Аз ҳисоби 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди зиёрати Маккаву Мадинаро доранд, ба 4 ҳазор нафари онҳо гуфтаанд, ки шиносномаҳои биометрӣ бигиранд, зеро бо шиносномаҳои оддии хориҷӣ онҳоро ба Арабистони Саудӣ роҳ намедиҳанд. Афшин Муқимов, сухангӯӣ Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 23-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар чунин тағйир дар шарти сафар ба Арабистони Саудӣ, ба тамоми зоирон гуфтаанд, ки шиносномаҳои нави биометрӣ бигиранд. Ба қавли ӯ, аз мақомоти расмӣ ҳам хоста шудааст, ки дар зудтар гирифтани шиноснома ба зоирон кӯмак кунанд:
«Шӯъбаҳои корҳои дохилии ҳама минтақаҳо супориш гирифтаанд, ки ба ҳоҷиён кӯмак кунанд. Ҳар чӣ зудтар ба ҳама ҳоҷиён бо нархи минималӣ, яъне 75 доллару 60 сомонӣ шиносномаи биометрӣ омода кунанд. Ҳоли
ҳозир гирифтани виза тариқи онлайнӣ сурат мегирад. Сомонае, ки бояд маълумотҳои ҳоҷиёни тоҷикро барои омода кардани виза мегирифт, аз шиносномаҳои хориҷии солҳои пешин наметавонад иттилоъро бигирад. Танҳо аз шиносномаҳои биометрӣ метавонад маълумотҳои лозимаро гирад.»
Азбаски маросими ҳаҷҷи имсола ба даҳаи аввали моҳи октябр рост меояд, гуфта мешавад, то 25-уми август бояд ҳама зоирони тоҷик шиносномаи биометрӣ бигиранд, чун сафари онҳо ба Арабистони Саудӣ аз нимаи аввали моҳи сентябр шурӯъ мешавад.
Якбора афзудани тақозо ба шиносномаҳои нав, сабаби ба таъхир афтодани мӯҳлати додани шиносномаҳои онҳое шудааст, ки ҳафтаҳо пеш аз Хадамоти шиносномадиҳӣ дархости санади нав кардаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар назди Хадамоти шиносномадиҳӣ, на танҳо зоирон, балки афроди зиёди дигарро дид, ки барои гирифтани шиноснома навбат меистоданд. Гурӯҳе аз онҳо иддао мекарданд, ки бо далелҳои номаълум беш аз ду ҳафта аст, шиносномаҳояшонро нагирифтаанд. Онҳое аз кори Хадамоти шиносномадиҳӣ ва мақомоти зиддахл шикоят мекарданд, ки ба қавли худашон барои ҳарчӣ зудтар гирифтани шиноснома маблағи зиёд пардохтаанд.
Комрон Абдуллоев, ҷавони 24 солаи тоҷик, ки интизори омода шудани шиносномаи худ дар назди Хадамоти шинсономадиҳӣ қарор дошт, гуфт, бояд барои иштирок дар мусобиқаи гуштини дзюдо ба Русия сафар мекард. Аммо бо иллати сари вақт гирифта натавонистани шиноснома, номаш аз рӯйхати иштирокчиёни мусобиқа афтид: «Дар ҳамон ҷо навишта шудааст, ки бо пардохти 225 доллар шиносномаро дар се рӯз омода мекунанд. Лекин намедонам чаро онҳо 10 рӯз инҷониб моро имрӯзу пагоҳ биёед гуфта, саргардон мекунанд. Охир ҳамин хел мушкил доранд чаро аз одамон ин хел маблағро мегиранд. Намегӯянд имкони додани шиносномаро надоранд.»
Раҳмиддин Шарипов, ҷавони дигар, ки аз ноҳияи Ванҷ барои гирифтани шиносномаи биометрӣ ба пойтахт омадааст, мегӯяд, бештар аз як ҳафта аст, ки саргардон аст. Раҳмиддин мегӯяд, барои он, ки шиносномааш дар се рӯз омода шавад, 12-уми август 300 доллари арикоӣ пардохт карда буд: «Мегӯянд мешавад. Имрӯз тоқат кун. Пагоҳ биё мешавад, гуфта, ҳамин хел аллакай 11 рӯз шуд. Охир аз роҳи ноҳияи Ванҷ омадан осон аст магар? Роҳкиро намегӯед?»
Амрулло Собиров, донишҷӯи соли аввали Академияи ҷангалпарварии Русия мегӯяд, ӯ ва бародараш ҳарду барои таҳсил бояд санаи 22-юми август ба Русия мерафтанд. Онҳо 12-уми август 250 долларӣ, барои ду шиноснома маблағ супориданд. Аммо то ҳол наметавонанд шиносномаҳои худро бигиранд. Ба қавли Амрулло, онҳо барои гирифтани хобгоҳ дер
кардаанд, аммо ҳадди аққал бояд то оғози дарсҳо он ҷо бошанд. Бар тибқи нархномаи муқарраршуда, барои гирифтани шиноснома дар 15 рӯзи корӣ 75 доллар ва 60 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохтан лозим аст ва барои гирифтани шиноснома дар се рӯз 225 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатӣ ва боҷи хидмат муқаррар шудааст.
Сӯҳроб Рамазонов, раҳбари Хадамоти шиносномадиҳии вазорати умури дохилӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар тақозои зиёд ба шиноснома, таъхир дар додани ин санад пеш меояд. Ба қавли Сӯҳроб, кормандони ин ниҳод барои ҳалли мушкили ҷойдошта ҳатто рӯзҳои истироҳат кор мекунанд. Намояндаи вазорати умури дохилӣ афзуд, ки бояд то рӯзи 25-уми август барои 4 ҳазор зоирони тоҷик шиносномаи хориҷӣ омода карда шавад ва ин кор умдатан дар вазорати умури хориҷӣ сурат мегирад. Ба қавли ӯ, дастгоҳҳои омода кардани чунин шиносномаҳо
вайрон шудаанд, вале бо вуҷуди ин вазорати умури хориҷӣ талош дорад, барои онҳое, ки сахт ба шиносномаи хориҷӣ эҳтиёҷ доранд, ин санадро бидиҳад. Бахусус ба онҳое, ки бояд барои муолиҷа ба хориҷ бираванд ва ё онҳое, ки барои овардани ҷасади пайвандашон ба Русия сафар мекунанд.
Сӯҳроб Рамазонов мегӯяд, агар мушкили шиносномаҳои зоирон пеш намеомад, ба эҳтимоли зиёд ҳама шаҳрвандон сари вақт шиносномаҳояшонро мегирифтанд. Солҳои гузашта низ сафари зоирони тоҷик ба Маккаву Мадина бо мушкилоте ҳамроҳ буд ва матбуоти дохилӣ мегуфтанд, ки мақомот аз ҳисоби зоирон ба ҳар роҳе пул кор мекунанд.