Ба гуфтаи сардори шӯъбаи ташкил ва назорати Раёсати гумруки вилоят Муҳиддин Ҷумъаев, гузаргоҳ ҳамасола моҳи май, вале имсол каме тезтар дар ҳафтаи охири моҳи апрел боз шуд, аммо ”ба ғайр аз 7 василаи нақлиётӣ бо бори тиҷоратӣ, 15 адад автомашинаҳои холии тамғаи гуногуни сабукрав ва калон барои иҷрои корҳои хизматрасонӣ ворид шуданд, ки шаҳрвандони кишвар харид карданд, вале гардиши нақлиёт дар гузаргоҳ хеле коҳиш ёфтааст.”
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд соли ахири фаъолияти гузаргоҳи марзии Қулма, воридоти мол фақат дар як моҳ қариб ба 5 миллион доллар баробар будааст.
ТОҶИРОН МАСИРИ ҚИРҒИЗИСТОНРО АФЗАЛ МЕШУМОРАНД
Ба иттилои мутахассисони раёсати гумруки Бадахшон, коҳиши воридоти мол дар гузаргоҳи марзии Қулма ба авҷи воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи марзии Қирғизистон аз тариқи роҳи Ҷиргатол рост омадааст.
Ҷаноби Ҷумъев боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва қариб 200 километр кӯтоҳтар будани роҳи байни Қошғари Чин ва Душанбе ва хубтар будан ҳолати нигаҳдории онро сабаби рӯ овардани тоҷирон ба масири Ҷиргатол номид. Ин ҳам дар ҳоле, ки тавассути ин роҳ тоҷирон маҷбур мешаванд, аз ҳудуди Қирғизистон низ гузаранд.
Аммо ба гуфтаи намояндаи тиҷоратии Бадахшон дар вилояти Қошғари Чин Хоник Убайдуллоев, ахиран ҷониби Қирғизистон бо дарки манофеи иқтисодӣ аз гардиши васоити нақлиётии тронзитӣ, ашхоси дурушт муомиларо аз нуқтаҳои назоратӣ дар ҳудуди хеш барканор намуд. Вай афзуд, ки фароҳам сохтани шароити созгортар, содда шудани тасдиқи асноди гумрукӣ аз сабабҳои дигари афзоиши таваҷҷуҳи соҳибкорони тоҷик ба гузаргоҳи марзии кишвари ҳамҷавор шудааст.
ШИКОЯТ АЗ ПАРДОХТҲОИ КАМАРШИКАН
Соҳибкори тоҷик Нигина Ватанбекова ҳамчунин аз он мегӯяд, имсол аксари тоҷирони Бадахшон аз сафар ба Чин худдорӣ варзиданд. Вай баланд рафтани нархи хизматрасонии нақлиёти боркашони чинӣ ва қариб ду маротиба афзоиш ёфтани пардохти гумрукиро сабаби нотавонии тоҷирони маҳаллӣ арзёбӣ намуд. Вай гуфт: “ Расман гуё ба расмиятдарории гумрукӣ баланд нашудааст, вале агар пештар барои растаможкаи як комиюн бор қаблан 3, 5 то 4 ҳазор доллар пардохт мекардем, ҳоло растаможка ба 6 ҳазор доллар баробар шудааст. Баъди комиссияи ҷумҳуриявӣ талабот сахттар шудааст ва растаможка айни ҳол дар маркази ҷумурӣ осонтар аст.”
Соҳибкорони маҳаллӣ мегӯянд, ки агарчанде Бадахшон бо Чин ҳаммарз аст, вале барояшон акнун дастрас намудани молҳои чинӣ дар бозорҳои Душанбе ва дигар манотиқи кишвар арзонтар ба даст меояд. Соҳибкорон аз зиёд будани монеаҳо дар роҳи самти гузаргоҳи марзии Қулма низ шикоят мекунанд.
Ба гуфтаи сардори шӯъбаи ташкил ва назорати гумрукӣ Муҳиддин Ҷумъаев, ба мақсади соддатар кардани асноди гумрукӣ ва таҳияи хадамоти гуногун дар гузаргоҳи марзӣ, ба мақомот пешниҳодот карданд: ”Масалан, воридоти маводи ғазо аз Чин ҳамагӣ 2 фоизро ташкил дода, он ҳам бештар биринҷ будааст, гӯшту чорво ворид намегардад. Хуб аст агар байториву дигар хадамоти зарурӣ ба мисли фитосанитарӣ, ки барояшон дар марз шароит муҳайё нашудааст, фақат дар як ҷо, дар ноҳияи Мурғоб фаъолият мекарданд.”
ҚУЛМА ДАР "ИНТИЗОР"-И МУСОФИРОН АСТ
Собиқ сардори АБАТ (Ассотсиатсияи байналмиллалии боркашонии Тоҷикистон) дар вилоят Давлатназар Қурбонбеков мегӯяд, ки вазорати нақлиёт идораи онҳоро барҳам ва вазифаҳои онро ба хадамоти давлатии назорати автомобилӣ дод, вале боз дар дар ин масир идораи дигар бо номи АМБАТ фаъол шуд, ки маълум нест, ки ба чӣ коре машғул аст.
Ба гуфтаи коршиносон дар ҳоле, ки дар гузаргоҳи марзии Қулма сафи хадамоти «луқмагиранда» меафзояд, соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ роҳҳои соддатар ва арзонтару осонтари воридоти молу колои чиниро ба бозорҳои кишвар интихоб мекунанд ва «дарвозаи тиллоӣ»-и марзи Тоҷикистону Чин интизори мусофирон во мемонад.