Раёсати маорифи шаҳри Душанбе барои иҷро нашудани муқаррароти маъракаи "Занги камолот" дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ду ноиби директорро аз вазифа барканор карда ва мудири мактабро ҳам муҷозот мекунад.
Ҳамидуллохон Фақиров, роҳбари раёсати маорифи шаҳри Душанбе, рӯзи 17-уми июн ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки барканории ду муовини директори мактаби 90-и шаҳри Душанбе дар як ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф сурат гирифтааст. Хабари барканории директори мактаби 90-ро ҷаноби Фақиров рад карда гуфт, ки директорони мактабҳоро дар шаҳри Душанбе бо қарори шаҳрдорӣ таъин мекунанд ва ҳам барканории онҳо дар салоҳияти шаҳрдорист. Аммо роҳбари раёсати маорифи шаҳр афзуд, директори мактаб низ муsозот мешавад, аммо ҳоли ҳозир маълум нест чӣ гуна:
«Дар наворҳо кушоду равшан омадааст, ки муовини директори мактаб бо ҳамроҳии чанд муаллим хатмкунандагонро пешвоз гирифта истодаанд. Хонанда аз мошин мефарояд ва муаллимон онҳоро пешвоз мегиранд. Охир инро чӣ хел фаҳмидан мумкин аст?! Вақте муаллими мактаб дастурро риоят намекунад, хонандааш хилофи қонун амал мекунад, чизе намегӯяд, чаро бояд муҷозот нашаванд? Чаро волидон барои бе масъулиятӣ дар тарбияи фарзанд муҷозот мешавад, муаллим не ҳол он, ки ин қонун ба ҳарду ҷониб дахл дорад. Ба ҷой он ки хатмкунанда дар ин шабу рӯз дар андешаи супоридани имтиҳон бошад, аммо дар фикри он ҳастанд чӣ гуна либоси қиммат харида бо чӣ хел мошини хориҷӣ ба занги камолот биёянд.» Ҳамидуллохон Фақиров, афзуд масъулони мактабҳое, ки хонандагонашон дар авохири моҳи май дар муноқиша ва кордкашиҳо, ки боиси марги як хонанда гардид даст доштан, муҷозот хоҳанд шуд.
Занги камолот, ки рӯзи 7 июн баргузор шуд бар пай он як навори видеоӣ дар интернет нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки дар яке аз мактабҳои миёна хатмкунандагон духтару писарон ҷуфт-ҷуфт аз мошинҳои гаронарзиш поин шуда, ба саҳни мактаб медароянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазорати маориф бо мошин ба мактаб омадану ба шаҳр сайругашт карданро барои хонандагон манъ кардааст. Дар ин навори видеоӣ, ки таҷлили занги камолотро дар мактаби 90-и шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ҳамчунин чанд омӯзгори ин мактаб намоён аст.
Манъ будани ба мошин рафтани хонандагон ба мактаб дар ҳолест, ки дар ин навор ҳамчуни корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳам дида мешавад, ки ин ҳолатро назорат мекунад, аммо аз пешгирии он коре намекунад. Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳам дар ин бора хабаре нашр накардааст.
Аммо чанде аз омӯзгорони мактаби 90-и шаҳри Душанбе даст доштанашонро дар ташкили ин «чорабинӣ»-и хатмкунандагон рад мекунанд. Давлатбӣ Кабутова, муовини таълиму тарбияи раҳбари мактаби 90, ки аз вазифааш барканор шудааст, мегӯяд қабл аз рӯзи занги камолот ҳам волидон ва ҳам хонандагонро чанд маротиба огоҳ карда будаанд, ки қоидаҳоро риоят намоянд. Ҳатто аз падару модарон ҳам дар ин бора баёнот гирифтаанд.
Вай гуфт: «Ин ҷо айби падару модарон мебошанд, ки хатмкунандагон бо мошин омаданд. Чун мо ҳамаи онҳоро, ҳатто дар ҳузури кормандони мақомот огоҳ карда будем. Хатмкунандагон ҳам ваъда доданд, ки бо мошин ё либоси ғайри мактабӣ ба «Занги камолот» намеоянд. Бинобар ин мо интизор надоштем, ки чунин мешавад. Азбаски вақти ҷорабинӣ хело кам буд, ман муаллимонро барои он равон кардам, ки хонандагонро барои шитоб кардан даъват кунанд. На барои пешвози хатмкунандагон. Охир барои пешвози хатмкунандагон баромадани муаллимон ё муовини директори мактаб мантиқӣ нест. Баъдан онҳо бо мошин ба беруни мактаб омаданд, на саҳни мактаб.»
Саида, модари яке аз хатмкунандагон, ки писараш бо мошин ба «Занги камолот» омадааст, сабаби инро дар боридани борони шадид дар ҳамон рӯз маънидод кард. Ба қавли холаи Саида, аз сабаби бо шиддат боридани борон онҳо тасмим гирифтанд то фарзандашонро ба мошин то назди мактаб баранд:
«Маъмуриятӣ мактаб қаблан аз мо хоҳиш карда буданд, ки қонунро риоят кунем. Аммо он рӯз борон чунон сахте буд, ки агар писарам пиёда ба мактаб мерафт либосҳояш ифлос мешуданд. Писари ман бо мошини падараш рафта буд. Мо мошин киро накардаем. То ҷое медонам, дигарҳо низ бо мошини пайвандонашон ба назди мактаб омада буданд. Агар рӯзи офтобӣ мешуд ва писари мо бо мошин мерафт, гапи дигар буд. Охир чӣ зарурият буд, ки мо ҳам маблағи бештар сарф кунем ва ҳам барои бемасъулиятӣ муҷозот шавем?»
Ба қавли холаи Саида, онҳо низ чандон ҷонибдори он нестанд, ки барои таҷлил аз «Занги камолот» барои писарашон шиму костюми гаронарзиш харидорӣ кунанд. Зеро аз «Занги камолот» дида ба донишгоҳ дохил кардани онҳо муҳимтар аст. Аммо ин хонум мегӯяд, онҳо низ чӣ кор карданашонро намедонанд вақте фарзандон маҷбур мекунанд, ки шим ё костюми қимат барояшон харидорӣ кунанд.
Нисо Ғаюбова, сокини кӯчаи Сино, ки шоҳиди аз мошин фаромадани хатмкунандагон дар назди мактаби 90 будааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, он ҷо кормандони мақомот низ ширкат доштанд. Касе аз онҳо чизе нагуфт. Ягон ҷангу ҷанҷол ё нофаҳми миёни хатмкунандагон ё одамон сурат нагирифт. Ба қавли ин хонум лаҳзае, ки хатмкунандагон аз мошин берун мешуданд, садои сарзаниш кардани муовини директор ба гӯш мерасид, ки чаро онҳо либосҳои берун аз мактабӣ пӯшиданд ё бо мошин омаданд.
Зимнан гуфта мешавад аз миёни 157 хатмкунандаи ин мактаб, 14 нафари онҳо савораи мошин ба назди мактаб омадаанд.