Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи ҳамла ба додгоҳ ва додситонии Бадахшон


Тазоҳурот дар назди бинои шаҳрдории Хоруғ, 15-уми июни соли 2011.
Тазоҳурот дар назди бинои шаҳрдории Хоруғ, 15-уми июни соли 2011.

Мақомоти Бадахшон мегӯянд, ҳамлаварон аз амали худ изҳори пушаймонӣ кардаанд.

Ба иттилои манобеи наздик ба мақомоти умури дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар робита ба ҳодисаи ҳамлаи гурӯҳӣ ба додгоҳ ва додситонии ин вилоят дар шаҳри Хоруғ 25 гумонбари ин ҳамла бозпурсӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки бештари ҳамлагарон афроди ҷавони то 25-солаанд, ки аз рӯи эҳсосот дар ҳаводиси ҳамла ба додгоҳ ширкат варзидааанд. Аммо аз байни онҳо 4 ё 5 нафар ангезандагон ва созмондиҳандагони ҳамла ба шумор мераванд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамлаварон ба гуноҳашон иқрор ва аз кардаашон изҳор пушаймонӣ намуда, айни ҳол аз ҳисоби онҳо ҷуброни зараре, ки ба бинои додгоҳи вилояти расонда шудааст, оғоз ёфт. Ба гуфтаи мақомоти умури дохилӣ, сабаб ва оқибатҳои ҳамла ба додгоҳ пурра таҳқиқ ва гунаҳкорон дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳамла ба бинои додгоҳи вилояти ба дунболи эълони ҳукм нисбати сокини шаҳри Хоруғ, Каён Раҳмихудоев, сурат гирифт, ки ба куштор муттаҳам гардида, ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба иддаоъи ҷонибдорони маҳкумшуда, Раҳмихудоев кушторро дар ҳолати худдифоӣ содир намуд ва худаш ба таври ихтиёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шудааст, аммо мақомоти тафтишот ва додгоҳ ғайримунсифона барояш ҷазои сангин таъин кардаанд.

Дар тазоҳуроте, ки дар майдони назди шаҳрдорӣ сурат гирифт, хешовандони маҳкумшуда гуфтанд, ки онҳо маблағ ҷамъ намуда, дар миён муомилаи ришватситонӣ низ вуҷуд доштааст, ки эҳтимол меравад ба эҳсосоти гурӯҳи ҳамлагар оташ рехтааст.

Аммо бо ваъдаи раиси Бадахшон, Қодири Қосим, дар мавриди расидагии боадолатона ба таҳқиқи сабабҳо ва оқибатҳои ҳаводиси рӯзҳои охир эътирозгарон майдони назди шаҳрдориро тарк карданд.

Дар пайи ҳамла ба бинои додгоҳи вилояти, ки 10-июн сурат гирифт, ҳамлагарон бо шикастани мизу курсӣ ва таҷҳизот ба бино ба маблағи бештар аз 23 ҳазор сомонӣ зарар расонданд. Ҳамчунин муовини раиси додгоҳ, ду додгустар ва як шаҳрванди одӣ, ки дар дохили бино қарор дошт, лату куб шудаанд. Дар натиҷа се нафар аз онҳо бо захмҳои гуногун бистарӣ гаштаанд.

Дар роҳи бозгашт ҳамлагарон шишаҳои бинои додситонии шаҳрро шикастанд, ки зарари он 3 ҳазор сомонӣ баровард шудааст. Дар робита бо ҳодисаи ҳамла ба бинои додгоҳи Бадахшон комиссиюни вижаи ҷумҳуриявӣ иборат аз намояндагони додситони ва умури дохилӣ ба Хоруғ сафар карда, дар ин ҷо ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG