Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як лулаи гази туркманӣ ба Эрон


Имрӯз Туркманистон ва Эрон таи як маросими бошукӯҳ лулаи нави газро боз мекунанд. Ин лула гази Туркманистонро аз чоҳи Давлатободи Туркманистон ба Сарахси Эрон интиқол медиҳад.

Барои ширкат дар ин маросим шоми 5-уми январ Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, баъд аз хатми боздидаш аз Тоҷикистон ва баррасии ҳамкориҳо бо ин кишвар вориди Ишқобод шуд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон, дар маросими гушоиши лулаи нав якҷо бо раиси ҷумҳури Эрон хоҳад буд.

Барои Бердимуҳаммадов гушоиши ин лула бештар аҳаммияти сиёсӣ дорад, зеро кишвари вай дар судури гази худ ба хориҷ аз пойбандии лулаҳои Русия то андозае раҳо меёбад. Қарор буд, Аҳмадинажод як ҳафта пеш аз Туркманистон боздид ва дар маросими гушоиши ин лула ширкат кунад. Вале нооромиҳои сисёӣ дар кишвараш ин боздидро ба таъхир андохт.

Мулоқоти як ба яки Бердимуҳаммадов ва Аҳмадинажод бо тавофуқот дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои баъдии миёни ду кишвар ба поён расид. Аҳмадинажод гушоиши лулаи гази Давлатобод-Сарахс-Хонгиронро заминаи хубе барои таҳкими равобит арзёбӣ кард. Агар ин лулаи газ бо дарозои 182 километр ба таври комил мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад, дар он сурат содироти гази Туркманситон ба хориҷ бештар аз 2 баробар афзоиш меёбад ва аз 8 миллиард метри мукааб дар сол ба 20 миллиард метри мукааб мерасад. Бад-ин тариқ, Туркманистон дар судури гази худ аз Русия истиқлоли бештар ба даст меорад.

Аҳаммияти ин лула барои Эрон ин аст, ки он камбуди газ дар манотиқи шимолии худро бароварда месозад. Бо вуҷуди ин ки Эрон дуввумин кишвари дорои захири ғании газ дар ҷаҳон ба шумор меравад, вале пойбандии вай ба газ барои ниме аз ниёзмандиҳои энержии кишвар роҳро барои тиҷорат бо Туркманистон боз мекунад. Туркманистон ҳам дар ҷаҳон чаҳорумин кишвари дорои захоири газ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар авоили соли 2008 вақте барои нархи газ миёни Эрону Туркманистон баҳсҳо ба вуҷуд омад ва Туркманистон дар зимистони сард интиқоли газ ба Эронро қатъ кард, дар манотиқи шимолии Эрон бисёре аз сокинон бидуни барқу газ монданд. Чунин пешомад Эронро водор сохт, ки равобити тиҷоратии худро бо Ишқобод беҳбуд бахшад.

Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1991 то поёни соли 1997 гази Туркманистон танҳо тавассути лулаҳои Русия ба хориҷ содир мешуд. Вале дар соли 1997 лулаи гази Корпеҷе-Курдкуй ба дарозои 200 километр гази Туркманистонро бори нахуст берун аз қаламрави Русия ба хориҷ, ба Эрон интиқол дод. Ин лула метавонад соле 8 миллиард метри мукааб газ интиқол диҳад, вале интиқоли он ҳеҷ гоҳ аз 6,8 миллиард боло нарафтааст.

Туркманистон ба таври густарда дар судури гази худ ба лулаҳои Русия пойбанд аст. Вале моҳи гузашта лулаи Туркманистон-Чин боз шуд ва тавоноии интиқоли он дар сол 40 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад. Дар оғози соли 2009 тибқи қарордод Туркманистон бояд дар давоми сол ба Русия 50-60 миллиард метри мукааб газ медод. Аммо ба сабаби инфиҷори лулаи газ дар моҳи апрел интиқоли газ ба Русия қатъ шуд ва он танҳо ба бештар аз 11 миллард метри муккааб расид.

Мубоҳисоти Туркманистон ва Русия пиромуни нархи газ саранҷом моҳи гузашта дар ҷараёни боздиди раисҷумҳури Русия аз Ишқобод ба поён расид ва акнун Туркманистон мисли гузашта ба судури на 50 миллард, балки танҳо ба судури 30 миллиард метри мукааб газ ба Русия розӣ шудааст.

Акнун бо боз шудани лулаи дуввуми газ ба Эрон Туркманистон бо тавофуқоти нави худ дар соли 2010 ба Чин 40 миллиард метри мукааб, ба Русия 30 миллиард ва ба Эрон, дастикам, 14 миллиард метри мукааб газ хоҳад дод. Бад-ин тартиб, Туркманистон бо кам кардани фурӯши гази худ ба Русия дар ҷойҳои дигар барои худ бозор пайдо кард. Моҳи август ва сентябри соли 2009 матбуоти Эрон навишт, дар сурати имзои қарордодҳои ҷадид бо Анкара гази Туркманистон метавонад тавассути Эрон ба Туркия интиқол ёбад. Аз ҷумла, матбуоти Эрон навишт, ки бо мурури солҳо Туркия метавонад тавассути Эрон аз Туркманистон 35 миллиард метри мукааб газ харидорӣ кунад.

Масъалаи дигари боздиди имрӯзи Аҳмадинажод аз Туркманистон роҳи дигари содиротии Туркманистон, роҳи оҳани Шимолу-Ҷануб аст, ки Қазоқистонро тавассути Туркманистон бо Эрон ва бо дарёи Хазар васл мекунад.
XS
SM
MD
LG