Ин мудофеъи ҳуқуқи мусулмонони Русия гуфтааст, вазъи душвори муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия вайро ба иншои ин нома водор кардааст.
Дар ин нома омадааст: "Тақрибан ҳар рӯз ба маркази мо коргарони сохтмон, ки барои ним соли кори худ ҳатто як танга ҳам нагирифтаанд, муроҷиат мекунанд. Дар миёни онҳо афроде ҳастанд, ки мавриди латукӯби гурӯҳҳои фашистмаоб қарор гирифтаанд."
Қуқаншоев дар номаи худ меафзояд, ки онҳо мунтазам барои фиристодани тобути муҳоҷирони кушташудаи тоҷик ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд. Вай аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кӯмак кунад. Муаллиф пешниҳод кардааст, ки барои кӯмак ба ҳалли мушкили муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия як ситоди муштарак таъсис шавад.
Талошҳои мо барои пайдо кардани Ғазолӣ Қуқаншоев-раиси Маркази исломии дифоъ аз ҳуқуқи башари Русия натиҷа надод, вале Абдулло Сатторӣ-раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия, ки бо вазъи мҳоҷирони кории тоҷик ошност, дар ин бора ба барномаи СҲ чунин гуфт: "Дар ҳақиқат, ҳамин суханоне, ки дар ин муроҷиатнома ҳаст, то андозае ҳам ҷой дорад. аҳволи муҳоҷирони корӣ дар ҳақиқат он қадр ҳам хуб нест, мушкилиҳо зиёданд, вале метавон ёдоварӣ кард, ки дар ду-се соли ахир рӯ ба беҳбудӣ ҳам овардааст. Бисёр хуб мешуд, ки агар мо роҳҳои ҳалли чунин мушкилотро бисёр мушаххас пешниҳод мекардем".
Муҳоҷирони кории тоҷик дар минтақаҳои мухталифи Русия ба сар мебаранд. Дар ин минтақаҳо вазъи онҳо яксон нест. Дар баъзе шаҳрҳо ва вилоятҳои Русия шояд вазъи онҳо бадтар ва дар баъзе ҷойҳои дигар шояд вазъ беҳтар аст.
Вилояти Свердлов яке аз чунин минтақаҳост, ки шумораи зиёди муҳоҷирони корориро пазируфтааст. Солҳои ахир дар ин вилоят дар канори шаҳри Екатеринбург масҷиди бузурге қомат афрохт ва номи Имом ал Бухориро гирифт. Мақоми имомхатибии ин масҷидро ба тотортабори Русия ба Айрат Ҳазрат Муҳаммадҷонов доданд ва муовинати онро бар дӯши Муҳаммад Солеҳ-шаҳрванди Тоҷикистон гузоштанд, зеро бештар аз нисфи намозгузорони ин масҷидро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Дар вокуниш ба номаи бози Ғазолӣ Қуқаншоев-раиси Маркази исломии дифоъ аз ҳуқуқи башари Русия ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Айрат Ҳазрат-имомхатиби масҷиди вилояти Свердлов дар бораи вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави зери назари итоати масҷиди худ ба мо чунин гуфт: "Муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва аз Қирғизистон меоянд. Туркманҳоро камтар мебинем, қазоқҳоро гоҳ гоҳ ба чашм мерасанд. Ин мардум мехоҳанд пул ба даст оранд ва зиндагии хонаводаҳои худро таъмин кунанд. Ман, албатта, дар бораи ононе сӯҳбат мекунам, ки ба масҷид меоянд. Онҳо одамони хубу боимон ҳастанд. Дар масҷиди мо рӯзҳои ҷумъа 1500 нафар намоз мегузоранд. Дар қаламрави масҷиди мо чунин мушкилиҳои хос вуҷуд надорад".
Аз сӯи дигар Айрат Ҳазрат инкор намекунад, ки дар миёни муҳоҷирони мусулмон, ба вижа муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои осиёи марказӣ, ба вижа аз Тоҷикистон, афроди мухталиф ҳастанд ва ҳар кас аз мавқеи иҷтимоии худ ва вусъати ҷаҳонбиниаш рафтор мекунад.