Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи пули нав миёни Тоҷикистону Афғонистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо ширкати раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, пуле дар фарози рӯди Панҷ, воқеъ дар маҳалли Хумроғии ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳ шуд.

Ин чорумин пули иртиботӣ бар фарози рӯди Панҷ аст, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи Бадахшон бо ҳам мепайвандад. Пули мазбур бо 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағи Ташкилоти Оғохон
Сохтмони кулли пулҳо бар фарози рӯди Панҷ бо маблағгузории созмонҳои байналмиллалӣ анҷом шудааст...

оид ба рушд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаст.

Қаблан чунин пулҳо дар навоҳии Дарвозу Ишкошим ва маҳалли Теми Хоруғ сохта шуданд. То ба ҳол пулҳои иртиботии байни Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақа 16 ҳазор нафар убур карда, тавассути онҳо болиғ бар 6 миллион доллар молу коло интиқол шудааст.

Дар канори пулҳо ба манзури мусоидат ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ бозорҳои марзӣ таъсис ёфтаанд. Тибқи омор ҳафтае як маротиба наздик ба якуним ҳазор сокини деҳоти марзӣ дар ин бозорҳо барои табодули мол ҷамъ мешаванд.

Бозоршиноси ҷавон Рамадон Рамадонов, мегӯяд, бо пайвастани роҳи нақлиёти Тоҷикстон таввассути долони Вахони Афғонистон ба Покистон аҳамияти ин пулҳои иртиботӣ боз ҳам меафзояд. Вай гуфт: "Айни ҳол дар бозорҳои вилоят бештар моли чиноӣ савдо мешавад. Вақтҳои охир масолеҳи сохтмонӣ ва маводи истеъмолии истеҳсоли Покистон ҳам ба бозорҳо ворид мешавад. Бо кушодани роҳ ва пулҳо бозорҳо пуртар ва нархҳо арзонтар мешаванд."

Сохтмони кулли пулҳо бар фарози рӯди Панҷ бо маблағгузории созмонҳои байналмиллалӣ анҷом шудааст. Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоле ки тавони ҳукумати Тоҷикистон дар бунёди пулҳои иртиботӣ зиёд нест, аммо мақомот тавонистаанд барои робитаи бештари кишвар бо давлатҳои ҳамсоя аз имконоти молии созмонҳои байнулмилалӣ истифода кунанд.

Ба гуфтаи журналист Парвонаи Фаррухзод, қаблан Бадахшон барои иртиботи ҳамлу нақлии доимӣ доштан ҳатто бо макази ҷумҳурӣ мушкилот дошт. Вай афзуд, бо баста шудани ағбаи Хобу Рубот ҳангоми пеш омадани зарурат сокинон маҷбур буданд, ба воситаи вилояти Уши Қирғизистон байни манотиқи вилояту ҷумҳурӣ равуо кунанд. Аммо акнун роҳҳо ва пулҳо ба сӯи кишварҳои ҳамҷавор ҳам боз шуданд.

Котиби намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Нисор Аҳмадӣ мегуяд, тоҷирони афғон тавсассути пулҳои иртиботӣ бар фарози рӯди Панҷ ва гузаргоҳи марзии Қулма расондани молу колои чиноиро ба
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон литсейи президентиро ифтитоҳ кард...
вилоёти Афғонистон роҳи аз ҳама камхарҷи тиҷоратӣ мешуморанд. Вай афзуд, ки бо бардошта шудани монеаҳои фаннӣ интиқоли тронзитии моли чиноӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон ба вилояти Бадахшони Афғонистон шурӯъ мешавад.

Дар солҳои пеш аз истиқолият дар минтақаи Бадахшон ҳамагӣ як пул дар ноҳияи Ишкошим воқеъ буд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайваст. Он ҳам дар солҳои ҳузури нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон ва бештар ба мақсади интиқоли лавозимоти низоми бунёд гардида буд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пули нави болои рӯдхонаи Панҷ дар маҳалли Теми Хоруғ қаблан баҳсҳои зиёдеро ба бор овард ва бархе мегуфтанд, ки он ба роҳи ошкори интиқоли маводи мухаддир табдил хоҳад ёфт. Аммо воқеияти зиндагӣ ин нигарониро аз байн бурда, пулҳои нави фаромарзӣ сохта шуданд ва айни ҳол аз болои онҳо корвони пурбори автомашинаҳо бо молу мавод равуо доранд.

Ҳамчунин, тавссути як барномаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба беморони вазнини деҳоти марзии Афғонистон, ки аз ҷониби созмонҳои байналмулалӣ маблағгузорӣ мешавад, пизишкони беморхонаи Хоруғ ва навоҳӣ имкон доранд, ки тавассути ин пулҳо оҷилан худро ба хидмати ниёзмандони табобат дар он сӯи марз бирасонанд.
XS
SM
MD
LG