Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе гумонбари асосӣ дар куштори як наврас дар ҷараёни занозании гурӯҳии хонандагони ду мактабро ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кард.
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, рӯзи панҷшанбеи 28-уми август Бобоҷон Ҳомидови 17-соларо дар марги Бурҳониддин Зарипов муҷрим шинохта ва ба муддати 7 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ барои Бобоҷон Ҳомидов бар асоси ду моддаи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон -- куштор ва авбошӣ - 10 соли зиндонро талаб карда буд.
Додгоҳ изҳор дошт, ки бино бар натиҷаҳои тафтишот, Бобоҷон Ҳомидов, рӯзи 30-юми май дар як муноқишаи гурӯҳӣ миёни хонандагони мактаби 54 ва 66-и шаҳри Душанбе Бурҳониддин Зариповро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст. Дар робита ба куштор ва занозании гурӯҳӣ ҷамъан 12 нафар боздошт шудаанд.
Дар сухани охиринаш дар додгоҳ Бобоҷон Ҳомидов гуноҳи худро дар қатли Бурҳониддин Зарипов қисман ба гардан гирифт ва аз волидайни Бурҳониддин узрхоҳӣ кард.
Ҳамчунин тибқи тасмими додгоҳи ноҳияи Сино Баҳрулло Асоев, Аъзам Рабиев, Ҷамолиддин Холназаров, Икромиддин Холназаров ва Собир Салихов бар асоси моддаҳои 237 қисми 2 банди б-и Қонуни ҷиноӣ бо пардохти 300 нишондиҳанда ба фоидаи давлат муваззаф шуданд. Як нишондиҳанда 40 сомонист ва ҳаҷми ҷаримаи инҳо ба ин тартиб 12 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.
Инчунин додгоҳ ба Комрон Холов, Сино Каҳҳоров, Алибахш Алиназаров, Толибхон Авазов, Беҳрӯз Одинаев ва Маҳмадшариф Ҳомидов мутобиқи бандҳои 63 ва 87-и Қонуни ҷиноӣ ба кори маҷбурӣ ҷалб кардан ба андозаи 160 соат ҷазо таъин намуд.
Аммо пайвандони Бурҳониддин Зарипов, аз ҳукми додгоҳ розӣ набуда, тасмим доранд дубора шикоят баранд. Хуршед Зарипов, бародари Бурҳониддин Зарипов дар толори додгоҳ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мехост дар худи толори додгоҳ ба ҳукми баровардаи додрас эътироз кунад, аммо падараш ба ин монеъ шудааст. Вай гуфт: «7 солу 6 моҳ барои қотил ин ҷазои беҳад сабук аст. Зеро дигарон пас аз ин мегӯянд, як нафарро мекушӣ, 7 сол дар зиндон мешинӣ, боз баромада, мегаштаӣ. Фикр мекунам на танҳо ба Ҳомидов, ба дигарон ҳам додрас ҷазои бисёр сабук таин кардааст.»
Додраси парванда Абдуҳаким Холиқов дар толори додгоҳ ба пайвандони марҳум гуфт, ки дарди онҳоро хуб мефаҳмад, зеро онҳо фарзандашонро аз даст доданд ва андӯҳи гарон доранд. Аммо мо низ аз чаҳорчӯби қонун берун баромада наметавонем. Ноболиғ ва ҷавон будани гунаҳкоронро ҳам ба инобат гирифтан лозим.
Вале дар толори пуриздиҳоми додгоҳ аён буд, ки ба ҷуз аз пайвандони марҳум Бурҳониддин ва муттаҳами асосӣ маҳкумшудагони дигар як андоза хушҳол буданд, махсусан 11 ҷавоне, ки бо пардохти ҷарима аз толори додгоҳ озод шуданд. Яке аз онҳо – Маҳмадшариф Ҳомидов - гуфт, аз кардааш сахт пушаймон аст ва омодааст 160 соат ҳавлии бинои истиқоматияшонро рӯбад.
Модари Бобоҷон Ҳомидов, ки зиёд гиря мекард ва номашро нагуфт, ҳукми додгоҳро беинсофона хонд. Вай афзуд: «Ман дар Маскав будам. Омадам, ки ҳама гуноҳро бар сари писари ман бор кардаанд. Мӯйҳои сари писарамро ба зӯр кандаанд. Чор маротиба шуд, ки дар СИЗО сарашро метарошанд мӯйҳояш намебарояд.»
Абдулбузург Асоев, ҳимоятгари Бобоҷон Ҳомидов, гуфт дар мувофиқа ба пайвандони зерҳимояаш барои шикояти кассатсионӣ ба додгоҳ дубора шикоят хоҳанд бурд. Зеро то имрӯз зерҳимояаш боре нагуфтааст, ки кушторро маҳз ӯ кардааст.
Куштори Бурҳониддин Зарипов, хонандаи мактаби 54-и шаҳри Душанбе дар ҷараёни як муноқиша миёни хонандагони мактаби 66 дар маҳаллаи 91-и пойтахт рӯзи 30-юми майи соли равон иттифоқ афтод. Ин даъво дар идомаи баҳси Сино Қаҳҳоров ва Алибахш Алиназаров дар шабакаи Одноклассники сар зада буд.
Ин ду хонандаи ду мактаби ба ҳам наздики Душанбе дар «Одноклассники» бо ҳам «чат» ё паёмзанӣ мекарданд ва гуфтугӯи онҳо ба ҷое расид, ки кадоме аз ҳарду зӯранд. «Зӯр» будан дар фаҳмиши онҳо доштани «дӯстдухтар»-ро ҳам фаро мегирифт. Яке гуфт, «арӯс» дорад ва дигариро айбдор кард, ки бо ҳеч духтаре дӯст нест ва биноан «лох», яъне «беғайрат» аст.
Лаҳни таҳқиромез сабаб гашт, ки яке дигариро ба «ҷанги тан ба тан» даъват кунад. Ду нафар дӯстони худро низ ба саҳнаи занозанӣ даъват карданд ва дар натиҷа моҷарои онҳо ба занозании гурӯҳие мунҷар шуд, ки дар ҷараёни он Бурҳониддин Зарипов аз дасти Бобоҷон Ҳомидов, ки дар ҳеч яке аз ин мактабҳо таҳсил намекард, кушта шуд.