Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсори Сафӣ: "Ман шеъре зидди Муҳиддин Кабирӣ нагуфтаам"


Гулрухсори Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик
Гулрухсори Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик

Шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор мегӯяд, шеъре зидди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва раҳбари он -- Муҳиддин Кабирӣ нашр шудааст, рабте ба ӯ надорад.

Дар ҳоле ки чанд рӯзи охир дар шабакаи Фейсбук шеъре бо номи «Наҳзат» ва зерхатти «Муроҷиати шоираи тоҷик ба Муҳиддин Кабирӣ» ҳамроҳ бо акси Гулрухсори Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик паҳн шудааст, худи шоира дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки ҳеч гуна шеъре зидди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва раҳбари он -- Муҳиддин Кабирӣ нанавиштааст.

Дар ин шеър ҳизби мазкур "тарҳи паймони Ҳизбуттаҳрир", як созмони ифротӣ ва мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабирӣ "гадои халта бар китф" унвон шуда, омадааст, ки ӯ пул ҷамъ меорад, то вазъи кишварро ба ҳам занад, аммо мардуми Тоҷикистонро "дигар даври фиребаш нест".

Хонуми Гулрухсор мегӯяд, аз он нохуш аст, ки чунин шеъри сусту сабук ва бемаъниеро ба номи ӯ пайванд додаанд ва ӯро низ тӯҳмат кардаанд. Шоира, ки ҳоло барои нашри дувуми романаш -- «Занони сабзбаҳор» дар Маскав аст, чоршанбеи 6-уми август дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аслан бо тӯҳматзаниҳо нисбаташ одат кардааст, аммо аз он ки ин қадар як шеъри «фач»-ро ба ӯ рабт додаанд, сахт нороҳат аст. Вай афзуд, Муҳиддин Кабириро аз хурдсолияш мешиносад ва ба ӯ эҳтиром дорад. Ин аст, ки ба қавли хонум Гулрухсор, гурӯҳе ин корро ба хотири ҳадафҳои сиёсии худ анҷом додаанд ва моро ба сангарҳои сиёсии худ мекашанд, ҳол он ки онҳо аслан сиёсатмадор нестанд: «Сиёсат, ки оқилона набошад, хонаи миллатро вайрон мекунад. Барои ҳамин ҳар касе ин шеърро аз номи ман навиштааст, ассан пасттарин инсони дунё аст. Барои он ки ҳамчун шоир ҳатто ҳусни хаттам чунин нест. Инҳое, ки одамонро тӯҳмат мекунанд, сояҳоеанд, ки ҳатто офтобҳоро фурӯ бурдан мехоҳанд. Ман дар ин гуна бозиҳо ҳеҷ вақт иштирок накардаам. Бозии сиёсӣ ҳамон вақт бозӣ аст, ки одам ҳадаф дорад. Аз ман чӣ ҳадаф аст? Ман ҳеҷ вазифа ё мансаб намехоҳам.»

Хонум Сафӣ ҳамзамон гуфт, "Ватани ҳазорсолаи маро ба ҳеҷ гуна тӯҳмату ғайбат наметавонанд, хароб кард, ҳарчанд онро ба қафо мекашанд, ки он ҳам муваққатист."

Шеъри «Наҳзат» дар шабакаи Фейсбук таҳти унвони «Муроҷиати шоираи тоҷик ба Муҳиддин Кабирӣ» бо акси Гулрухсор Сафиева дар сафҳаи "Солеҳи Ҳотамиён" нашр шудааст, ки борҳо матолиберо зидди мухолифони давлат ба миён гузоштааст. Ӯро барои навиштаҳои таҳқиромезаш дар бораи Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал демократ, тарафдорони ин ҳизбҳо дар Фейсбук “манфуртарин” корбари гӯшаи тоҷикии ин шабакаи иҷтимоӣ хондаанд ва дашномҳои бадтарини тоҷикиро дар ҳаққи ӯ раво дидаанд. Ӯ худро дар саҳифаи Фейсбукаш хабарнигори хабаргузории русии “Регнум” муаррифӣ мекунад, агарчӣ “Регнум” расман гуфтааст, ки чунин хабарнигоре дар Тоҷикистон надорад.

Дар як мукотиба бо Радиои Озодӣ "Солеҳи Ҳотамиён" навишт, ки ин шеър воқеан моли Гулрухсор аст, вале кадом сол навишта шуданаш маълум нест. Вай ҳамчунин навишт: «бигзор Кабирӣ ва Гулрухсор шарҳ диҳанд инҳоро.»

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал нест, ки аз номи шахсиятҳои гуногун ва чеҳраҳои шинохтаи тоҷик дигарон ба қавле «эҷод» мекунанд ва ин гуна корҳо бар зарари миллати тоҷик аст: «Онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Ба хусус аз онҳое, ки соҳиби қалам ҳастанд. Бо ин кор ҳам обрӯи журналистонро мерезонанд ва ҳам аз шоиронро. Қадру қимати шеър паст меравад. Чунин ба назар мерасад, гӯё ҳар касе шеър гуфта метавонад ва мақолае навишта метавонад, ҳамаашон гӯё омода ҳастанд дар баробари маблағе ё амре ба ин гуна корҳои пасту ифлосро анҷом медиҳанд.»

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, омода ҳаст, ҳар эроду гуфтание ҳаст шунаванд, аммо на бо василаи суистифода аз чеҳраҳое, ки мардум ба онҳо эҳтиром доранд.

XS
SM
MD
LG