Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июн фелдшери нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмоналӣ Ғайратовро барои бадрафторӣ бо сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоев ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Усмоналӣ Ғайратов бар пояи ду банди Кодекси ҷиноии кишвар – дар хатар мондани ҷони дигарон ва поймол кардани оинномаи муносибати хизматчиёни ҳарбӣ ба 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Ҳамзамон бар пояи ҳукми додгоҳ Ғайратов хисороти маънавии хонаводаи Шаҳбол Мирзоевро бо 8000 сомонӣ ($1,625) ҷуброн мекунад ва барои табобати ӯ 5,500 сомонӣ (1,158) месупорад.
Додгоҳ ҷавобгари дигар -- Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ин қисми низомиро бино бар ду банди қонуни ҷиноӣ -иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои хизматӣ ва вайронкунии қоидаҳои оинномавӣ муттаҳам донист. Ин хонум, ки дар шаби маъюб шудани Шаҳбол Мирзоев навбатдор будааст, ба 1,5 соли кори маҷбурӣ бо мусодираи 15 дарсади маошаш маҳкум шуд. Ҳамчунин додрас ҳукм кард, ки давоми якунимсоли дигар Гулрафтор Ширинова аз ҳаққи гирифтани рутбаи низомӣ ва тӯҳфаҳои давлатӣ маҳрум карда шавад.
Айбдоркунанда қаблан аз додгоҳ барои Усмоналӣ Ғайратов 10 соли зиндон ва барои Гулрафтор Ширинова 2 соли кори иҷборӣ талаб карда буд.
Вакили дифои Усмоналӣ Ғайратов, Абӯбакр Қулматов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро нисбати ӯ ноодилона донист: «Далелҳо аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ сохта шуда буд. Гумон мекунам, додгоҳ онҳоро бе асос ба инобат гирифт. Гуноҳи Ғайратов на дар моддаи 127 ва на дар моддаи 373 тасдиқи худро наёфтааст. Бинобар ин, мо ният дорем шикояти кассатсионӣ барем.»
Маҳмадшариф Ғайратов, падари Усмоналӣ низ ҳукми додгоҳро алайҳи писараш беинсофӣ хонд. Ӯ мегӯяд чун падар ба ин ҳукм умуман розӣ нест. Зеро ба қавли ӯ, далелҳои мавҷуд дар додгоҳ "ташкилшуда" аст. Ҷаноби Ғайратов мегӯяд: «Дар ҳақиқат дилам ба писари онҳо месӯзад. Бемор аст. Аммо то ба ин ҳад ташкил кардани кор беинсофист. 9 сол, боз болои ин ҷарима!»
Аз ҳукми додрас пайвандони Шаҳбол Мирзоев низ розӣ нестанд.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иброз дошт, ки аз рӯи ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад бурд, зеро, мегӯяд ӯ, чанд нафари дигар, аз қабили раҳбари қисми низомӣ ва навбатдори қисми низомӣ низ бояд ҷазо мегирифтанд. Ӯ мегӯяд додгоҳ аз манфиатҳои фарзанди маъюбаш сарфи назар кард.
Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, то имрӯз барои табобати писараш ҳудуди 40 000 доллар сарф кардааст, вале додгоҳ Ғайратовро ба пардохти маблағи ночиз муваззаф кард.
Абдулмаҷид Ризоев, вакили дифои Шаҳбол Мирзоев, низ бар ин аст, ки додрас бояд бештар ба пардохти товон тамаркуз мекард: «Дар суд дар бораи пардохти тавон ба манфиати сарраёсати марзбонӣ ва давлат гуфта шуд, аммо дар бораи зарари расида ба Шаҳбол чизе намегӯянд. Маълум мешавад, ки додгоҳ инро ба инобат нагирифтааст. Ҳол он ки ин паҳлуи масъала аз ҳама муҳим буд»- мегӯяд вакили дифоъ.
Аммо соҳибназарон бар онанд, ки ба қазияи латукӯби Шаҳбол Мирзоев бояд аз ду зовия нигариста шавад. Ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва ҳам аз нигоҳи аҳлоқӣ.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, он ки додгоҳ ба 9 соли зиндон Ғайратовро маҳкум кард, ба сари худ рӯйдоди муҳим аст: зеро дар таҷрибаи Тоҷикистон кам иттифоқ меуфтад, ки касе барои бадрафторӣ, бахусус нисбат ба сарбоз зиндонӣ шавад. Аммо ба гуфтаи ин ҳуқуқдон, додгоҳ бояд ҳама хароҷоти хонаводаи Мирзоевро ҳисобу китоб карда, пардохташро ба дӯши нирӯҳои марзбонӣ ё гунаҳкори асосӣ мегузошт.
Қазияи Шаҳбол Мирзоеви 22-сола аз пурсарусадотарин мавридҳои расонаишудаи бадрафторӣ дар суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дониста мешавад. Гардан ва сутунмӯҳраи ин сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, дар моҳи март, бар асари бадрафторӣ аз сӯи як ҳамхидматаш шикаст ва ӯ маъюб гашт. Масъулон ва ҳамхидматон ӯро пас аз 13 соати воқеа ба бемористон бурдаанд.
Хадамоти марзбонӣ бо вуҷуди ваъдаи мадад дар табобати ин сарбоз, кори назаррасе анҷом надод ва падари Шаҳбол маҷбур шуд, хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар бемористоне дар Русия ҷарроҳӣ кунад. Шаҳбол рӯзи 19 май аз Русия баргашт ва то имрӯз дар бемористони вилоятии Суғд шушҳояшро табобат мекунад. Ҳукми озордиҳандагони Шаҳбол Мирзоев дар ҳоле нашр шуд, ки интизор меравад, ки ӯро дигарбора барои табобат ба Русия баранд. Ва ғолибан ин бор ҳам аз ҳисоби падару модараш.