Ин дар ҳолест, ки ҷавонони норозӣ кормандони додгоҳи вилоятиро ба ришваситонӣ дар робита бо парвандаи Қаюм Раҳмихудоев айбдор кардаанд.
Аммо раиси Додгоҳи вилояти Бадахшон Саидмусаллам Шомусалламов гуфт, ки таҳқиқи ин иттиҳом ҳақиқатро рӯи об хоҳад баровард: “Ман барои кормандонам зомин мешавам, ки кормандонам тозаанд ва дар робита бо парвандаи мазкур касе пора нагирифтааст ва ба ин бовар дорам, раиси вилоят ҳам гуфтанд, ки қазияро таҳқиқ кунанд. Онҳое, ки ба додгоҳ тӯҳмат карданд, бояд муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”
Ба гуфтаи раиси додгоҳ мақомоти тафтишоти парвандаро на аз рӯи модаи куштор дар ҳолати худдифоӣ, балки куштори амдӣ ба додгоҳ фиристодаанд, ки маҳрумият аз озодиро ба муддати аз 8 то 12 сол пешбини мекунад. Додгоҳ дар ин замина ҳуми қонунӣ баровардааст. Вале, гуфт раиси додгоҳ, агар адолат сарфи назар шуда бошад, бо ҷурми мақомоти тафтишотӣ рух додааст.
Дар ҳамин ҳол Қодири Қосим, раиси вилояти худмухтори Бадахшон бо тазоҳуркунандагони назди шаҳрдории Хоруғ мулоқот кард.
Ӯ гуфт, ки дар робита бо ҳодисаи ҳамла ба бинои додгоҳи Бадахшон ва ришваситоӣ парванда боз шудаанд. Вай афзуд, ки мавҷудияти ришватситониро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳ инкор намекунад, аммо сабабҳо ва оқибатҳои ҳамла ба бинои додгоҳи вилоят бояд дар асоси қонун ва ҳусни тафоҳум ҳал шаванд.
Субҳи имрӯз ҳудуди 200 нафар аз сокинони Бадахшон дар назди бинои ҳукумат дар эътироз ба ҳукми додгоҳ нисбат ба Қаюм Раҳмихудоев, ки 9 ба мӯҳлати сол маҳкум шудааст, таҷаммӯъ намуданд.
Дар мулоқот бо раиси вилоят пешниҳод шуд, ки аз байни тазоҳуркунандагон 10 нафар интихоб шуда, талабҳояшон бо намояндагони мақомот баррасӣ шаванд. Яке аз талабҳои гирдиҳамомадагон бозбинии парвандаи ҷиноии маҳкумшуда ба муддати 9 сол мебошад, ки ба гуфтаашон кушторро дар ҳолати худдифоъӣ анҷом додааст.
Дар гиридиҳамои бархе аз баромадкунандагон аз ҳодисаҳои қонуншикании мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуданд. Модари як боздоштшуда гуфт, ки фарзандаш бидуни огоҳӣ аз тарафи кормандони раёсати амнимяти миллӣ боздошт шуда, мурофиаи додгоҳиаш на дар зодгоҳаш - ноҳияи Рушон, балки шаҳри Душанбе идома дорад. Ба гуфтаи як баромадкунанда, дар робита бо ҳодисаи рӯзҳои охир дар шаҳр кормандони мусаллаҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бархе аз ронандагон ва мусофирон, аз ҷумла ронандаи раиси шаҳри Хоруғро ғайриқонунӣ боздошт ва нисбаташон муомилаи дурушт карданд.
Дар майдони назди шаҳрдорӣ ҳудуди 200 нафар ҷамъ омада буданд ва пас аз баромади раиси вилоят пароканда шудаанд.
Додгоҳи шаҳри Хоруғ ин нафарро ба 9 соли зиндон маҳкум кард, ки дар ниҳоят мояи нигаронии ҷавонони бадахшӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 10 июн, як гурӯҳи ҷавонони норозӣ бо ҳамла ба додгоҳ ва додситонии Бадахшон кормандони додгоҳи вилоятро лату кӯб карданд
Мақомоти интизомии вилояти Бадахшон гуфтанд, гурӯҳи номаълум ба бинои Додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамла овард. Онҳо вориди утоқҳои корӣ шуда, чизу чора ва таҷҳизоти дохили утоқҳо, аз ҷумла мизу курсӣ ва комютерҳоро шикастанд ва зарари умумӣ ба гуфтаи мақомот, 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамлаварон ҳамчунин Холиқ Халилов, муовини раиси додгоҳи Бадахшон, Акбар Сафаров, додгустар ва як шаҳрвандро, ки дар дохили бино қарор доштааст, латукӯб намудаанд, ки дар натиҷа ҳарсеи онҳо ба беморхона афтоданд. Гурӯҳи ҳамлагарон ҳамчунин шишаҳои пеши додситонии шаҳрро шикаста, ба бино зараре расондаанд, ки 3 ҳазор сомонӣ баровард шудааст.
Ба иттилои Мизроб Доробов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон, айни ҳол ҳувияти 20 нафар аз ҳамлаврон маълум шуда, барои боздошти гумонбаршудагон гурӯҳи фаврӣ таъсис ёфтааст:
Мақомоти интизомии вилоят аз додани иттилоъ доир ба теъдоди афроди боздоштшуда худдорӣ карданд, вале чун аз шиносоӣ шудани 20 нафар сӯҳбат мекунанд, эҳтимол меравад, дар ҳамла издиҳоми мардум ширкат кардааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ дар ин ҳамла наздик ба 30 нафар ширкат доштаанд.
Ҳамла ба биноҳои додгоҳ ва додситонӣ бо анҷоми мурофиаи додгоҳии Қаюм Раҳмихудоев сурат гирифт. Номбурда дар куштор муттаҳам шудааст. Додгоҳ ӯро барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кард ва аммо ҷонибдорони маҳкумшуда, ҳукмро ноодилона хондаанд, зеро ба фикри онҳо, маҳкумшуда шахси дигарро, ки ба манзилаш даромадааст, дар ҳолати дифоъ аз худ куштааст ва додгоҳ ин ҳолатро ба назар нагирифтааст.
Тибқи овозаҳо, нафаре аз кормандони додгоҳӣ ба ивази маблағи муайян, ҷазои сабуктарро барои айдоршаванда ваъда дода будааст. Аммо иҷро нагардидани ваъда ва эълони ҳукм, сабаби сар задани ҳодиса шудааст. Манбаъҳое, ки хабарнигори Озодӣ бо онҳо дар тамос шуд, мавҷудияти чунин овозаҳоро дар шаҳр таъйид карданд. Аммо бархе аз афрод ба ин овозаҳо бовар надоранд ва онҳоро ғаразнок мешуморанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ин воқеа ҳеҷ гуна изҳороти расмӣ пахш накардааст.