Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақиқати таркиш дар Арбобхотун (АКС, 2 ВИДЕО)


Раҳбарони корхонаи арматурсозии Арбобхотун таркишеро, ки дар натиҷааш даҳҳо нафар ва асосан кӯдакон заҳролуд шуданд, як “воҳима” меноманд, вале сарварони ноҳияи Рӯдакӣ бар инанд, ки ҳамаи сокинони ин минтақа бояд аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Мавҷуда Бобоева, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, 28 нафар пас аз муоинаи тиббӣ ба хонаҳои худ баргаштанд ва ҳамаи сокинони ин мавзеъ аз тарафи кормандони бахши тандурустии ноҳия муоина мешаванд: «Ин корхона дар ҳудуди ноҳияи Сино ҷойгир аст. Айни замон аз ҳисоби табибони ноҳияи Рӯдакӣ сокинони деҳаи Арбобхотун пурра аз муоина гузашта истодаанд. Сохторҳои тиббии ноҳияи Рӯдакӣ талош доранд, ки дақиқ кунанд, то миёни аҳолӣ ягон нафар осебдида намонад. Агар онҳо дақиқ кунанд, ки ягон нафари дигар осебдида ҳаст, мо ба онҳо низ кӯмакҳои тиббӣ мерасонем.»

Дар ҷои таркиш доираи сиёҳ боқӣ монда, пас аз даҳ соати воқеа низ ҳавои атроф ҳанӯз бӯйи хлор мекард. Пажӯҳиши Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон нишон дод, ки шоми 14 август, соати 20:25 кормандони сехи арматурсозӣ хостаанд, як балони 40 килограммиро барои сохтани бухорӣ ё худ печка бо кафшер буранд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоғҷикистон, ҷумъаи 15 август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо аввалин расиши кафшер ин балон бо садои баланд таркида, аз сӯрохи он гази бадбӯй берун шудааст. Коргарон барои оташ нагирифтанаш балонро ба ҳавзи об партофтаанд. Дар ин байн гази заҳролуди аммонии хлорид ба атроф паҳн шуда, одамонро заҳролуд кардааст.

Бештар аз ҳама аҳли хонаводаи Акобировҳо, ки дар масофаи 19 метр аз ин корхона зиндагӣ мекунанд зарар дидаанд. Танҳо аз ин хонадон 21 нафар заҳролуд шудаанд. Узви ин хонавода Наргис Акобирова мегӯяд, бо паҳн шудани бӯи ғализ аввал кӯдакони хонаашон ба сулфидан сар карда, дилбеҳузур шуданд. Ба қавли ин хонум, тамоми ҳавлиро газ пахш карда буд, ки аҳли хонавода аз таъсири он қариб беҳуш шуданд.

Ӯ мегӯяд, аз 21 нафари заҳролудшуда 8 нафарашон калонсол будаанду боқимонда кӯдакон: «Мисле, ки одамро наркоз дода бе ҳуш мекунанд, ҳамин хел шудем. Як бӯй баде буд, ки одам ба душворӣ нафас мекашид. Ҳама кӯдаконро дар як хонаамон маҳкам кардем. Писарчаи додарам, ки думоҳа аст, дар ҳавли хоб буд. Аҳволи кӯдак хело бад шуд.»

Ҳангоми боздиди хабарнигори Радиои Озодӣ аз деҳаи Арбобхотун кормандони “Ёрии таъҷилӣ” ва ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ он ҷо буданд. Сокинони деҳа ба онҳо арз карданд, ки дар назди деҳа ду заводи арматурсозӣ мавҷуданд, ки гоҳ -гоҳ дуди ғализи сиёҳи онҳо деҳаро пахш мекунад. Ба қавли онҳо, сокинон борҳо ҳам ба шаҳрдори Душанбе ва ҳам ба дигар мақомоти дахлдор муроҷиат карданд, аммо касе ба мушкилашон расидагӣ накардааст.

Дар ин деҳа, ки 5 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебарад, сокинонашон тарс доранд, ки дар сурати дубора ба амал омадани ин гуна ҳодиса, эҳтимол дорад, нафаре зарари ҷиддӣ бинад. Онҳо шукргузорӣ мекарданд, ки талафоти ҷонӣ нашудааст.

Ҳабиба Холмирзоева, сокини дигари ин деҳа, ки обистан аст, бо ду духтари ноболиғаш заҳролуд шудааст: «Нафасамон гирифт, афтидем. Бачаҳои хешу табор, ки мошин доранд, зуд ба беморхона бурданд. Кӯдаконро ба Қаряи Боло ва худамро ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ бурданд. Муоина карданд, ҳоли тифли батнам ҳам хуб аст гуфтанд. Копелнитса мондану ҷавобамон додан. Шукри Худо ҳоло хубем. Шикоят надорем.»

Дар ҳамин ҳол Бобохон Раҳмонов, пизишки корпуси 9-ум бемористони Қаряи Боло, ҷумъаи 15 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан соатҳои 9:30 дақиқаи шаби гузашта 19 сокинони рустои Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ ба бемористон оварда шуданд, ки аз онҳо 16 нафарашон кӯдакони аз 3 моҳа то 14 сола буданд. Ба гуфтаи Бобохон Раҳмонов, кӯдакон аз сӯи пизишкон муддати ду соат мавриди муолиҷа қарор гирифтанд ва дар бадани онҳо олудашавӣ аз маводи кимиёвӣ ба мушоҳида нарасид. Ба ин далел онҳо аз бемористон ҷавоб дода шуданд.

Шарҳи расмии ҳодисаи таркиш дар Арбобхотун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Бо вуҷуди эътирози сахти сокинони деҳа маълум нест, воқеаи ахир ба боз шудани парвандаи ҷиноӣ ё маъмурӣ сабаб хоҳад гашт ё на. Маҳмадулло Раҳматов, раҳбари корхонаи арматурсозӣ, ки он ҷо таркиши балони гази кимёвӣ ба амал омад, аз шарҳи қазия худдорӣ кард. Ӯ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, аслан аз чизе огоҳ нест ва намедонад ҳодиса чӣ гуна сар задааст. Ба қавли вай, касе осеб надидааст, вале одамон «воҳима» доранд.

Гуфта мешавад дар шафати ин корхона боз як корхонаи дигаре низ ҳаст, ки баъди ба амал омадани ҳодисаи таркиш кормандонашон дарҳои худро қулф зада рафтанд. Зимнан дар ин корхона 7 нафар кор мекунад. Макони ин корхонаҳо дар гузашта берун аз деҳа буд, аммо бо густариши деҳа акнун мардум дар ҳамсоягии онҳо ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG