Коршиносон мегӯянд, ифшо ё табъу нашри маълумот дар бораи одамон ё шахсиятҳо аз сӯи ниҳодҳои кашф дар кишварҳои мухталиф хатаре ба ҳуқуқи бунёдии инсон аст. Ин гуна маълумот метавонад ба зиндагии хусусии афрод, кори онҳо ва ё ба фаъолиятҳое иртибот дошта бошад, ки дар кишварҳои мухталиф бо назардошти манофеъи худ аз дидгоҳҳои гуногун ба он баҳо медиҳанд. Ахиран дар як гузорише Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ифшои чунин маълумотномаҳоро хатаре ба ҳуқуқи инсон арзёбӣ кард.