Маҳмадалӣ Давлатов, муовини сардори Хадамоти назорати фаъолияти фармасевтӣ, рӯзи сешанбе 19-уми август, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон дорувориҳо асосан аз ҷониби соҳибкоронӣ ватанӣ ворид карда мешаванд. Ва ин доруҳоро умдатан аз кишварҳои Аврупо ва ҳам аз кишварҳои Осиё меоранд ва аз ҷумла аз Русия, Белорусия, Украина, Покистон, Чин ва Ҳиндустон.
Ба қавли ҷаноби Давлатов ҳоли ҳозир дар бозори дорувории Тоҷикистон ҳама гуна доруҳои ниёзи мардумро пайдо кардан мумкин аст. Ӯ мегӯяд ҳарчанд ба қайд гирифтани маводҳои доруворӣ хубтар роҳандозӣ шудааст, аммо рейдҳо нишон медиҳанд, ки доруҳои ғайриқобили истифода ҳам зиёд ба қайд гирифта мешаванд.
Аз ҷумла баъзе аз соҳибкорони беинсоф доруҳоеро меоранд, ки маълум нест дар куҷову чӣ гуна истеҳсол шудаанд. Ҳарчанд аксарияти доруҳоро ба таври қонунӣ ва риояти меъёру қоидаҳо ворид мекунанд, аммо ҳангоми тафтиши дорухонаҳо маълум мешавад, қочоқи дору ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Актовегин ва эссентсиале аз ҷумлаи доруҳое будаанд, ки сертификати сифат надошта ва қочоқӣ ба Тоҷикистон мешавад. Давлатов мегӯяд: «Сабаби дигари ҷавобгӯ набудани дорувориҳо он аст, ки онҳо аз ҷониби тоҷирон дуруст нигоҳдорӣ намешаванд. Дар шароите нигоҳдорӣ мешаванд, ки хусусияти худро гум мекунанд. Масалан дар ҷойҳои гарм нигоҳдорӣ мешаванд, ки ин мумкин нест. »
Дар солҳои гузашта зиёд мушоҳида мешуд, ки доруҳои гуногунро зери офтоб дар кӯча рӯи миз гузошта мефурӯхтанд, аммо ҳоло ингуна чизро намебинед. Ба қавли Маҳмадалӣ Давлатов, ин ниҳод бештар аз 19 ҳазору 548 намунаи доруҳоро ташхис карданд, ки 85 номгӯй онҳо аз қабили омега 3, 6, 9, парасетамол, ки дар зиёд истифода мешаванд, докситсиклин, милдронат, ки барои бемориҳои қалбӣ ба кор мераванд, ё сифати бад доранд ва ё ғайрқобилистифода шудаанд.
Сокинон ҳам аз сифати доруҳо шикоят мекунанд. Марҷона Холиқназарова, сокини 26-солаи Душанбе, ки аз яке дорухонаҳои назди беморхонаи Қарияи Боло барои духтарчаи якуним солааш витамин харидорӣ мекард дар сӯҳбат ба мо гуфт, ба доруворие, ки имрӯз дар дорухонаҳо ба фурӯш гузошта мешаванд бовар надорад. Аммо ба қавли худаш «таваккал» карда, дору мехарад.
Вай мегӯяд: "Дар баробари он ки доруҳо сифати хуб надоранд, боз табибон ҳам бисёр бепарвоӣ мекунанд. Бештари онҳо ҳар доруе дилаш хост навистан мегиранд. Чанде пештар гурдаҳоям дард кард назди табиб рафтам. Ба ман пардифен тавсия дод. Ҳайрон шудам, ки доруи пардифен ба дарди гурда чӣ алоқамандӣ дошта бошад. Ба назди дигар духтур рафтам гуфт гурдаҳоят каме шамол хурдааст рав гули бобунаро чой карда нӯш сиҳат мешавад. Шарт нест дору хӯрдан."
Аммо соҳибкороне, ки ба хариду фурӯши доруворӣ машғуланд, мегӯянд, гунаҳкор худи мардум аст, ки доруҳоро дуруст ва бар тибқи тавсияи табиб истеъмол намекунанд. Нодира Ашӯрова, ки дар яке аз дорухонаҳои маркази Душанбе кор мекунад, мегӯяд, доруҳоро бештар аз Ҳинд ва Чин меоранд. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бештари мавридҳо одамон доруҳоро дар реклама дида, ба табиб муроҷиат накарда ба дорухонаҳо меоянд. Ин хонум мегӯяд, ӯ ба харидорон мефаҳмонад, ки доруҳоро бидуни тавсияи табибон истифода кардан мумкин нест, аммо на ҳамеша одамон ба гапашон гӯш медиҳанд: «Намедонам барои чӣ бештар одамон ба антибиотикҳо таваҷҷӯҳ доранд. Табибон ҳам антибиотикро зиёд тавсия медиҳанд. Ба хусус дар тобистон. Баъдан доруҳои бедардкунанда ба монанди синепарро он қадар зиёд мехаранд, ки ногуфтанӣ.»
Ба қавли ин доруфурӯш бештари одамон ҳангоми харидории доруҳо ҳатто ба мӯҳлати истифодабарии онҳо нигоҳ намекунанд. Агарчӣ доруҳои тақаллубӣ ва ғайри қобили қабул дар Тоҷикистон афзуда бошанд ҳам, аммо гуфта мешавад аз аввали соли ҷорӣ танҳо 5 шикояти шаҳрвандон дар хусуси сифати пасти доруҳо қайд шудааст.