Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Надонистани тоҷикӣ роҳи бархе узбактаборонро ба донишгоҳҳо баст


Бархе аз узбактаборони Тоҷикистон мегӯянд, Маркази миллии тестӣ, ки барои аввалин бор супоридани имтиҳонҳоро бо забони давлатӣ ба роҳ монд, ба онҳо имкон надод, то онҳое, ки бо забони узбакӣ мактабро хатм кардаанд, довталаб ва ҳатто донишҷӯ шаванд,

Бахтинисои Файз, ки орзуи ҷарроҳ шуданро дорад, мегӯяд, надонистани забони тоҷикӣ нагузошт орзуҳояш амалӣ шаванд. Бахтинисо 18 сол дорад ва тоза яке аз мактабҳои ноҳияи Шаҳринавро хатм кардааст. Ӯ дар мактаб бо забони узбакӣ таълим гирифта, бо забони тоҷикӣ ба душворӣ ҳарф мезанад. Бахтинисо духтари хурдии хонавода аст ва ба сабаби бемор будани модараш орзу дошт табиб шавад ва модарашро табобат кунад. Вале аз он, ки имсол супоридани имтиҳони дохилшавӣ дар Маркази Миллии тестӣ комилан бо забони тоҷикӣ сурат гирифт, Бахтинисо натавонист дар имтиҳон иштирок кунад.

Ба гуфтаи ин ҷавондухтари узбактабори Тоҷикистон, агар қаблан медонист, ки надонистани забони давлатӣ барояш мушкил пеш меорад, ҳадди ақал назди омӯзгорони забони тоҷикӣ таълим мегирифт. Ҳарчанд бародараш ба ӯ гуфта буд, ки забони давлатиро бояд омӯзад, вале устодонаш гуфтаанд, ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳ ба ӯ мушкиле пеш нахоҳад омад. Аммо акнун, ки вай шонси донишҷӯ шуданро аз даст додааст, устодонаш пешниҳод кардаанд, ки бояд забони тоҷикӣ ё русиро омӯзад ва соли оянда ба донишгоҳ ҳуҷҷат супорад. Ё ба ягон омӯзишгоҳ рафта, касберо барои худ интихоб намояд.

Дилноза, хатмкардаи мактаби миёнаи ҷамоати "20-солагии Истиқлол" - и ноҳияи Қубодиён низ бо забони узбакӣ таълим гирифтааст ва ӯ низ имкони довталаб шуданро пайдо накардааст. Модараш мегӯяд, Дилноза дар марҳилаи аввали супоридани имтиҳони тестӣ дар ноҳия натавонистааст холҳои заруриро ба даст биёрад. Сабаби аслӣ надонистани забони тоҷикӣ будааст ва ба ин далел Дилноза натавонистааст ба суолҳо бо забони тоҷикӣ посух диҳад.

Мирзо Эшов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ноҳияашон бештар аз 2 ҳазор хонанда мактабҳои узбакиро хатм кардаанд, аммо бештари онҳо ба забони тоҷикӣ бо мушкилӣ сӯҳбат мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Эшов, аҳолии ҷамоати "Қабодиён" -и ноҳия, ки тамоман забони тоҷикиро намедонанд, мушкили бештар доранд. Аз ин лиҳоз онҳое, ки наметавонанд имтиҳоноти дохил шудан ба донишгоҳҳоро супоранд, аз ҳисоби ноҳия ба курсҳои кутоҳмуддат фаро гирфта мешаванд, то ҳадди ақал соҳиби касбе шаванд:

«Мушкили асосӣ барои омӯзиши забони тоҷикӣ дар ноҳия он аст, ки омӯзгорони забони тоҷикӣ каманд. Ба мо муаллимони забони тоҷикӣ намерасанд. Барои ба хонандагон омӯзонидани забони тоҷикӣ мо аз дигар минтақаҳои кишвар муаллимонро даъват дорем. Ба Маркази миллии тестӣ низ ин масъаларо пешниҳод карда будем. Гуфта будем, ки тақдири хонандагони узбакзабон чӣ мешавад? Онҳо гуфтанд ҳама бояд бо забони давлатӣ имтиҳон супоранд.»

Ҷаноби Эшов мегӯяд ҳоло дақиқ нест чӣ теъдод аз хонандагонашон ба сабаби надонистани забон аз имтиҳон нагузаштаанд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, донистани забони давлатӣ барои ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллати онҳо зарур аст ва донистани забони тоҷикӣ ба як омили аслии таҳсил ва дарёфти ҷойи кор низ табдил шудааст. Бахтиёр Бӯриев, як масъули Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон гуфт, барои ҳалли мушкили хонандагони узбекзабон ба Маркази миллии тестӣ пешниҳодҳо шуда буд, аммо мутаассифона иҷро нашуд.

Ҷаноби Буриев меафзояд, "дар Тоҷикистон баробари узбакҳо ҳамчунин қирғизу туркманҳо низ ҳастанд, ки мушкил доранд. Барои русҳо қариб мушкил нест, зеро дар ҳама донишгоҳҳо бо забони русӣ гурӯҳ қабул мекунанд. Дигар ақалиятҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд бо вуҷуди надоштани мушкил дар адабиёти таълимӣ, аммо дар интихоби касб дар донишгоҳҳо мушкил доранд. Онҳо танҳо метавонанд дар омӯзишгоҳҳо таҳсил кунанд. Дар донишгоҳҳои олӣ не. Зеро барои шомил шудан ба донишгоҳҳо онҳо бояд забони тоҷикӣ ё русиро хуб донанд.»

Масъулони Маркази миллии тестӣ вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, мутобиқ ба қонунҳои маориф ва забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон супоридани имтиҳонҳо танҳо бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифтааст. Ситора Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ мегӯяд, қонун гузории Тоҷикистон инро талаб мекунад ва ҳама довталабон, ҳатто ақалиятҳои миллӣ бояд забони тоҷикиро бидонанад. Ба таъкиди хонум Назарова, дар таҷрибаи ҳама кишварҳои олам низ чунин меъёр қабул шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи хонум Назарова, имкони бо се ё чор забон қабул кардани имтиҳонро вуҷуд надорад.

Зимнан, дар Тоҷикистон наздики 900 муассисаҳое ҳастанд, ки бо забони узбакӣ таълим медиҳанд ва дар онҳо 487 ҳазору 110 хонанда бо забони узбакӣ таълим мегиранд. Дар гузашта узбактаборони Тоҷикистон бештар барои таҳсил ба донишгоҳҳои Узбакистон дохил мешуданд. Аммо сардии равобити ду кишвар ва ҷорӣ шудани виза роҳи онҳоро ба Узбакистон масдуд кард. Узбактаборон бузургтарин гурӯҳи қавмӣ дар Тоҷикистон буда, ҳудуди 15 дар сади аҳолии беш аз 8 миллионнафарии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG