Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадаф Зайд аст ё писараш Хайрулло?


Оҷонсии зидди фасод Хайрулло Саидов -- фарзанди вазир ва соҳибкори собиқ Зайд Саидовро ба тақаллуби ҳуҷҷатҳо гумонбар медонад.

Оҷонсии зидди фасод алайҳи Хайрулло Саидов, писари соҳибкори собиқ Зайд Саидов, ки бо як силсила иттиҳомот ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, парвандаи тақаллуби аснодро боз намудааст.

Хайрулло Cаидов сешанбеи 5-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Оҷонсӣ як ихтилоф дар санадҳои ӯро тафтиш мекунад. Ба гуфтаи Хайрулло Cаидов, ин ихтилоф дар ҳуҷҷатҳояш ба хотири гирифтани шиноснома ва зудтар оғоз кардани таҳсил иттифоқ афтодааст: «Соли 1995 вақте дар Маскав мезистем, 14-сола будам ва ҳангоми гирифтани шиноснома худро чаҳор сол бузургтар нишон додам ва соҳиби паспорт шудам, то ин ки ба Эрон барои таҳсил равам, ду сол пешдонишгоҳӣ хонда, донишҷӯ шудам, сипас аз Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад дар соли 2000-ум ба Донишгоҳи технологии Душанбе гузаштам. Барои ҳамин масъала Оҷонсӣ мехоҳад, аз болои падарам боз айбномаи дигар боз кунад ва тӯҳмати дигар ба гардани ӯ бандад.»

Тақаллуби аснод бо шевае, ки Хайрулло Саидов анҷом додааст, дар аксари маврид бо пардохти ҷарима ва амри ба шакли аслӣ баргардонидани санадҳо мешавад. Писари Зайд Саидов, ки бар пояи банди 340-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба тақаллубкории муттаҳам шудааст, мегӯяд, ки ҳадаф аз бузургтар нишон додани синну солаш анҷоми кори баде набуд. Балки танҳо мехостааст ба донишгоҳ ворид шавад. Хайрулло Саидов бовар дорад, ки акнун мақомот ин фактро бар зидди падараш истифода мекунанд, то ӯро дар назари ҷомеа хилофкору ҷинояткор ба намоиш гузоранд. Ӯ бо имзои як баёнот ба мақомот гуфтааст, ки ҳодисаи тақаллуби аснод ба падараш рабт надорад.

Хайрулло Саидов. Чаро ман санадро тағйир додам?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи Хайрулло Саидов, на танҳо ӯ, балки падараш Зайд Саидов низ аз сӯи бозрасони оҷонсӣ дар иртибот ба ин қазия пурсида шудааст. Ҳамзамон Хайрулло Саидов таъкид мекунад, ки ҳарчанд ҳуҷҷати худро дасткорӣ кардааст, вале то ҳол мансаби давлатие нагирифтааст, дар ниҳоди давлатие фаъолият набурдааст ва иштибоҳи замони кӯдакии ӯ набояд ҳамчун сӯиистифода аз мақом талаққӣ шавад. Ба гуфтаи Хайрулло, он замон, ки ҷанг буд ва таҳияи санадҳо бо пардохти маблағ мушкиле надошт, ин корро анҷом додааст.

Исҳоқ Табаров
Исҳоқ Табаров

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, “оҷонсӣ хеле пештар ин тафтишро сар карда буд ва мақсад ин аст, ки бо анҷоми тафтиштоти пешакӣ нисбати Хайрулло Саидов, парвандаи тақаллуби санадҳо боз шавад. Бинобар қонун, барои сохтакории ҳуҷҷатҳо тибқи моддаи 340, қисми 2 кодекси ҷиноӣ Хайрулло Саидов метавонад ҳадафи ҷарима қарор гирад. Ҳамчунин бояд тамоми ҳуҷҷатҳои худро аз сари нав дуруст кунад ва ба асли худ баргардонад.”

“Ҳамоса”-и Зайд Саидов аз боздошт то баррасии додгоҳӣ ва ҳабси тӯлонӣ, беш аз як сол аст таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба худ ҷалб кардааст. Ин далел, ки мақомоти додгоҳӣ дар робита ба ӯ шадидтарин ҳукм, яъне 26 соли зиндонро раво дидаанд, тараҳҳуми ҷомеаро ба ӯ бештар намуд. Аксаран, махсусан ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳукми додгоҳро интихобӣ мешуморанд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи онҳо даҳҳо қазияҳои ба ин монанд,бо солҳои камтаре анҷом шудаанд.

Таҳлилгарои масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, эҳтимолан ҳадаф худи Зайд Саидов бошад, вагарна ин гуна ҳодисаҳо зиёданд ва то парвандаи ҷиноӣ ҳам намерасанд: «Албатта, дар ҳоли ҳозир дақиқан чизе гуфтан душвор аст, аммо боз шудани парванда алайҳи писари Зайд Саидов боз зарбаи дигарест ба худи Зайд. Зеро аз нигоҳи равонӣ болои он 26 соли зиндон боз ин хеле таъсирбахш аст.»

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Баъди эълони ҳукми 26 соли зиндон алайҳи соҳибкор Зайд Саидов, ки дар гузаштаи начандон дур ҳамнишини элитаи тоҷик буд, мақомоти тафтишотии Тоҷикистон боз аз чандин мавриди қонуншикании Зайд Саидов хабар доданд ва гуфтанд, ки мавориди дигаре ҳам доранд, ки дертар эълон хоҳад шуд. Зайд Саидов барои 26 сол зиндонӣ шуда, то поёни ин мӯҳлат 84 сола хоҳад шуд.

Хайрулло Саидов муассиси ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал" аст, ки таҳқиқи ҷиноии зидди Зайд Саидов аз фаъолияти ҳамин ширкат дар бунёди "Душанбе-Плаза" сар шуда буд. Дар авоили моҳи июл Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар як маълумотномаи расмӣ Зайд Саидовро ба “тасарруф”-и 36 миллион сомонӣ маблағҳои буҷаи шаҳри Душанбе айбдор кард. Аммо тавре ҷаноби Табаров мегӯяд, Зайд Саидов ин айбномаро комилан рад мекунад ва онро беасос мешуморад. Ба қавли ӯ Зайд Саидов гуфтааст, ки барои сохтмони Душанбе Плаза аз ҳисоби худаш 6 миллион доллар сарф кардааст чи гуна метавонад аз буҷаи шаҳр маблағ тасаруф кунад.

Зайд Саидови 56-сола – вазири собиқи саноат ва аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон- рӯзи 19 майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2013 Саидовро бо бо ҷурмҳои сангине, чун “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “ришваситонӣ” ба 26 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Ба дунбол, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 6 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира шуд.

XS
SM
MD
LG