Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе эълони ҳукми айбдоршаванда дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳшударо рӯзи 18-уми июн эълон мекунад.
Дар шаҳри Душанбе ҳамоише ба муносибати 68-умин солгарди хунёгари беҳамтои Шарқ Аҳмад Зоҳир баргузор шуд.
Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ нишон дод, ки пойтахти Тоҷикистон маконҳои диданӣ зиёд дорад, вале ба қавли як ҳамсӯҳбати мо, "оби дари хонаро лой мегӯянд."
Автобуси ҳомили молу колои тоҷирони тоҷик дар назди бозори "Корвон". Тоҷирон аз ин бозор ба саросари Тоҷикистон барои фурӯш бор мебаранд.
Усмоналӣ Ғайратов, муттаҳами асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 11 июн дар додгоҳ гуфт, набояд товони зарари Шаҳболро танҳо ба гардани ӯ бияндозанд.
Вазорати корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки барои решакан кардани фоҳишагӣ дар кишвар ба мақомоти қудратӣ кӯмак кунанд. Аммо ин иқдом то куҷо ба ҳадафи аслӣ мерасад ва оё ҷомеаи тоҷик ба ин кор омода аст?
Рӯзи 9 июн дар мурофиаипарвандаи латукӯби сарбози нерӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев дар гарнизони ҳарбии Душанбе шоҳиди асосӣ гуфт, онҷо на гуштӣ, балки латтукӯб буд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон ёдовар шуд, ки расми «Занги охир» дар рӯзи 7-уми июн бояд аз як ҳамоиши 45-дақиқагии паёми табрикӣ ва тақдими ифтихорнома ба хатмкунандагони фаъоли мактабҳо иборат бошад.
4 июн Рӯзи байналмилалии пуштибонӣ аз кӯдакони бегуноҳи қурбонии табъиз буд. Дар ин рӯз Озодӣ ба сарнавишти кӯдаконе мепардозад, ки мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд.
Волидони Шукрона Давлатоваи 12-сола мегӯянд, ки ӯ аз тарси муаллима сӯзани рӯсарияшро фурӯ бурдааст. Шукрона ҳоло дар бемористони Қарияи боло қарор дорад.
Баҳси ду наврас дар шабакаи "Одноклассники" ба занозании гурӯҳӣ ва ҳалокати хамткунандаи мактаби рақами 66-и шаҳри Душанбе анҷом ёфта, ба нигарониҳои зиёде дар ҷомеаи Тоҷикистон оғоз ниҳод.
Як гурӯҳи занони бозорнишин аз шаҳри Исфара нигаронанд, ки баъди сохтани мағозаи нав дар ҷои дӯконҳои онҳо дар бозори марказии шаҳр онҳо аз манбаи даромади зиндагии худ маҳрум мешаванд.
Бо вуҷуди талаби сокинони яке аз кӯчаҳои пойтахт барои нигаҳ доштани майдончаи бозӣ барои кӯдаконашон, зоҳиран дар ҷои ин майдонча бинои нав қомат меафрозад.
Волидон барои ҷиҳози арӯсии духтарони худ дороии худро ба гарав мегузоранд ва аз бонкҳо қарз мегиранд. Ҳарчанд ин қарзҳо чандон калон нестанд, вале бархе аз оилаҳо то чанд соли дигар зери бори он мемонанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо талош доранд, занҳои зиндонии тоҷикро ба таҳсил ва бозомӯзӣ ҷалб кунанд.
Шаҳрдории Душанбе мехоҳад, дар навбати имсолаи Ҳаҷ ба нафарони фаъоли ҷамъиятӣ, ғолибони озмунҳо ва раисони маҳалҳо бартарӣ дода шавад.
Сабти клип дар манзараҳои хориҷ аз Тоҷикистон ва шиква аз ҷудоӣ ё ба истилоҳ «кидать» шудан аз ҷониби дӯстдоштаҳо аз мавзӯъҳои хоси таронаҳои сарояндагони тоҷик боқӣ мемонад.
Як пора коғазе, ки аз ҳавлии Раҷабалӣ Каримов, мудири мактаби рақами 30-и ноҳияи Вашх пайдо шуд, ба гардани ҳамкораш Икромалӣ Сайдалиев ҷинояти марбут ба терроризмро бор кард.
Пирамарди 75-солаи тоҷик 10 моҳи пеш ба алафдаравӣ рафт, аммо ҳеҷ интизор надошт, ки ин шуғли маъмулӣ ӯро ба зиндони Узбакистон мебарад.
Танҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ ва танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 2 200 падару модар бо ҷурми "бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд" муҷозот шудаанд.
Ёфтҳои бештар