Муовини раиси ҲНИТ Муҳамадалии Ҳайит дар конфронси вилоятии ҳизб, ки дар Хоруғ баргузор шуд, баён дошт, аъзои садорати марказии ҳизб, ки ба манзури ширкат дар конфронси вилояти ба муддати чанд рӯз дар Бадахшон сафар доштанд, ҳанӯз аз ноҳияи Ванҷ таҳти пайгард ва фишор қарор гирифтанд ва чунин муносибатро дар Хоруғ ва Ишкошим ҳам эҳсос карданд.
Ба гуфтаи Муҳаммадалии Ҳайит, дар маркази вилоят дар гуфтугӯ бо намояндаи идораи амният онҳо омодагиашонро
барои мулоқот ва ҳамкорӣ бо роҳбарони мақомоти вилоятӣ изҳор доштанд. Вале мақомоти вилоятӣ анъанаи парҳез кардан аз мулоқот бо роҳбарони Ҳизби наҳзатро шикаста натавонистанд ва аз ҷониби онҳо ишорае ҳам нашуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Муҳамадалии Ҳайит, ҲНИТ чун як ҳизби сиёсии саршинос барои сулҳу субот ва пешрафти кишвар худро масъул мешуморад.
Мирсаид Шораҳматуллоев, як узви ҳизб аз ноҳияи Шуғнон баён дошт, ки дар арафаи баргузории конфронс, маъмурини идораи амниятии ноҳия бо раиси деҳа ва намояндаи рӯҳониини маҳал ба наздаш омаданд ва вайро барои тарки ҳизб ташвиқ намуданд.
Ба гуфтаи Маҳмадалии Ҳайит, чунин муносибат онҳоро маҷбур ба рондани як «меҳмони нохонда»-е кардааст, ки бидуни муаррифӣ дар конфронсашон ҳузур ёфт, аммо маълум гардид, ки корманди идораи амният будааст.
Дар конфронс Сабзалӣ Мамадризоев, раиси нави бахши вилоятии ҲНИТ интихоб гардида, 10 нафар вакил ба анҷумани навбатии ҳизб пешбарӣ шуданд.
Бахши вилоятии Ҳизби наҳзат зиёда аз як сол боз роҳбар надошт. Бархе инро заъфи фаъолияти ҳизб пас аз марги нобаҳангоми собиқ раиси бахши вилоятии ҳизб Сироҷ Калонов арзёбӣ карданд. Завқибек Раҳмонов, раиси ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ гуфт, собиқ раиси бахши вилоятии ҳизб Сироҷ Калонов пас аз ширкат дар иҷлосияи ноҳиявӣ, ногаҳон худро бад ҳис карда, ба бемористон уфтод ва пас аз чанд рӯз вафот кард.
Аммо мувини раиси ҲНИТ баён дошт, ки тайи ин муддат дар таъйини раиси нави ҳизб ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошта, бо паси сар шудани мӯҳлати санҷиш, Сабзалӣ Мамадризоев боварии аъзои ҳизбро ба даст овард ва раис интихоб гардид.
Муҳаммадалии Ҳайит бо нигаронӣ аз таъқиб ва пайгарди аъзои ҳизб изҳори таассуф кард, ки идораи амнияти кишвар ҳанӯз ҳам ҲНИТ-ро аз рӯйхати сиёҳ берун набаровардааст ва муомила бо ин ҳизби қонуниро ҳанӯз ҳам ба салоҳияти шӯъбаи махсуси мубориза бо террориз марбут медонад. Вай гуфт, аммо дар мавриди қазия Шуғнон аз маъмурини амниятии вилоят посухи расмиро талаб хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол масъулини бахшҳои ноҳиявии ҲНИТ аз раванди афзояндаи муҳоҷират ва таъсири он ба авзоъи ҷомеа, аз ҷумла коҳиши шумораи аъзои ҳибзашон сухан карданд. Гуфта шуд, танҳо дар ноҳияи Шуғнон ҳудуди бештар аз 10 ҳазор ва ё наздик ба 30 дар сади аҳоли муҳоҷир шудаанд, ки бештарашон ҷавонон ҳастанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби назҳат дар ноҳияи Ишкошим Наим Некбахтшоев изҳор дошт, ки собиқ раиси ин ҳизб бар асари душвориҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати дохилиро ихтиёр кард ва дар ноҳияи Данғара замин гирифта, ба хонасозӣ сар кард, вале маблағ наёфт ва маҷбур шуд ба Руссия равад.
Аммо узви раёсати ҲНИТ Акоша Кабирӣ таъкид кард, ки муҳоҷират наметавонад баҳона барои заъфи фаъолияти ҳизбӣ дар минтақа бошад ва аз ҷанбаҳои мусбати муҳоҷират ба нафъи ҳизб бояд истифода шавад.
ҲНИТ дар Бадахшон бештар аз 2 ҳазор узв дошта, қариб 500 нафарашон бонувон ҳастанд.