Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Ширин Бунёд


Зиндаёд Ширин Бунёд
Зиндаёд Ширин Бунёд

Ширин Бунёд (Қурбонмаҳмадов Хушқадам Бунёдович), шоири халқии Тоҷикистон дар синни 70-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Маросими видоъ бо ӯ имрӯз, 4-уми июл, дар зодгоҳаш -- деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа баргузор мешавад.

Ҳафтод сол пеш аз ин, дар Бадахшон дар қатори кӯдакони даврони ҷанг тифле ба дунё омад, ки баъдан бо китобҳои "Бомдод", "Зартеғ", "Шоҳи Тирандоз", "Шерозаи Ваҳдат", "Об, замин ва одамон" ва "Поси хотир" дар дили хонандагон ҷо гирифтааст.

Ширин Бунёд пас аз хатми донишгоҳ чанд сол дар вазифаи ҷонишини роҳбари театри мусиқӣ-мазҳакавии Хоруғ кор карда, соли 1976-ум ба ҳайси мудири шуъбаи маориф ва маданияти рӯзномаи вилоятии "Бадахшон" кор кардааст.

Ба гуфтаи устоди донишгоҳи Хоруғ, Лаълҷуббаи Мирзоҳасан, маҳз дар ҳамин давра бо ибтикори Ширин Бунёд "Маҳфили адибони Бадахшон" таъсис ёфта, бештар аз 40 чеҳраи шинохтаи эҷодиро ба камол расондааст ва 8 аъзои маҳфил соҳиби маҷмӯаҳои назму наср ва узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон мебошанд.

Ширин Бунёд узви садорати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буда, раҳбарии бахши вилоятии ин иттиҳодияро дар Бадахшон ба ӯҳда дошт.

Бори охир маҳфили адибон дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсола дар аёдати шоир дар хонаи урфиаш дар деҳаи Риҷист баргузор гардид.

Шоир дар яке аз шеърҳои худ мегӯяд:

Кистам ман?
Тоҷики меҳрошноям.
Хешро бисёр ҷустам аз нишебу аз фарозон,
Аз ғаму шодии ёрон, аз китоби бахти одам,
Аз баҳору аз хазонҳо, аз талошу кашмакашҳо.
Аз сари гардони гардун, гардиши айёму одам.

Кистам ман?
Тоҷики меҳрошноям.
Оқибат пайдо намудам хешро аз дӯстиҳо,
Аз каломе, аз саломе, аз китобе, аз хитобе,
Аз камоле, аз заволе, аз хатое аз савобе,
Аз тулӯи субҳи иқболу ҷилои офтобе.

Адибони Бадахшон Наврӯзи гузаштаро дар манзили Ширин Бунёд таҷлил карданд

Манзили зисти марҳум Ширин Бунёд

XS
SM
MD
LG