Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе гумонбари асосӣ дар куштори як наврас дар ҷараёни занозании гурӯҳии хонандагони ду мактабро ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кард.
Ёздаҳ тоҷири бозори «Корвон» аз Додситонии кулли Тоҷикистон тақозо доранд, занеро боздошт кунад, ки гӯё 150 000 доллари онҳоро гирифтаву барнамегардонад.
Талаби Арабистони Саудӣ барои вуруд ба қаламраваш бо шиносномаҳои биометрӣ, зоирони тоҷикро саргардон кардааст.
Дашному бадҳарфӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ ба занон дар кӯчаҳои Душанбе ба ҳадде расидааст, ки бархе аз сокинони шаҳр қабули қонуни ҷазо барои таҳқири лафзиро зарур медонанд.
Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, мегӯяд, воридоти доруҳои тақаллубӣ ва ғайри қобили истеъмол дар соли ҷорӣ 3 маротиба бештар шудааст.
Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мехоҳанд, ним соли боқимонда то интихоботи порлумониро ба беҳтарин шева барои таблиғи ҳадафҳои худ истифода кунанд.
Раҳбарони корхонаи арматурсозии Арбобхотун таркишеро, ки дар натиҷааш даҳҳо нафар ва асосан кӯдакон заҳролуд шуданд, як “воҳима” меноманд, вале сарварони ноҳияи Рӯдакӣ бар инанд, ки ҳамаи сокинони ин минтақа бояд аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Шоми 14 август бар асари таркиши лӯлаи маводи кимиёвии "хлорид амиак" дар рустои Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ даҳҳо нафар заҳролуд шуданд. Баъди муоинаи тиббӣ ҳолати ҳама осебдидаҳо мӯътадил арзёбӣ шуда, ба хонаҳояшон баргаштаанд. Тафтиш шурӯъ шудааст
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, алайҳи ҷияни Остон Азизов сарояндаи шинохта, барои ширкат дар садамаи нақлиётӣ парванда боз карданд.
Бархе аз узбактаборони Тоҷикистон мегӯянд, Маркази миллии тестӣ, ки барои аввалин бор супоридани имтиҳонҳоро бо забони давлатӣ ба роҳ монд, ба онҳо имкон надод, то онҳое, ки бо забони узбакӣ мактабро хатм кардаанд, довталаб ва ҳатто донишҷӯ шаванд,
Шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор мегӯяд, шеъре зидди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва раҳбари он -- Муҳиддин Кабирӣ нашр шудааст, рабте ба ӯ надорад.
Оҷонсии зидди фасод Хайрулло Саидов -- фарзанди вазир ва соҳибкори собиқ Зайд Саидовро ба тақаллуби ҳуҷҷатҳо гумонбар медонад.
Ҷасади Уғулой Юлдошеваи 27-сола, ки ду рӯз қабл худро бо писари дусолааш аз ошёнаи 9 партофт, субҳи 5-уми август аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.
Сабки либоспӯшии занону мардон дар мавизаҳои ахири имоматибони масҷидҳои Тоҷикистон ҷойгоҳи хос пайдо кардааст, ки аз эҳтимоли як маъракаи умумиҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Як рӯз қабл аз иди рамазон бархе аз ҷавонон дар Душанбе рӯзаи худро кушоданд. Онҳо инро «бахткушояк» ном мебаранд ва ба ин боваранд, ки як рӯз қабл аз ид хӯрдани рӯза дари бахташонро боз мекунад.
Талошҳои пайвандони вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов барои мулоқот бо ӯ бенатиҷа анҷом ёфтаанд..
Ҳар сол дар Рӯзи Ваҳдат сокинони деҳаи Чашмасор бо вуҷуди шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ, рӯйдодҳои хунини 26-уми декабри соли 1992-ро ба ёд меоранд.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июн Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоевро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 26 20 ва муттаҳами аслӣ дар парвандаи маъюб кардани сарбози ҷавон Шаҳбол Мирзоев гуфт, аз карда пушаймон аст ва аз волидони Шаҳбол узр хост.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар пайи таҷлили берун аз қоидаи занги камолот, ду ноиби директори мактаби 90-ро барканор кардааст.
Ёфтҳои бештар