Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайримунтазираи Гейтс ба Кобул


Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, гуфтааст, кишвараш барои таъмини молии артиш ва нерӯҳои амниятиаш барои 15-20 соли оянда сармоя надорад.

Карзай ин суханонро дар як конфронси муштарак бо Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, баъд аз мулоқоти ҷонибҳо дар Кобул изҳор дошт. Роберт Гейтс бори дигар тааҳҳудоти Амрико дар Афғонистонро таъкид кард. Вай гуфт, Амрико аз Афғонистон рӯй нахоҳад гардонд ва мардумро танҳо нахоҳад гузошт.

Роберт Гейтс нахустин мақоми расмии Амрикост, ки баъд аз эълони фиристодани 30.000 нерӯи Амрико ба Афғонистон аз ин кишвар боздид мекунад. Роберт Гейтс дар ҷараёни ин боздиди ғайримунтазираи хеш изҳор дошт, то замоне, ки ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон зарурат дорад, ин нерӯҳо дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.

Дар музокирот бо президент Ҳомид Карзай Роберт Гейтс дар бораи стратегияи нави Амрико дар Афғонистон ва масъалаҳои амниятӣ гуфтугӯ кард. Карзай ҳамчунин тааҳҳудоти худро дар мавриди мубориза бо ришвахорӣ бори дигар таъкид кард.

Аммо нозирон бар ин ақидаанд, ки аъзои кобинаи нави давлати Ҳомид Карзай нахустин нишонаи қадамҳои ӯ дар роҳи оғози ислоҳот хоҳад буд. Қарор буд, вай имрӯз, 8-уми декабр, аъзои нави кобинаи худро ба порлумони кишвараш пешниҳод кунад, вале порлумон гуфт, ки раисҷумҳур бояд феҳристи мукаммали аъзои кобинаи хешро муаррифӣ кунад. Дар сурати ғайр онҳо омода нахоҳанд буд, то феҳристи номукаммали номзадҳоро баррасӣ кунанд.

Қабл аз вуруд ба Кобул Роберт Гейтс дар ҳавопаймо ба рӯзноманигорон гуфт, вай ба Карзай фишор хоҳад овард, то вазирони "росткор"-ро ба кор гузинад. Акнун интизор меравад, ки Ҳомид Карзай феҳристи мукаммали номзадҳо ба вазоратҳоро рӯзи шанбе барои баррасӣ ва таъйид ба порлумони кишвараш пешниҳод кунад.

Баъд аз эълони стратегияи нави Барак Обама, Роберт Гейтс дар остонаи боздидаш аз Афғонистон дастур додааст, ки дар қадами аввал 16 000-и нерӯҳо ба Афғонистон оварда шаванд. Ин дастур шумораи нерӯҳои дарёии Амрико дар вилоятҳои Қандаҳору Ҳилмандро ду баробар афзоиш хоҳад дод.

Дар посух ба нигарониҳо дар бораи оғози хурӯҷи нерӯҳои Амрико дар соли 2011 Роберт Гейтс гуфт, "Ҳузури мо дар ин ҷо барои пирӯзӣ аст". Гейтс гуфт, як масъалае, ки "чашмҳоро боз кардааст", ин аст, ки тибқи хабарҳои дарёфтӣ баъзе афроди Толибон аз артиш ва пулиси Афғонистон пули бештар мегирифтаанд. Бино бар ин, Вашингтон ва Кобул дастмуздро боло бурдаанд ва ҷоизапулӣ низ ваъда кардаанд. Вазири дифоъи Амрико афзуд, дар ҳафтаҳои оянда нерӯҳои дарёии Амрико ба таври муназзам вориди Афғонистон мешаванд ва то моҳи феврал мукаммал вориди амал хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG