ҷарроҳии умумӣ" ҳимоя кардам.»

Савол: «Ва ҳоло ки рисолаи докториатонро ҳам ҳимоя кардед, оё нияти ба ватан баргаштан надоред ва ё кори худро дар Маскав идома медиҳед?»

Ҷавоб: «Умуман, умедворам, ки дар солҳои наздик дар беморхонаи марказии вилояти Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ кор кунам. Ин орзуи деринаи ман аст. Сипосгузорам аз шумо, ин табрикоти шумо ба ман қувваи иловагӣ медиҳад, то корҳои бештаре ба анҷом расонад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳад ба ҳамаи устодонам аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон изҳори сипос намоям, ки бе роҳнамоии онҳо эҳтимол ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ муваффақ намешудам.»

Олими Ширинбек ҷавонтарин доктори илм дар тибби тоҷик аст. Боғшоҳи Лашкарбек, як донишманди дигар, Олими Ширинбекро хуб мешиносад ва дар ҳимояи рисолаи номзадӣ ва доктории Олим дар Маскав ширкат доштааст. Аз оқои Лашкарбек дар бораи шахсияти ин донишманди ҷавон пурсидем:

Ҷавоб: «Аз замоне, ки Олим ба Маскав омада буд, ҳамеша мо бо ӯ мулоқот мекардем ва медидем, ки дар як муддати кӯтоҳ вай чӣ тавр рушд мекард, боло мерафт. Дар кори омӯзиш ва таҳқиқоти илмӣ вай хеле шахси нуктасанҷ аст. Ғайр аз ин, вай ҳамеша аз вазъи муҳоҷирони тоҷик огоҳ буд ва талош мекард, ба онҳо кӯмак расонад, мо доим аз дастгирии вай бархурдор ҳастем.

Ман дар ҷараёни ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории Олим ширкат варзидам. Вай дар назди донишмандони бузург, ки дар илми ҷаҳон машҳур ҳастанд, хеле озодона ва бо боварӣ ба худ мавзӯъро гузориш медод ва бисёре аз олимоне, ки рисолаи ӯро баррасӣ мекарданд, кори илмияшро таъриф карданд, баҳои баланд доданд. Дар он муҳите, ки Олим бузург шудааст, муҳити тоҷикона буд ва вай чандон забони русиро хуб балад набуд. Вай наметавонист, ки забони русиро дар кӯчаву бозор ба ин дараҷа хуб аз худ кунад. Вай дар ҳақиқат хеле заҳмат кашид, то забонро бо ҳама нозукӣ биомӯзад ва ҳимояи рисолаи докториаш низ гувоҳи он аст, ки Олим хеле болои худ кор кардааст ва фақат донишманде, ки мавзӯъро амиқ омӯхта, пажӯҳиш кардааст, метавонад ба ин дараҷа таҳлил кунад ва гузориш диҳад.»
XS
SM
MD
LG