Ба гуфтаи роҳбари ширкати саёҳии «Сарез» Нурмуҳаммади Розиқ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои сафар ба Сарез барои сайёҳони хориҷӣ боис гардидааст, ки хоҳишмандони зиёде аз тамошои ин мӯъҷизаи табиат бенасиб мемонанд ва аз сӯи дигар ба хазинаи ширкатҳои сайёҳӣ хисорот ворид мешавад. Вай гуфт, ки шурӯъ аз солҳои 90-ум, сайёҳони зиёде ба Сарез сафар карданд, вале пасон Сарез объекти стратегӣ эълон гардид. Акнун танҳо он шаҳрвандони хориҷӣ ба Сарез рафта метавонанд, ки мехоҳанд дар ин ҷо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом диҳанд ва барои ин бояд иҷозатномаи махсуси кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишварро дарёфт кунанд.
ДАЛЕЛ ЧИСТ?
Дар посухи мақомоти кишвар ба номаи ширкатҳои сайёҳӣ, бад будани ҳолати роҳ, нигаронӣ аз амнияти шаҳрвандони хориҷӣ бинобар дар ҷойи зилзилаи шадиди эҳтимолӣ қарор гирифтани Сарез ва муҳайё набудани шароит барои буду боши сайёҳон дар кӯл аз сабабҳои ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои саёҳат ба Сарез барои сайёҳони хориҷи кишвар арзёбӣ гардидааст.
Аммо ба гуфтаи Нурмуҳаммади Розиқ ин далелҳо барои ҷорӣ намудани маҳдудияти саёҳат ба Сарез сабаб шуда наметавонанд. Зеро роҳ ба сӯи Сарез бо кӯмаки созмонҳои байналмиллалӣ таҷдид шуда, сайёҳон ҳозиранд 18 километр пайроҳаи пиёдагардӣ боқимондаро аз деҳаи Барчидев то кӯл бо мароқ тай кунанд. Вай афзуд: «Дар кӯл заврақ ҳаст барои шиноварӣ, боз дар як гӯшаи кӯл ҷангал ҳам ҳаст, моҳӣ ҳам дошта мешавад ва сайёҳон метавонанд, тамошо кунанд, дам гиранд.»
ҲАВАСИ САРЕЗ БА ЗАРОШКӮЛУ УЧКӮЛ МЕБАРАД
Ба иттилои ширкатҳои сайёҳӣ, шумораи дӯсторони тамошои кӯлҳои баландкӯҳӣ, ки ҳанӯз сайёҳони нахустин онҳоро «чашмони нилгуни Помир» номидаанд, сол ба сол меафзояд. Аммо айни ҳол бештари иштиёқмандони тамошои кӯли Сарез, ки бинобар мавҷудияти маҳдудиятҳо наметавонанд, ба он ҷо сафар кунанд, ҳаваси тамошояшро бо моҳидорӣ ва саёҳат дар кӯлҳои кӯчактари воқеъ дар паҳлӯи он мешикананд. Нурмуҳаммади Розиқ мегӯяд, сайёҳон аз паҳлӯи Сарез убур намуда, ба кӯлҳои Зарошкӯл, Учкӯл ва Булункӯл мераванд.
Ба гуфтаи мутахассиси ассотсиатсияи сайёҳии экологиву фарҳангии Помир дар Хоруғ Роҳила Назарбекова, мавҷудияти маҳдудияти сафар ба Сарез борҳо дар роҳи афроде ҳам, ки мехостанд ба мақсадҳои таҳқиқотӣ ба он ҷо раванд, монеа гардидааст. Вай гуфт: «Дар ин рӯзҳо ду нафар шаҳрванди Фаронса ба мақсадҳои таҳқиқотӣ ба кӯли Сарез рафтанӣ шуданд, аммо натавонистанд. Онҳо аз вазорати маориф мактуб доштанд, вале иҷозатномаи кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро дарёфт карда натавониста пас гаштанд ва маблағашон ноистифода монданд.»
Аммо Елте Батлер, як шаҳрванди хориҷӣ, маҳдудияти сафар ба Сарезро монеаи сунъӣ мешуморад. Вай гуфт, сайёҳон намедонад, ки чӣ қадар маблағ ва ба кӣ пардохт кунад ва бинобар ин номуайянӣ, аз сафар ба Сарез худдорӣ меварзанд.
"АЗ ЛИНГИ МУРЧА КАБОБ КАРДАН?"
Аммо ба фикри коршиносони маҳаллӣ, маҳдудияти сафар ба Сарез на ба хотири тадобири амниятӣ, балки ба мақсади назорати молиявии ин бахши сайёҳӣ зуҳур карда, масали шуғнонии «аз линги мурча кабоб кардан»-ро ба хотир мебиёрад.
Зеро ҳуқуқи муҷаввиз доданро метавонистанд дар ихтиёри ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилоят ҳам гузоранд. Вале дар ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон гуфтанд, ки барои шаҳрвандони кишвар барои сайёҳат ба Сарез ягон монеа вуҷуд надорад, аммо шаҳрвандони хориҷӣ танҳо ба мақсади анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва бе парпдохти ягон музд бо иҷозатномаи кумита метавонанд ба Сарез сафар кунанд.
ЧАРО САЙЁҲАТ БА САРЕЗ МАРМУЗ БОШАД?
Ба гуфтаи мутахассисон, сарбанди табии зиёда аз 2 километраи кӯлро бо тоннаҳои динамит ҳам таркондан ғайриимкон буда, сайёҳонро роҳбаладони маҳаллӣ ва мутахассисон ҳамроҳӣ мекунанд. Аммо агар кӯл барои таҳқиқотчиён кушода бошад, пас чӣ сирри дигаре ниҳон ҳаст, ки барои сайёҳони оддӣ он бояд мармуз бошад?
Маҳдудияти сафар ба Сарез дар ҳоле амал мекунад, ки аз минбарҳои баланд оиди аҳамияти кӯл ва ба нафъи кишварҳои ҳамсуд мавриди истифода қарор додани захоири оби нодири он сухан мегӯянд. Ба андешаи масъулини ширкатҳои сайёҳӣ дар Бадахшон, бардоштани маҳдудияти сайёҳат ба Сарез на фақат аз лиҳози иқтисодӣ, балки барои муаррифии бештари ин мӯъҷизаи нодири табиат ва захоири он муфид хоҳад буд.