Бо ширкати раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, пуле дар фарози рӯди Панҷ, воқеъ дар маҳалли Хумроғии ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳ шуд.
Додситонии Бадахшон мегӯяд, талоши онҳо барои лағви дахлнопазирии вакилони муттаҳам ба ҷиноят ба мухолифати шадиди маҷлисҳои маҳаллӣ рӯ ба рӯ мегардад.
Додгоҳи Бадахшон шаҳрванди Афғонистон Сарвархон валади Ҳазратшоҳро барои хариди ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо ба мӯҳлати якуним сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ фестивали «Боми ҷаҳон» ифтитоҳ ёфт.
Ба иттилоъи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, эҳтимолӣ хатари пайдоиши «Сарези дуввум» дар ноҳияи Ванҷ, ки бар асари ҳаракати пиряхи Хирсон ва басташавии муваққатии маҷрои рӯди Абдуқаҳҳор ба вуҷуд омад, аз байн рафтааст.
ҲНИТ аз таъқиби аъзои ҳизб аз ҷониби маъмурини амниятӣ дар Бадахшон изҳори нигаронӣ кард.
Гурӯҳи устодони донишгоҳи давлатии Хоруғ барои таъхир дар пардохти маош эътироз карданд.
Дар намоиши ҳунарҳои кӯдакони маъюб, ки дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ баргузор шуд, тасвирҳои кашидаи Амини Маҳмадалии 12-сола таваҷҷӯҳи аз ҳама бештарро ҷалб карданд.
Ширин Бунёд (Қурбонмаҳмадов Хушқадам Бунёдович), шоири халқии Тоҷикистон дар синни 70-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Мақомоти Бадахшон мегӯянд, ҳамлаварон аз амали худ изҳори пушаймонӣ кардаанд.
Дар Хоруғ таҳти унвони «Помиринвест-2011» форуми сармоягузорон ва созмонҳои кӯмакрасон ифтитоҳ ёфт.
Раиси Додгоҳи вилояти Бадахшон Саидмусаллам Шомусалламов иттиҳоми ришвагирии кормандони худро рад кард.
Як гурӯҳи номаълум бо ҳамла ба додгоҳ ва додситонии Бадахшон кормандони додгоҳи вилоятро лату кӯб кардааст.
Ширкатҳои сайёҳии Бадахшон хостори боз будани Сарез барои ҳама сайёҳони дохиливу хориҷӣ шуданд.
Додситонии ноҳияи Рушон парвандаи ҷиноиро нисбати раиси комиссияи интихоботии ҷамоати Рушони ин ноҳияи Ҳокимшо Мирзошоев, ки ба тақаллубкорӣ муттаҳам гардида буд, қатъ кард.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯшон ба додгоҳ муроҷиат намуда, аз сокини деҳаи Шуҷанд Ватаншо Ғуломшоев ва гурӯҳи ҳамдеҳагонаш рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи як миллион сомониро талаб доранд.
Ба 60 тан ҷавони афғонӣ шаҳодатномаи Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ тақдим шуд.
Раёсати гумруки ВМКБ бо нигаронӣ аз коҳиши бесобиқаи интиқоли мол аз гузаргоҳи марзии Қулма, идораҳои марбутаи кишварро аз хатари иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии боҷи гумрукӣ огоҳ кардааст.
Дар Хоруғ сафи пиёдагардон якбора зиёд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нақлиёти асосии мусофиркаши шаҳр- «Тангем» -ҳо кӯчаву бозорҳоро пур кардаанд.
Ҳар рӯз даҳҳо нафар занг мезананд ва аз сар задани сӯхтор хабар дода, хостори кӯмак мешаванд.
Ёфтҳои бештар