Амин бештар аз табиат илҳом мегирад ва дар боғ низ дар ҳузури тамошогарон манзараи зебои гӯшаи боғро иборат аз растаи дарахтони арар рӯи коғаз овард.
Ин рассоми хурдсол мехоҳад, ки бо аробачаи маъюбӣ ва ҳунараш дар оянда дили мухлисони шаҳрҳои калонро тасхир кунад.
Вале наздикон ба орзуҳои ширину кӯдакони Хуршед бо табассуми ғамангез менигаранд, зеро Хуршед яке аз он кӯдакони маъюб дар Бадахшон аст, ки ҷиҳати набуди шароит ва мутахассис аз муассисаҳои таълимӣ берун монданд.
Ба гуфтаи роҳбари Анҷумани волидайни кудакони имконияташон маҳдуди «Савоб» дар шаҳри Хоруғ, Лайло Нафасшоева, танҳо дар маркази Бадахшон зиёда аз 80 кӯдаки имконияташон маҳдуди то 14-сола зиндагӣ мекунанд, вале фақат се-чор нафарашон ба таълиму тарбия дар макотиб фаро гирифта шудананд.
Ба гуфтаи ӯ, волидайни як маъюби боистеъдод, ки ба хондан шавқу ҳаваси зиёд дошт, пас аз се бор шикастани аробачаи маъюбияш ҳангоми ворид шудан ба синфхона аз иқдоми идомаи таҳсили писарашон даст кашидаанд.
Роҳбари Анҷумани “Савоб”мегӯяд, онҳо зимни як муроҷиатнома ба ширкатҳои сохтмонӣ талаб кардаанд, ки макотиб дар вилоят дар оянда бо назардошти ниёзи кӯдакони маъюб сохта шаванд, то ин гуна кӯдакон низ битавонанд аз ҳуқуқҳояшон истифода карда тавонанд.
Аммо алҳол муҳити хонаводагӣ барои бештар кудакони маълул ягона манбаи муошират боқӣ мемонад ва онҳо рӯзҳои дарози дилгиркунандаро дар хона гузаронида, бисёр вақт бе муроқибат ҳам мемонанд.
Ба гуфтаи Солим, додарчааш Амин ҳам баъзан танҳо мемонад, вале наздикон дилпур ҳастанд, ки ӯ бо рассомӣ вақти худро рангоранг месозад. Устоди Амин дар бахши рассомӣ, омӯзгори литсейи Оғохон, Зулфия Ноёбшоева аст, ки бидуни музд ба якчанд нафар кӯдакони маъюб машғулият мегузаронад.
Ба гуфтаи Зулфия барои рассом шудан истеъдоди модарзодӣ ва ё шавқу рағбат доштан лозим аст, аммо вай ҳардуи ин хислатро дар шогирадаш Амин мушоҳида кардааст.
Алҳол муҳити хонаводагӣ барои бештари кӯдакони маълул танҳо манбаи муошират боқӣ мемонад...